Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” маҷлиси ҳисоботӣ — интихоботии Ташкилоти  ибтидоии   ҳизбии «Оламафрӯз» — и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбари маркази матбуот ва таҳлилии КИМ ҲХДТ Ҳамидиён Илоҳомҷон Иномзода ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Зарина  Файзуллозода баргузор гардид.Маҷлиси ҳисоботӣ — интихоботиро раиси Ташкилоти  ибтидоии   ҳизбии «Оламафрӯз», ректори МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ифтитоҳ намуда, оид ба ҷамъбасти фаъолияти ташкилоти  ибтидоӣ аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 маълумоти муфассал дод. Мавсуф иброз дошт, ки Ташкилоти  ибтидоӣ   фаъолияти худро дар асоси дастуру  ҳидоятҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барномаи ҲХДТ, ки шиори он «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» мебошад, ба роҳ монда, дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.  Дар давраи ҳисоботӣ аъзои ҳизб дар чорабиниҳои аҳамияти муҳимми сиёсӣ ва фарҳангидошта, аз ҷумла 24 — солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иди байналмилалии Наврӯз ва дигар ҷашнҳои миллӣ фаъолона ширкат варзиданд.

Зикр гардид, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Оламафрӯз” дар асоси нақшаи корӣ моҳи сентябри соли 2021 дар мавзуи “Пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ” соати сиёсӣ доир намуда, бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб соатҳои сиёсӣ ва суҳбатҳоро роҳандозӣ намуд.

Раиси Ташкилоти  ибтидоии   ҳизбии «Оламафрӯз» тазаккур дод, ки дар доираи татбиқи нақша-чорабиниҳо чанд гузоришу суханрониҳо аз ҷониби аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар телевизион ва радио оид ба дастовардҳои фарҳангӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ доир гардиданд.

Қабули аъзоён ба сафи ҳизб яке аз масъалаҳои умда ба ҳисоб меравад. Дар давраи ҳисоботӣ як қатор омӯзгорон ва кормандони донишкада бо аризаи шахсиашон ба сафи ҳизб шомил гардиданд. Алҳол теъдоди аъзои ташкилоти ибтидоӣ 272 нафарро ташкил медиҳад.

Фаъолияти гурӯҳи таҳлилӣ аз ҳисоби аъзои ҳизб дар назди ташкилоти ибтидоии “Оламафрӯз” ба роҳ монда шудааст. Мақсади ягонаи он, пеш аз ҳама, дастгирии сиёсати Пешвои миллат, пешгирии ақидаву амалҳои тундгароёнаи ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон дар кишвар мамнуъ мебошад. Қобили қайд аст, ки гурӯҳи таҳлилӣ вокунишҳои худро дар сомонаҳои иҷтимоӣ саривақт ба нашр мерасонад. Дар соли ҳисоботӣ зиёда аз 60  вокуниш ва мақолаҳои оммавиро дар сомонаи донишкада ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр расонидааст.

Сипас, роҳбари маркази матбуот ва таҳлилии КИМ ҲХДТ Ҳамидиён Илоҳомҷон Иномзода, декани факултаи режиссура, кино ва телевизион Лутфулло Ниёзов, котиби Шӯрои олимони донишкада Қудратов Сино ибрози назар намуда, фаъолияти яксолаи Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Оламафрӯз»-ро қаноатбахш ҳисобиданд.  Мақсади Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Оламафрӯз», пеш аз ҳама, ҷонибдории сиёсати дурандешона ва созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, пайравӣ ба расму оинҳои барои мо бегона, вокуниш ба матолиби муғризона ва беасоси шабакаҳои иҷтимоӣ ва ғайра мебошад

Синои АБУАЛӢ

Чоп кунед