31-уми декабри соли 2021 дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” ҷаласаи васеи Шӯрои олимон бо иштироки ҳайати профессорону устодон, садорати факултаву мудирони кафедраҳо ва роҳбарони зерсохторҳои донишкада баргузор гардид.
Дар ҷаласа нахуст ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳисоботи солонаи худро оид ба натиҷаҳои фаъолияти МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 ироа намуд. Мавсуф иброз дошт, ки Раёсати донишкада фаъолияти гуногунҷанбаи худро дар асоси сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 26 январи соли 2021 бармеоянд, суханрониашон дар маросими ифтитоҳи гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар Рӯзи дониш аз 1 сентябри соли 2021 ба роҳ монда, амалӣ гардондани нишондодҳои «Барномаи тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр барои солҳои 2018-2021» — ро ба роҳ монд.
Ректори донишкада перомуни нуктаҳои муҳимми Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021, бавижа самтҳои ба фарҳангу санъат, сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои баландихтисос дар муассисаҳои таҳсилотии олии касбӣ рабтдошта баёни андеша намуда, тазаккур дод, ки татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои созандаи Сарвари давлат дар меҳвари фаъолияти роҳбарияти муассиса қарор доранд.
Зикр гардид, ки дар соли 2021 Раёсати таълими донишкада дар самти фаъолияти таълимӣ як қатор тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ намуда, барои дар сатҳи зарурӣ қабул ва баргузории раванди имтиҳонсупорӣ барномаи навро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Дар натиҷа, сатҳи сифати таълим дар донишкада нисбат ба нимсолаи зимистона ва солҳои гузашта хеле баланд шуд. Агар сатҳи сифати таълим дар соли 2020-ум 25,1 % бошад, он дар соли ҷорӣ 41,4 %-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16% зиёд мебошад.
Дар ҳисоботи солонаи ректор фаъолияти илмии донишкада таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Гуфта шуд, ки дар соли ҷорӣ аз тарафи устодону омӯзгорони донишкада 5 китоби илмӣ — таҳқиқотӣ, 3 монография, зиёда аз 300 мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ, зиёда аз 70 барнома, дастурҳои таълимӣ, воситаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ ба нашр расиданд, ки аз фаъолияти босамари донишкада дар самти илм гувоҳӣ медиҳад. Таъкид гардид, ки агар дар соли гузашта ҳамагӣ 4 мақола аз ҷониби устодони донишкада дар маҷаллаҳои хориҷ аз кишвар чоп шуда бошад, имсол ин теъдод ба 44 адад расидааст. Ҳамчунин, устодони донишкада дар конфронсу семинарҳои хориҷӣ беш аз 100 маърӯзаи илмӣ кардаанд.
Дар соли 2021 дар заминаи факултаҳо ва кафедраҳои умумидонишкадавӣ 27 конфронс ва семинари илмии дараҷаҳои гуногун гузаронида шуд, ки дар онҳо масъалаҳои мухталифи рӯзмарра баррасӣ гардиданд. Ҳамзамон, соли равон маҷмӯаи мақолаҳо дар шакли китоб бо унвони “Нақши Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ”, китоби “Як соли дастовардҳо”, ки фарогири натиҷаҳои фаъолияти гуногунҷанбаи донишкада дар соли 2020 мебошад ва дастури таълимӣ-методии “Пайки Наврӯз” ва “Сӣ ахтари дурахшон” ки дар онҳо сенарияҳои наврӯзӣ ва ҷашни Истиқлоли давлатӣ гирд оварда шудаанд, аз чоп баромаданд.
Дар ҳисобот ректори донишкада Муҳриддин Низомӣ оид ба иштироки фаъолонаи устодону донишҷӯёни донишкада дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ибрози назар намуда, аз ҷумла зикр карданд, ки дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 4 нафар аз рӯи номинатсияҳои гуногун иштирок намуда, номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи филология Изатзода Зулайхо аз рӯи номинатсияи «Хондан ва аз ёд кардани осори адибони ҷаҳон» сазовори ҷойи 2-юм гардид. Дар даври ниҳоии озмуни “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”бошад, 9 нафар магистрону донишҷӯёни донишкада соҳиби ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва ифтихорӣ гардиданд.
Ректори донишкада дар баробари зикри дастоварҳо, ба масъалаҳое низ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд, ки дар соли нав бояд ҳалли худро ёбанд. Аз ҷумла, Муҳриддин Низомӣ масъулонро муваззаф сохтанд, ки дар соли нав барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи сифати таълим, омодасозии мутахассисони баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнати ватаниву хориҷӣ ҷавобгӯ, фаъолияти тарбиявӣ, эҷодӣ, васеъ ба роҳ мондани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, инноватсионӣ, бештар гардондани сафи устодони унвондор, тавсеа бахшидани равобити байналмилалии донишкада, нашри дастурҳои методӣ ва васоити таълимӣ тадбирҳои муассир андешанд.
Пас аз ироаи ҳисоботи ректори донишкада ҳисоботи раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишкада оид ба натиҷаҳои фаъолияти кумита дар соли 2021 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ кумита якҷо бо Раёсати донишкада масъалаҳои муҳимми ҳифзи иҷтимоӣ, муҳофизати меҳнат ва техникаи бехатарӣ, таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ ва иқтисодию хоҷагидориро дар маҷлисҳои кумита ва раёсат мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор доданд. Аз ҷумла, рафти татбиқи Дастурамали ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ дар зерсохторҳо санҷида шуд. Маълум гашт, ки дар факултаву кафедраҳо ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода, маҷлисҳо гузаронда, дастурамалро мавриди омӯзиш қарор додаанд. Масъалаҳои марбута бошанд, тибқи нақша ҳар се моҳ аз тарафи кормандони масъули ҳифзи меҳнат мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Баъдан, перомуни масоили матраҳшуда табодули афкор сурат гирифт. Декани факултаи режиссура, кино ва телевизион Лутфулло Ниёзов зикр намуд, ки ҳисобот тамоми фаъолияти гуногунҷанбаи донишкадаро фаро гирифта, дар асоси он мо бояд нақшаи чорабиниҳоро барои соли 2022 таҳия намоем. Дар маҷмӯъ, мавсуф дастовардҳои донишкадаро дар давраи ҳисоботӣ назаррас арзёбӣ намуд.
Бозор Сайфуллозода, мудири кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ, назари худро оид ба нашри китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ ва воситаҳои таълимӣ баён намуда, иброз дошт, ки дар ин самт ҳанӯз ҳам камбудиву норасоиҳо ҷой доранд ва барои ислоҳи онҳо бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Мудири кафедраи рӯзноманигори телевизион Зулфия Мирзода ҳисоботи ректори донишкадаро муҳим арзёбӣ намуд. Ба гуфтаи ӯ, барои тайёр кардани кадрҳои илмӣ- педагогӣ, баланд бардоштани сатҳи сифати таҳсилот ва ваифаҳои дигари дар наздамон гузоштаи ректори донишкада саъю талоши бештар намоем.
Зулайхо Иззатзода, мудири кафедраи филология, дастовардҳои устодону донишҷӯёни донишкадаро дар озмунҳои дар соли 2021 баргузоршуда, натиҷаи ғамхориҳои доимии роҳбарияти донишкада маънидод кард. Зикр намуд, ки дар давраи тайёрӣ ба Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз Китобхонаи адабиёти бадеии донишкада самаранок истифода бурдааст.
Зафари Шариф, декани факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ, перомуни ҳисоботи Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишкада Баҳрулло Хайруллозода андешаронӣ намуда, иброз дошт, ки кумита ба кормандон ҳамеша ғамхорӣ зоҳир менамояд. Чанд дархосте, ки аз ҷониби садорати факулта пешниҳод гардид, қонеъ гардонда шуд. Мудири кафедраи маҳорати актёрӣ Тағоймурод Розиқов низ ба ҳамин андеша буда, фаъолияти Кумитаи иттифоқи касабаро мусбат арзёбӣ намуд.
Дар ҷаласаи васеи Шӯрои олимони донишкада вобаста ба масъалаҳои матраҳшуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Дар қисмати дигари ҷаласа ба онҳое, ки дар озмунҳои гуногун ширкат варзида ғолиб ё сзовори ҷойҳои намоён гардидаанд, инчунин ба онҳое, ки дар чорабиниҳои сатҳи донишкадавӣ ва берун аз он фаъолона иштирок доштанд, диплом, ифтихорнома ва сипоснома дода шуд.
Аз ҷумла, аз 17-ум то 22-уми декабри соли 2021 дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бо мақсади баҳодиҳии маҷмӯӣ ба фаъолияти илмӣ – таҳқиқотӣ ва муайянсозии рейтинги илмии ҳайати устодон, унвонҷӯёну аспирантон, докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD) ва магистрон озмуни донишкадавӣ гузаронида шуд.
Ғолибони озмун — Арабов Фирдавс, Авғонов Алишер ва Раҳмонов Абдусаттор барои дастовардҳои илмӣ ва фаъолияти пурсамари илмӣ — таҳқиқотӣ дар соли 2021 мутаносибан бо Дипломи дараҷаи I, Дипломи дараҷаи II ва дипломи дараҷаи III, инчунин Холов Меҳриддин, Нуров Нозим, Амондуллоев Бекмурод ва Ашӯралив Муродалӣ бо Ифтихорнома сарфароз гардонда шуданд.
Ба Талибзода Меҳроб ва Бадиров Навҷавон барои иштироки фаъолона дар лоиҳаи телевизионии озмуни байнанмилалии «Осиёи марказӣ истеъдод меҷӯяд» (Central Asias Got Talent) ва роҳ ёфтан ба даври ниҳоии озмун Ифтихорнома тақдим гардид.
Муродов Фирӯзҷон барои саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбияи шогирдон ва иштироки фаъолонаи онҳо дар Форуми III илмии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии соҳаи сайёҳии мамлакат бо унвони «Имкониятҳои рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамои он» бо Ифтихорнома сарфароз гардонда шуд.
Арабшоева Майно, Ҷумаева Роҳатой ва Қазоқова Ёсимин барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сатҳи донишкадавӣ ва берун аз он, ҳамзамон саҳми арзанда гузоштан дар такомули маънавию фарҳангии ҷавонон бо Ифтихорнома сарфароз гардонда шуданд.
Ба Мирзоев Амриддин барои дар жанри академии “Номинатсияи сарояндагӣ”-и Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» сазовори ҷойи сеюм гардидан Сипосномаи донишкада тақдим гардид.
ДОДОҶОН РӮЗИЕВ