Сухани табрикии ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меҳмонони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, ин ҷашни муқаддаси миллӣ, ки равшанибахши роҳи миллат ба сӯи ояндаи неку дурахшон мебошад, самимона табрик мегӯям ва ба ҳар яки шумо хонаи ободу сари баланд орзу менамоям.

Тавре ҳамагон огаҳӣ дорем, моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун анҷумани сарнавиштсоз ва саодатбахши миллӣ сабт гардид, рамзи нахустини давлати соҳибистиқлоламон — Парчами давлатӣ қабул карда шуд. Ин парчами таърихӣ ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи июни  соли 2007, дар рӯзҳои таҷлили 15-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ  ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон супурда шуда буд, ҳифз гардидааст.

Бояд гуфт, ки миллати соҳибтамаддун ва дорои суннатҳои хеле қадимаи давлатсозиву давлатдории тоҷик, аз давраҳои бостонӣ соҳиби давлатҳои мутамарказ ва рамзу рукнҳои хоси онҳо буд. Дар ин маврид тасвиру хусусиятҳои хоси Дирафши Ковиёниро, ки ҳоло дар Ливои Президенти Тоҷикистон ҳамчун рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлати миллии мо инъикос ёфтаанд, хотирнишон кардан кофист. Ва албатта, боиси ифтихори ҳар яки мост, ки халқи тоҷик яке аз халқҳои соҳиби суннату анъанаҳои бостонии парчамдорӣ ба шумор меравад. Дар ин замина, метавон аз таърихи пурифтихори парафшонии парчамҳои Балхи бостонӣ, парчамбардории Кова, эҳтироми парчам аз ҷониби шоҳ Фаридун ва дигар сулолаҳои баъдинаи тоҷикон, ки нишонаи шаъну шарафи гузаштагони некномамон мебошад, ёдовар шуд.

Дар ин замина, хотирнишон месозем, ки дар деворнигораҳои шаҳри Панҷакенти бостонӣ, ки ба асрҳои 5-8 мансубанд, тасвири парчами суғдиёнро метавон мушоҳида намуд. Деворнигорае чунин манзара дорад: Рустам баъди мағлуб кардани аждаҳои одамсар бо ёронаш ҷонибе равона аст ва дар сари найзаи ду нафар аз онҳо парчамҳои зардранги сегӯша дида мешаванд.

Гузаштагони мо дар парчам рангҳои сурх, зард, бунафш ва кабудро якҷо бо рамзҳои мухталифи оини ҷавонмардиву тавоноӣ истифода менамуданд. Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати неруманд ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин, метавон ливои Коваи бузургро ба хотир овард, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад.

Аз ин лиҳоз, ҷашни Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин эҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расондаанд, мебошад. Яъне, ин эҳтиром ба рӯҳу равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳо абармардони дигари гузаштаи мост. Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳаммароми «Дирафши Ковиёнӣ»-и аҷдоди ориёитаборамон бо тобиши се ранг:  сурх — озодиву истиқлол, сафед — сулҳу оромӣ, сабз — ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.

Сокинони мамлакат санаи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҷашни умумимиллӣ аввалин маротиба 24 ноябри соли 2009 истиқбол гирифтанд. Бо назардошти ин ва ба хотири гиромидошти нақши созандаву муассири Парчами давлатӣ дар тарбияи ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус, насли наврасу ҷавон соли 2010 бо ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди манораи бузурги парчам дар пойтахти кишварамон оғоз ёфт ва он дар остонаи таҷлили ҷашни муқаддаси бистумин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар паҳлуи чапи Қасри Миллат ба баландии 165 метр барафрохта шуд. Баъдан ин мавзеъ «Майдони парчам» номгузорӣ гардид, ки ҳоло яке аз беҳтарин маконҳои сайру гашти сокинону меҳмонони пойтахти азизамон — шаҳри Душанбе ба шумор меравад.

Дар маросими барафрохтани Парчами давлатӣ дар ин майдон, ки бо паҳноӣ ва баландии бемислаш, вориди Китоби рекордҳои Гиннесс шуд, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ мардуми шарифи Тоҷикистон ва кулли тоҷикону ҳамватанони бурунмарзиро бо парафшон шудани Парчами давлатии кишвар табрику таҳният гуфта, зикр сохтанд, ки эҳтиром ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла парчам арҷ гузоштан ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад, зеро Парчам дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб мешавад.

Ба ҳар яки шумо саодати рӯзгор, сиҳатмандӣ ва иқболи баланд таманно менамоям.