Имрӯз дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” озмуни “Расму тасвирҳои беҳтарини пиряхҳо, чашмаҳо, шаршараҳо ва табиати биҳиштосои Тоҷикистон”, ки бахшида ба “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” доир гардида буд, ҷамъбаст гардид. Дар озмун зиёда аз 20 нафар донишҷӯ ширкат намуда, ҳар яке аз иштирокчиён бо сабку услуби ба худ хос дарёву шаршара ва пиряху обҳои мусаффои Ватани азизамон — Тоҷикистонро руйи коғаз тасвир намуданд. Расмҳои иштирокчиён аз ҷониби ҳайати комиссияи озмун бо сардории ректори донишкада муҳтарам Низомӣ М.З. баҳогузорӣ карда шуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки ташкил ва баргузории мунтазами чунин озмунҳо барои баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии донишҷӯён мусоидат намуда, ба ин васила насли ҷавонро метавон дар рӯҳияи зебоипарастиву ватандӯстӣ тарбият кард.
Аз байни 20 нафар иштирокчиёни озмун, 5 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ ва се нафар барои иштироки фаъол соҳиби ифтихорнома гардиданд.
Ғолибон бо диплом ва туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.