Ба муносибати «Рӯзи китоб» ва ҷашни умумимиллии «Истиқлолият» дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз 1 то 3 сентябр рӯзи «Дарҳои кушод» баргузор карда мешавад. Ин як анъанаест, ки ҳамасола баргузор мешавад ва тӯли ин се рӯз садҳо нафар толибилмон ба китобхона омада, аз толорҳои он дидан мекунанд ва ба фаъолияти он аз наздик ошнои пайдо мекунанд. Новобаста аз он, ки дарҳои ҳамаи толорҳои хониши Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамарӯза ба рӯйи хонандагон бозанд, вале дар ин рӯзҳо рӯзи ошноии хонандаҳое ба Китобхонаи миллӣ мебошад, ки бори нахуст ба остонаи он по мегузоранд. Дар «Рӯзи дарҳои кушод» кормандони масъули Китобхонаи миллии Тоҷикистон тамоми меҳмонону хонандагоне, ки ба китобхона ташриф меоваранд ба толорҳои хониш раҳнамоӣ намуда, ба онҳо роҳҳои ҷустуҷӯи адабиёт ва дархости китобро нишон медиҳанд, бо намудҳои хизматрасониҳои ройгону шартномавии Китобхона шинос мекунанд ва роҷеъ ба таърихи ин ганҷинаи бузург иттилоъ медиҳанд.

   Бояд гуфт дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон 3 толори намоишгоҳ фаъолият мекунад, ки дар фонди он китобҳои нодир, дастхатҳо, китобҳои чопи сангӣ, толори намоиши китобҳои даврони истиқлол ва дигар маводҳои гаронбаҳои таърихии кишвар ба маърази намоиш гузошта шудааст. Ба он меҳмонону сайёҳоне, ки дар рӯзи «Дарҳои кушод» ба китобхонаи миллӣ ташриф меоранд, оиди фонди тиллоӣ ва маводҳои гаронбаҳо маълумоти муфассал дода мешавад.

   Дар ин рӯзҳо ташкил ва баргузории намоишҳои китобӣ дар назар гирифта шудааст, ки китобҳои тозанашри нашриётҳои ҷумҳурӣ ва китобҳое, ки аз ҷониби Муассисаи Давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба нашр расидаанд, ба намоиш гузошта мешавад. Ҳамзамон аз ҷониби Шуъбаи матбуоти даврии Китобхона намоиши рӯзномаву маҷаллаҳои тозанашре, ки мавзӯҳои «Истиқлол», «Китобу китобдорӣ» дар саҳифаҳои он инъикос шудааст, ба намоиш гузошта мешаванд.

   Мақсад аз баргузории рӯзи «Дарҳои кушод» ҷалби таваҷҷуҳи омма ба китоб ва китобхона аст. Таъкид мекунем, ки роҳандозии ин гуна рӯзҳо дар Китобхонаи миллӣ ба ҳукми анъана даромадааст ва дар ҳамаи ҷашнҳои миллӣ меҳмонону сокинони кишвар имкон пайдо мекунанд, ки бо толорҳои хониши китобхона аз наздик ошнои пайдо намоянд.

   Месазад қайд кард, ки имрӯз 168 нафар омӯзгорону донишҷӯёни факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» аз ин намоиш дидан намуданд.

   Намоиши мазкур то санаи 3-сентябри соли равон идома дорад.

 

Наботов ШАРИФ

муовини декани факултаи

китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ