Имрӯз дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо ҳамин унвон бахшида ба Рӯзи Шашмақом консерти шашмақомсароёни кафедраи созӣ — иҷрокунандагӣ баргузор гардид.

  Маҳфили фарҳангиро бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, зимнан тазаккур дод, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шарофати сиёсати дурандешона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  нодиртарин ва қадимтарин жанри сарояндагӣ — шашмақомсароӣ, ки таърихи тӯлонии чандинасра дорад, мақоми давлатӣ гирифт ва дубора эҳё шуд. Ин саъю талошҳои хастанопазири  Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он дарак медиҳад, ки ин шахсияти фарзона ба арзишҳои миллӣ, мисли санъати мусиќӣ эҳтироми воло доранд.     Инак 22 сол мешавад, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ 12-уми май ба унвони Рӯзи Шашмақом ҷашн гирифта мешавад. Таълифи асари чандҷилда дар бораи таърихи Шашмақом, мақоми давлатӣ касб кардани ансамбли ба номи Фазлиддин Шаҳобов, интихоби овозхонон аз миёни  ҷавонони боистеъдод ва ҳунармандони варзида,  зиёд намудани  ҳайати эҷодии он аз ҷумлаи тадбирҳое буданд, ки ба хотири баланд бардоштани мақоми Шашмақом андешида шудаанд. Саҳми се ҳунарманди тоҷик Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов ва Фазлиддин Шаҳобов дар рушди Шашмақом баланд арзёбӣ мегардад. Дар солиёни баъдӣ беҳтарин шашмақомсароён, аз қабили  Норё Аминов, Боймуҳаммад Ниёзов, Барно Исҳоқова, Карим Қосимов, Нуъмон Тоштемиров, Лола Баракаева, Ёкуб Бободўстов  ва пайравони ин жанри мусиқии асил бо садояшон фалакро тасхир сохтаанд. Имрўз низ ин шохаи санъат бо номбардоронаш миёни мардум маҳбубияти зиёд дорад ва ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ Рӯзи Шашамақом бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад.   Зикр гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ даҳҳо ҷавонони соҳибистеъдоди шашмақомсаро рӯйи саҳнаи ҳунари касбӣ омада, ба воя расиданд ва имрӯз мавқеи баланди устодиро сазовор шуданд. Номи Озода Ашурова, Фурқат Саидзода, Мастона Эргашева, Хуршед Иброҳимов, Ситораи Кароматулло, Ҷамшед Эргашев. Луҳира Муминова дар шашмақомсароӣ вирди забонҳо гардидааст.

        Ташкили ансамблҳои шашмақомсароён дар муассисаҳои фарҳангии кишвар, аз ҷумла донишкадаи мо зарурати тарбияи сарояндагони касбии ҷавонро дар эҳё намудани мусиқии суннатӣ тақозо кард ва ба ҳамин хотир иддае аз бонувон ва ҷавонписарони овозхон тавассути озмуну ҷашнвораҳо ба саҳнаҳои калони ҳунарӣ ҷалб карда шуданд. Боиси ифтихор аст, ки мактаби ҳунари сарояндагии мақомхонони номӣ — Хоҷа Абдулазиз Расулов, Содирхон Ҳофиз, Барно Исҳоқова, Боймуҳаммад Ниёзов, Маъруфхӯҷа Баҳодуров, Ҷӯрабек Муродов, Ҷӯрабек Набиев, Мастона Эргашева яке аз омилҳои пурқудрати рушди эҷодиёти ҷавонон гардидааст.

       Ба гуфтаи ректори донишкада, иштирок дар симпозиумҳо, озмуни «Шарқ тароналари» дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, фестивал озмуни «Мақом» дар Шаҳрисабз, инчунин дар Париж барои мухлисони мусиқии суннатии тоҷик ҳодисаи ғайричашмдошти фарҳангӣ гардиданд. Зеро санъати сарояндагии Озода Ашурова, мақомхонони Академияи мақом, иҷрои нодири онҳо барои шунавандагони мамолики Ғарб симои Тоҷикистони навинро таҷассум намуд.

    Муҳриддин Низомӣ аз таърихи Шашмақом ёдовар шуда, ҳамзамон иброз дошт, ки аввалин дастаи ҳирфаии мақомсароён соли 1947 дар назди Радиои ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфта, дар ҳифз ва рушди анъанаҳои устодонаи мақомсаро нақши назаррас гузоштааст. Ба дастаи мазкур сарояндагон ва донандагони мусиқии мардумӣ ва классикӣ, назири Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов, Нерё Аминов, Муҳиддин Мавлонов, Саидхони Ҳисорӣ, Абдумаҷид Ҳомидов, Маъруфхоҷа Баҳодуров ва дигарон ҷалб шуданд. Ин даста баробари иҷрою тарғиби мақомҳо, инчунин дар иҷрои кулли мероси мусиқии халқи тоҷик нақши арзанда дошта, дар чандин ҷашнвораҳои мусиқии умумииттифоқӣ, сабти намунаҳои қисм ва шохаҳои ҷудогонаи мақомҳо дар сафҳаҳои мусиқӣ (қарта) кори бузургеро анҷом додааст. Тавассути ин гурӯҳ бори аввал намунаҳои баргузидаи мақоми «Наво» ва шохаҳои созию овозии мусиқии устодонаи тоҷикон сабт гардида, дастраси аҳли ҷомеа гаштанд.

   Ректори донишкада таъкид намуд, ки ин мероси пурғановати миллиро ҳифз кардан ва таъмин намудани рушди минбаъдаи он вазифаи на танҳо давлат, балки қарзи виҷдониву инсонии ҳар як фарди соҳибфарҳанги кишвар низ мебошад.

   Пас аз ироаи сухани ифтитоҳии ректори донишкада барномаи консертӣ баргузор гардид, ки дар он устодону донишҷӯёни донишкада дар ҳавои оҳангҳои марғуб ва созҳои дилнишини Шашмақом таронасароӣ карданд.

 

Додоҷон РӮЗИЕВ