28 декабри соли 2019 дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода  ҷаласаи васеи  Шӯрои олимони донишкада  бо иштироки М. Темурзода — сардори Раёсати илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, 29 нафар аъзои Шӯрои олимон ва устодону донишҷӯён  доир гардид.

   Дар  ҷаласа се масъала — Ҳисобот дар бораи  фаъолияти солонаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Точикистон ба номи Мирзо Турсунзода  дар соли  2019;  Тасдиқи Оинномаи нави донишкада;  Ҷадвали корбаст ва сохтори  ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода дар соли 2020 мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд.

  Аз рӯи масъалаи аввали рӯзномаи ҷаласа ректори донишкада, профессор Усмонзода Хайридин Усмон суханронӣ намуда, зикр сохт, ки ҳайати  профессорону устодон ва кормандони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода  дар соли ҷорӣ фаъолияти гуногунҷанбаи худро дар асоси сиёсати фарҳангии Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 26 декабри соли 2018, суханрониашон ба ифтихори Рӯзи дониш, аз 01. 09. 2019 бармеоянд, ба роҳ монда, амалӣ гардондани нишондодҳои «Барномаи тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг,  санъат ва табъу нашр барои солҳои 2018-2021» — ро сармашқи кори худ намуданд. Дар соли хониши 2018-2019 — ум 10 ҷаласаи Шӯрои олимони донишкада баргузор гардид. Дар ин ҷаласаҳо 37 масъалаи асосӣ ва 57 масъалаи ҷорӣматраҳ шуданд. Аксари масъалаҳо ҳалли мусбати худро ёфтанд. Бино ба иттилои ректори донишкада дар ин давра 11 ҷаласаи ректорат ва 33 ҷаласаҳои назоратӣ гузаронида шуда, 39 масъалаи асосӣ ва 33 масъалаи ҷорӣ баррасӣ гашт. Дар Шӯрои илмӣ-методӣ бошад, 13 ҷаласа гузаронида шуда, 18 масъалаи асосӣ ва 6 масъалаи ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

   Дар ин давра ҳайати  устодони донишкада  бо омӯзгорони дорои унвони илмӣ ва ҳунаридошта пурра  гардид. Айни замон  дар донишкада 95 нафар устодони  дорои дараҷаҳои доктору номзади  илм, ҳунармандони мардумӣ, ҳунарпешагони шоиста мебошанд, ки ин ба сатҳу сифати таълим  таъсири мусбат  мерасонад. Имрӯз ба истиснои баъзе аз кафедраҳои самти санъати мусиқӣ мудирони кафедраҳои дигари донишкада соҳиби унвонҳои илмию  ҳунарӣ мебошанд.

   Профессор Хайридин Усмонзода фаъолияти таълимии донишкадаро дар соли 2019 ба риштаи таҳлил кашида,  тазаккур дод, ки аз 1 то 10 октябри соли ҷорӣ  Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф  фаъолияти 5 — солаи донишкадаро дида баромад.  Аз ҷониби экспертони хадамот фаъолияти илмӣ-таълимии донишкада хуб арзёбӣ гардида, барои фаъолияти 5 соли минбаъда иҷозат дода шуд. Дар ин раванд, Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф   бо пешниҳоди роҳбарияти донишкада барои 5 ихтисоси нав дар зинаи бакалавр, 9 ихтисос дар зинаи магистратура ва 4 ихтисос дар зинаи доктор аз рӯи ихтисос (PhD) иҷозатнома доданд. Ихтисосҳои наве, ки дар зинаи бакалавр барои қабул иҷозат дода шуданд, аз кори ноширӣ, таҳсилоти ибтидоӣ (санъати мусиқӣ), WEB-журналистика, иттилоот ва робита бо ҷомеа ва санъатшиносӣ иборат мебошанд.

   Тавре иттилоъ дода шуд, як бахши муҳими фаъолияти донишкадаро робитаҳои байналмилалӣ ташкил медиҳанд.  Айни замон донишкада бо 26 донишгоҳу донишкадаи кишварҳои хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонда, дар доираи ин шартномаҳо ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ, эҷодиро идома дода истодааст.  Дар давраи ҳисоботӣ дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ Созишномаи ҳамкорӣ байни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Католикӣ дар Рузомбероки Ҷумҳурии Словакия таҳия ва ба имзо расонда шуд. Чунин созишнома бо Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати шаҳри Перми Федератсияи Россия дар арафаи имзо аст.

   Маврид ба зикр аст, ки аз 11 то 15 март  дар донишкада бахшида ба ҷашни 100 — солагии Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография ба номи С. А. Герасимов  «Рӯзҳои ВГИК дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  баргузор гардиданд. Дар доираи ин рӯзҳо нахустин Фестивали байналмилалии филмҳои кӯтоҳмуддати донишҷӯии “Қатра” доир карда шуд, ки донишҷӯёни кишварҳои Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Тоҷикистон ширкат   варзиданд.

   — Дар риштаи ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ оид ба дарёфти грантҳои хориҷӣ пешравиҳо назаррасанд,- иброз дошт Хайридин Усмонзода. -Тибқи супориши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти донишкада, бо мақсади мустаҳкам гардондани базаи моддӣ-техникӣ ва беҳтар намудани сифати таълим, вобаста ба гузариш ба низоми кредитии таҳсилот дар донишкада мунтазам лоиҳаҳо таҳия ва пешниҳод мегарданд.

   Барои тақвият бахшидани самти бойгоншиносӣ ва рушди осорхонаҳо лоиҳаи илмӣ таҳти унвони “Рушди фарҳанги Авруосиё дар ҳамкории донишгоҳҳо бо осорхонаҳо” таҳия ва барои мувофиқа равона карда шуд. Лоиҳаи мазкур миёни донишкада дар ҳамкорӣ бо Фаронса таҳия гардидааст. Лоиҳаи пешниҳоднамудаи донишкада дар мавзӯи «Фестивали байналмилалии «Шарқ ва Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиё дар ҳавзаи фарҳангии ИДМ» аз ҷониби МФГС (ХБҲГ) тасдиқ гардид. Инчунин, 3 лоиҳа ба Бонки ҷаҳонӣ барои дарёфти грант дар доираи лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” пешниҳод гардида, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дутои он пурра дастгирӣ ёфта, маблағгузорӣ хоҳанд шуд.

   Факултаи такмили ихтисоси донишкада  дар фаъолияти яксолаи худ 35 нафар бозомӯзонро  берун аз донишкада ва 336 кормандони донишкадро аз такмили ихтисос гузаронда,  бо таҷрибаи пешқадам ошно намуд, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мусоидат намуданд.

   Дар ҳисоботи соланаи ректори донишкада, ҳамчунин дар бораи иҷрои нақшаи қабул ба ихтисосҳои донишкада, равияҳои  нав кушодашуда, ҷалби довталабон ва хоҳишмандони хориҷ барои таҳсил кардан дар ихтисосҳои донишкада, бо ҷои кор таъмин шудани хатмкардагон ва қабули  хатмкунангон ба зинаи таҳсилоти магистратура ва доктор PHG, муҳайё сохтани шароити таҳсил аз қабили  бинои нави таълимӣ, синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо технологияи компютерӣ, фаъолияти ансамблҳои “Бунафша”, “Шашмақом”, “Фалак” “Асбобҳои халқӣ”, моҳномаи “Олами ҳунар” “Сомонаи донишкада” ва маҷалаи илмии “Фарҳанг ва санъат”, таъсиси студияи телевизион ва радио маълумоти муфассал дода шуд.

   Сипас, Гулназаров С. — декани факултаи  санъати мусиқӣ мардумӣ, Муъминҷонов  З. – мудири кафедраи журналистикаи телевизион ва         Темурзода М. —  сардори Раёсати илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба музокира баромада, перомуни ҳисоботи ректори донишкада табодули назар намуданд. Ҳисоботи солонаи ректори донишкада қаноатбахш ҳисобида шуд.

   Оид ба қабули Оинномаи нави донишкада, ки масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа буд, ноиби ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, профессор Раҷабмад  Амиров баромад карда, зарурати қабули ин ҳуҷҷатро дар гузаштани муҳлати Оинномаи қаблӣ ва талаботи нав вобаста ба раванди таълим шарҳ дод. Сипас, аъзои Шӯрои олимон барои тасдиқи Оинномаи нави  донишкада якдилона овоз доданд.

   Ҳамчунин, Раҷабмад Амиров перомуни  қабули сохтори таркибии  донишкада сухан ронда, пешниҳод намуд, ки аз соли нави таҳсил  фаъолияти факултаи  нав-  факултаи  режиссура, кино ва телевизон  ба роҳ монда шуда, номи факултаи театр, кино ва телевизион ба факултаи  санъати театрӣ табдил дода шавад. Аъзои Шӯрои олимони донишкада ин пешниҳодро ҷонибдорӣ карданд.

   Дар поёни ҷаласаи васеи Шӯрои олимони донишкада аз тарафи ректори донишкада ҳуҷҷатҳои дотсентии профессори фахрии донишкада Гавҳар Умарова, декани факултаи театр, кино ва телевизион Рустамҷон Воҳидов, шаҳодатномаи ба узвияти Иттифоқи оҳангсозон қабул шудани омӯзгорон Ш. Муҳиддинов, Маҳмадализода М.  ва дипломҳои донишҷӯдухтарони донишкада, ки дар бозиҳои варзишӣ ва озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” ғолиб омадаанд, супорида шуданд.

   Натиҷагирӣ аз ҷамъбасти соли таҳсили 2018- 2019 нишон дод, ки аз ҷиҳати сифати таҳсил ва донишазхудкунӣ  ҷои аввал ба факултаи театр, кино ва телевизион ва ҷои дувум ба факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ насиб гардид, ки аз тарафи раёсати донишкада ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

   Раёсати донишкада дар пеши худ мақсад гузоштааст, ки барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани 50 – солагии таъсисёбии донишкада, ки ба соли 2023 рост меояд, аз ҳозир нақшаи чорабиниҳоро  тарҳрезӣ намоянд.

 Додоҷон РӮЗИЕВ,
муҳаррири донишкада,

 Бобоҷон РАҲИМОВ,
мудири бахши сифати таҳсилоти
ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода

Чоп кунед