Раёсати Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», ҳайати профессорону устодон ва кормандони донишкада вобаста ба даргузашти бармаҳали фарзанди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, номзади илми таърих, иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи сарояндагии факултаи санъати мусиқии мардумӣ Муминова Ҳаётхон Аслоновна тасаллияти хешро баён ва андуҳи ин талафоти бебозгаштро бо ҳам қисмат менамоянд.

Дар ин лаҳзаҳои душвор ва ҳузнангез ба Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Муминова Ҳаётхон Аслоновна, аҳли оила ва хешу наздикони марҳум изҳори ҳамдардӣ намуда, сабри ҷамил мехоҳем. Ҳамзамон, аз даргоҳи илоҳӣ хоҳони онем, ки руҳи марҳум шод ва ҷояш ҷаннати ҷовидон бошад.