Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афаридуну Ҷамшед ёдгор аст.
Ҷашни Сада ба монанди ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, ҷашни миллии тоҷикон буда, тамаддун, анъана ва оину суннатҳои ниёгонро дар худ нигоҳ дошта, то ба замони мо мустақилияти худро ҳифз намудааст. Таҷлил ва истиқбол аз ин ҷашни аҷдодӣ бешак аз худшиносию худогоҳии миллии ҳар як шахс шадҳодат медиҳад.
Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январи солшумории мелодӣ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо (дарозтарин шаби аввали моҳи Дай) ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти оини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.
Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифташуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро ташкил менамуд. Иди Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон одатан муждае аз наздик расидани баҳор меовард. Мардум, бахусус деҳқонон дар шаби Сада бори дигар бузургдошти Худои гармию фурӯғи миноӣ Митра (Меҳр)-ро ёдоварӣ намуда, ба поси он гулханҳои бузург меафрӯхтанд ва шодиву хушҳолӣ менамуданд. Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи Наврӯзро мерасонд.
Аз маълумоти боло дарк намудем, ки рамзи асосии ҷашни Сада пирӯзии некӣ бар бадӣ, рӯшноӣ бар торикӣ, ва гармӣ бар сардӣ мебошад. Аз ин лиҳоз дар омад-омади ин ҷашни аҷдодӣ мо бояд, кинаҳоро аз дил зудуда гардонида, барои фардои дурахшони Ватан орзуҳои нек карда, душманиро барҳам дода, сулҳу дӯстӣ ва иттиҳоду ҳамдилиро сармашқи зиндагӣ қарор диҳем.
Пеш аз ҳама, бояд ёдовар шуд, ки маълумот дар бораи пайдоиши ҷашни Сада дар “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ хеле муфассалтар ва пурмаъно дарҷ гардидааст:
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳрёр.
К-аз обод кардан ҷаҳон шод кард,
Ҷаҳоне ба некӣ аз ӯ ёд кард.
Чи тавре, ки Абуқосими Фирдавсӣ дар ин мисраҳои шеърӣ баён кардааст, Ҳушанг дар шикоргоҳ бо гурӯҳе аз ҳамроҳонаш гузар мекард, ки ногаҳон чашмаш ба мори сиёҳе дарафтод ва сангеро бардошта ба болои он ҳавола дод. Дар натиҷа санг ба санги дигар бархурда, дар ин вақт аз зарбаи ду санг оташ ба вуҷуд омад. Аз ҳамон рӯз онро нури хуршедӣ ном гузошта ва пайдоиши оташро ба Ҳушанг асос гузоштанд.
Боз дар ин боб муҳимтару маънодортар ин нукта аст, ки кашфи оташ аз тарафи Ҳушанг дар зимни тадбирҳои паёпайи ӯ оварда мешавад, ки аз рӯйи моҳият онҳоро метавон тамаддунофаринӣ унвон кард.
Ҷашни Сада дар сарчашмаҳои таърихӣ аз ҷумла дар “Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ”-и таълифи Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ чунин шарҳ ёфтааст: “Сада мансуб ба адади сад, ки аслан аз вожаи «садак»-и паҳлавӣ моя гирифта ва дар арабӣ сазақ ва садақ шуда, ҷашнест, ки дар баҳманрӯз аз баҳманмоҳ (шаби даҳуми баҳман) бо барафрӯхтани оташ, тайи маросими хоссе анҷом мегирад”.
Агар Хуршед бо нуру гармии худ ва фурӯзонии хеш ба зиндагии одамон гармӣ ворид карда бошад, пас оташу рӯшноӣ барои мунаввар сохтани қалби онҳо ва идомаи зиндагиашон асос гузошта, баъдҳо онҳо ба ду ҷавҳари муқаддас табдил ёфтаанд, ки дар устураҳо ҷанбаи парастишӣ пайдо кардаанд ва баъдҳо аз ҷониби мубадон ситоиш ва ниёиш ёфтаанд. Ба таври дигар, пас аз садсолаҳо он намои Ҳурмузд маҳсуб ёфта, дар оини зардуштӣ ҷойгоҳи хос дошт ва бо усулҳои мухталиф парастиш мегардид. Дар баробари ин ниёгони пешини мо рӯйи худро ба сӯйи оташ намуда, дастони худро ба сӯйи Хуршед мебурданд ва барои беҳбудии рӯзгори хеш аз оташу Хуршед мадад металабиданд. Ҳадаф аз ин ниёиш расидан ба Наврӯз ва омадани соли хуб барои кишту кор буд, ки дар давраи ибтидоӣ мақом ва ҷойгоҳи хос дошт. Ҳамин боварҳо буд, ки дар замонҳои хеле дури пеш аз мелод қавмҳои гуногун барои рӯзгори худ маросимҳо меофариданд ва хушҳоливу зиндагии баъдиашонро бо ин ҷашну маросим пайванд менамуданд, ҷашни Сада яке аз онҳост.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати Истиқлоли давлатӣ иди Сада аз нав эҳё гардида, ҳамасола онро дар ҷумҳурӣ 30-юми январ бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд.
Қосимов СУЛТОН
мудири хоҷагӣ