15-уми июли соли равон дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» оид ба натиҷаҳои фаъолияти донишкада дар нимсолаи аввали соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар он ректори донишкада, муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, декани факултаҳо ва намояндагони воситаҳои ахбори омма аз рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», “Халқ овози”, «Омӯзгор», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Баҳори Аҷам», “Фараж”, АМИТ «Ховар» ва “Телевизиони Синамо” ҳузур доштанд.

     Ба нишасти матбуотӣ ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор  Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ҳусни оғоз бахшида, ба намояндагони васоити ахбори омма оид ба натиҷаҳои фаъолияти таълимӣ, илмӣ — таҳқиқотӣ, илмӣ-методӣ, тарбиявӣ, эҷодӣ, робитаҳои байналмилалӣ дар нимсолаи аввали соли  2022   ва дигар мавзуъҳои ба ҳаёти донишкада рабтдошта маълумоти муфассал ироа намуд.

   

  Ректори донишкада зикр намуд, дар нимсолаи аввали соли 2022 барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва мутобиқ намудани стандартҳои таълимӣ ба низоми кредитии таҳсилот, таҳияи барномаҳои нави таълимӣ тадбирҳои амалӣ андешида шуданд. Тибқи талаботи Низомномаи низоми кредитии таҳсил дар муассисаҳои олии касбӣ дар донишкада сессияи зимистонаи соли таҳсили 2021-2022 аз 24.12.2021 то 11.01.2022 ва давраи фаъоли сессияи тобистона аз 23.05.2022 то 09.06.2022 идома ёфт. Дар маҷмуъ, сессияи санҷишу имтиҳонии соли хониши 2021-2022 тибқи талаботҳои меъёрии баргузории сессияи имтиҳонии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ташкил ва гузаронида шуда, фоизи азхудкунии фанҳои таълимӣ 92,5% ва сифати таълим 30,4 % -ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи сессияи санҷишу имтиҳонии соли 2021 азхудкунӣ 1,0 % ва сифати таълим 10,7 % зиёд мебошад.   

   Дар асоси ҷамъбасти давраи фаъоли сессияи санҷишу имтиҳонӣ маълум шуд, ки донишҷӯёне, ки имтиҳонҳи худро ба тариқи шифоҳӣ, хаттӣ ва эҷодӣ супориданд, 70,3 дарсад баҳои хубу аъло гиифтанд. Ин нишондиҳанда дар имтиҳонҳои тестӣ 51 дарсадро ташкил медиҳад.

            Гуфта шуд, ки имсол 446 нафар донишҷӯ ба имтиҳони хатм роҳ ёфт, ки аз ин миён 231 нафар дар бахши рӯзона, 318 нафар дар бахши ѓоибона ва 30 нафар дар бахши магистратура тибқи фармоиши ректор барои супоридани имтиҳони давлатӣ иҷозат гирифт. Аз шумораи умумии донишҷӯён 283 нафар ба тариқи шартномавӣ, 133 нафар буҷетӣ ва 28 нафар бо квотаи президентӣ донишкадаро хатм намуд.

        Бар пояи иттилои ректори донишкада, дар нимсолаи аввали соли 2022 аз тарафи устодони донишкада 2 монография, 2 китоби дарсӣ, наздик ба 40 мақолаи илмӣ, 50 барномаю дастури таълимӣ омода гардида, ба табъ расиданд. Ҳамчунин, дар донишкада як қатор чорабиниҳои илмӣ, аз ҷумла 1 конференсияи байналмилалӣ, 2 конференсия, 2 семинар ва 1 мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ, 2 конференсия ва 5 семинару мизҳои мудаввар ва маҳфилҳои донишкадавӣ баргузор гардиданд. Дар маҷмуъ, дар чорабиниҳои мазкур зиёда аз 200 маърузаи устодони донишкада ироа шуданд. Дар матбуоти даврӣ вобаста ба нуктаҳои муҳимми Паёми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба рушди фарҳангу санъат равона гардидаанд, 15 мақолаи устодони донишкада нашр гардид.

       Ҳамзамон, дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ дар озмуну фестивалҳои байналмилалии Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон тариқи ҳузурӣ ва ғайриҳузурӣ 51 нафар донишҷӯён ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд ва бо диплому ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.

    Моҳи майи соли 2022 як қатор донишҷӯёну хатмкунандагони донишкада бо ташаббуси Раёсати донишкада дар доираи созишномаи ҳамкории байнидонишкадавӣ бо Донишкадаи давлатии фарҳанги Олтой барои таҳсил дар хориҷи кишвар имтиҳон супориданд. Дар натиҷа 11 нафар донишҷӯи донишкада барои таҳсил дар хориҷи кишвар тариқи буҷетӣ қабул гардид, ки аз онҳо 3 нафар магистр ва 8 нафар бакалавр мебошад.

     Айни замон дар донишкада 83 нафар донишҷӯён аз хориҷи кишвар   дар шакли рӯзона ва ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

     Дар нимсолаи аввали соли равон 28 мақолаи илмии устодону кормандони донишкада дар маҷаллаҳои илмӣ ва маҷмуаҳои илмии хориҷи кишвар ба табъ расиданд.

    Дар доираи лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” 5 адад фортепиано, 1 тахтаи электронии интерактивӣ ва дигар таҷҳизоти муосири барои раванди таълим зарурӣ, ки ба баланд гардидани сатҳу сифати таълим мусоидат мекунанд,  бо арзиши ҳудудан 500 ҳазор сомонӣ ба донишкада оварда шуданд. Ҳамчунин, аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон низ як қатор созҳои мусиқии миллӣ, аз ҷумла чанг, қонун, ғиҷак, най ва дойра ба донишкада тақдим карда шуд, ки ин амр, бешубҳа, барои беҳтар шудани сатҳу сифати таълим таъсири худро мерасонад.

    Дар даври донишкадавии озмуни “Тоҷикистон — Ватани азизи ман!” 43 нафар ғолиб омада, ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд. Аз ин миён 20 нафар ба даври шаҳрӣ роҳ ёфт. Дар даври донишкадавии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бошад,  30 нафар иштирок намуда, 10 нафар ба даври ноҳиявӣ роҳ ёфт ва аз ин миён 6 нафар ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифт. Ғолибони озмунҳо  ва устодони онҳо бо Ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ  гардиданд.

               Дар бахши фаъолияти эҷодӣ низ натиҷаҳо назаррасанд. Дар маҷмуъ, дар нимсолаи аввали соли равон дар донишкада 25 чорабинии фарҳангӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ  гузаронда шуд.

Пас аз ироаи суханронии ректори донишкада, ки фарогири тамоми ҷанбаҳои фаъолияти донишкада буд, хабарнигорон ба пурсишҳои худ оид ба ҳамкориҳои донишкада бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ, табодули донишҷӯён, тайёр намудани мутахассисони касбӣ аз рӯи ихтисосҳои нав, бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкардагон ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳашон посухҳои мушаххас гирифтанд.

      Сипас, намояндагони васоити ахбори омма ба Театри таълимии донишкада даъват карда шуданд, ки ба онҳо 5 адад фортепиано, 1 тахтаи электронии интерактивӣ ва дигар таҷҳизоти муосири барои раванди таълим зарурии дар доираи лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” ба донишкада овардашуда ва як қатор созҳои мусиқии миллӣ, аз ҷумла чанг, қонун, ғиҷак, най ва дойраи аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишкада тақдимшуда, бо навохтани чанд оҳанги дилошуб, намоиш дода шуд.

Додоҷон РӮЗИЕВ,

Дилшод УМАРОВ