Дар тӯли 31 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона рушду нумӯ карда, барои зиндагии шоистаи сокинони мамлакат шароити мусоид фароҳам овард. Яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ, пеш аз ҳама, расидан ба сулҳу суботи саросарӣ ва Ваҳдати миллӣ дар кишвар мебошад. Маҳз истиқрори сулҳ барои пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат, таҳкими истиқлолу Ваҳдати миллӣ, афзудани нуфузу эътибори ҷаҳонии Тоҷикистон мусоидат кард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ёдоварӣ аз таърихи даврони соҳибистиқлолӣ ва истиқрори сулҳу ваҳдат, таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон таъкид дошта буданд, ки «бо гузашти солҳо мо амиқан дарк кардем, ки ваҳдати миллӣ омили муҳимтарини рушди ҷомеа, шарти асосии пешрафти иқтисод ва иҷтимоиёту фарҳанги мардуми мо ба ҳисоб меравад. Маҳз ба ҳамин хотир, мо ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати миллиро аз ҷумлаи рисолатҳои инсонии худ мешуморем. Имрӯз бисёр зарур аст, ки мо андешаи сулҳу ваҳдатро ҳамчун рукни боэътимоди истиқлолият ба яке аз ғояҳои давлатдории миллӣ табдил диҳем ва онро миёни наврасону ҷавонон ҳамчун шарти асосии бақои амнияти ҷомеа ва пойдории давлат васеъ тарғиб кунем».
Бояд ёдовар шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва худогоҳиву худшиносии мардум, инчунин, барои тарбияи наслҳои имрӯза истифода кардани мероси бузурги ахлоқиву маънавӣ ва арзишҳои ҷовидонаи фарҳангии гузаштагон тайи 31 соли соҳибистиқлолӣ даҳҳо ҷашну чорабиниҳои муҳим баргузор гардиданд. Ҷашни 1100 — солагии давлатдории Сомониён, 2700 — солагии китоби муқаддаси «Авасто», Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 1150 — солагии устод Рӯдакӣ, Соли бузургдошти Имоми Аъзам, 1000 — солагии Носири Хусрав, 800 — солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 700 — солагии Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, 700 — солагии Камоли Хуҷандӣ, 2700 — солагии шаҳри Кӯлоб, 2500 — солагии шаҳри Истаравшан, 3000 — солагии маданияти Ҳисор, 5500 — солагии Саразми бостонӣ ва даҳҳо ҳамоиши дигар аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Маврид ба зикр аст, ки пас аз касби истиқлолияти давлатӣ ба соҳаи китобдорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Аз ҷумла, таҳия ва ба тасвиб расидани силсилаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба соҳаи китобдорӣ, таъсиси мағозаҳои китобфурӯшӣ дар маркази шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии китоб, таҷлили ҳамасолаи “Рӯзи китоб” дар мамлакат ва бунёди бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистонро метавон аз муҳимтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ арзёбӣ кард.
Пас аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти китобдорӣ” (с.2003) ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи беҳтар намудани вазъи Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ” (с. 2003), ҳамчунин ба талаботу ниёзҳои ҷомеаи муосир мувофиқ намудани самтҳои афзалиятноки рушди фаъолияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани санадҳои мазкур “Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027” таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3-юми декабри соли 2021 баррасӣ шуд. Ҳадафи асосии Барномаи мазкур беҳбуд бахшидан ба ҳамаи самтҳои фаъолияти Китобхонаи миллӣ, бахусус рақамигардонии фонди китобхона, таъсиси озмоишгоҳ оид ба таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо, ташкил намудани курсҳои бозомӯзӣ, таъсиси маҷаллаи илмӣ ва автоматикунонии равандҳои хизматрасонӣ, компютеркунонӣ ва ҷори намудани технологияи муосири иттилоотӣ дар фаъолияти китобхона, омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳа ва такмили сатҳи дониши касбии китобдорон мебошад.
Ҳамзамон, дар даврони соҳибистиқлолӣ анъанаҳои неки китобу китобдорӣ, бунёди китобхонаҳои нав, нашри силсилаи асарҳои бадеӣ, адабӣ, илмӣ, таърихӣ, таълимӣ ва амсоли инҳо бо ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъати ҳамаҷониба ёфта, соҳаи китобдорӣ рӯ ба инкишоф овард.
Хотирнишон месозем, ки сарчашмаи донишу маърифати ҷавонон аз оила шурӯъ мегардад, зеро ҷавонон дар кадом муҳите, ки ба воя расанд, ба он тақлид мекунад. Барои ин, пеш аз ҳама падару модарон ба тарбияи фарзанд бояд диққати ҷиддӣ диҳанд.
Дар баробари тарбияи фарзанд, ҳамзамон барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ӯ низ бояд кӯшиш ба харҷ дод. Аз овони кӯдакӣ дар замири қалби онҳо меҳру муҳаббатро нисбат ба китоб парваридан шарт ва зарур мебошад. Наврасону ҷавононро дар рӯҳияи китобхонию китобдӯстӣ ва ба ин восита баланд бардоштани сатҳи худшиносию худогоҳии онҳо бояд тарбия намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намуда буданд: “Ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат мебошанд. Ман борҳо таъкид кардаам ва имрӯз бори дигар бо ифтихор иброз медорам, ки ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд. Мо бо ҷавонони бонангу номуси худ ифтихор мекунем ва барои ҳалли масъалаҳои онҳо минбаъд низ тамоми тадбирҳоро амалӣ мегардонем. Итминони комил дорам, ки ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин боз ҳам фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва рушди Тоҷикистони азиз беш аз пеш саҳм мегузоранд”.
Тарғибу ташвиқи мутолиаи китоб дар вохӯриҳо, семинарҳо ва конференсияҳои илмӣ низ васеъ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, ахиран бо ибтикори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ бо унвони «Фаъолияти китобдорӣ дар асри 21: муҳтаво, созмондиҳӣ ва рақамигардонӣ» бо ширкати олимон, донишмандон, ноширон, мутахассисону дастандарткорони илми китобу китобдорӣ баргузор гардид.
Дар кори конференсия омимону мутахассисони соҳаи китобдорӣ, номзади илмҳои педагогӣ, профессор Сайфуллозода Бозор, Шосаидзода Сафар, Маҳмудов Гадобег, Шариф Комилзода, Сайфиддин Камолзода, Фозил Ёров, Ғуломзода Қурбон ширкат ва суханронӣ намуда, дастовардҳои китобу китобдорӣ ва мавқеи он дар ҷомеаи Тоҷикистонро аз манзари истиқлолияти кишвар баррасӣ намуданд. Ишора гардид, ки маҳз тавассути истиқлоли кишвар ва заҳмату талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат анъанаи китобхонӣ, китобофаринӣ ва китобдӯстӣ эҳё гардид ва ҳамакнун китоб манзалат ва эътибори худро бори дигар дар ҷомеа пайдо мекунад. Бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва китобхонаҳои нав ба фаъолият шурӯъ намуда, корвони китоб ба манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ равона гардид.
Як нуктаро бояд таъкид намоем, ки маорифпарвари фаронсавӣ Валуа бисёр хуб таъкид намудааст: “Китобе, ки сари вақт хонда мешавад, муваффақияти бузург аст. Китоб қудрате дорад, ки ҳаётро дигаргун намояд, вале ин иқтидор шояд дар дӯстону устодон дида нашавад” ва сухан ҷони зиндаи инсон бувад, ки гуфтаанд:
Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст,
Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомӯш аст?
Китобхона, китоб ва китобхонӣ аз ҷумлаи муҳимтарин талошҳои Пешвои муаззами миллат дар соҳаи фарҳанг аст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (21.12.2021) ба масъалаи “Ифтитоҳи бинои нави Китобхонаи миллӣ барои 10 миллион нусха китоб дар пойтахти мамлакат–шаҳри Душанбе, баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии китоб, озмунҳои гуногун, махсусан, озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», нашри силсилакитоби «Ахтарони адаб» иборат аз панҷоҳ ҷилд, ба ҳар як оилаи кишвар ба таври ройгон дастрас гардидани шоҳасари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, таҷлили Рӯзи китоб, бунёди даҳҳо театр, қасрҳои фарҳанг, китобхонаҳо, боғҳои фарҳангу фароғат дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва сафарҳои ҳунарии аҳли фарҳанги мо ба даҳҳо кишвари дунё аз муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатӣ дар соҳаи фарҳанги миллӣ ба шумор мераванд.
Зикр гардид, ки ҳадафи мо аз баргузории озмунҳои «Илм-фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон-ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикон-оинаи таърихи миллат» ва олимпиадаву озмунҳои гуногун тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз мебошад.
Сарвари давлат пайваста дар бори аҳамияти китобу китобхонӣ дар боло рафтани сатҳи донишу маърифати ҷомеа, бахусус ҷавонон, таъкид меварзанд. Аз ин рӯ, чи тавре ки роҳбари давлат ҳамвора таъкид мекунанд, ҷавонон ояндаи миллатанд. Акнун фурсати беназир ба мо даст додааст, то дар амри мустаҳкам кардани пояҳои истиқлоли кишварамон аз донишҳои муосир истифода намуда фарҳанги меҳанпарастию миллатдӯстиро дар мағз-мағзи устухони имрӯзиёну ояндагон ҷой кунем. Ба ин ҳадаф танҳо бо роҳи китобхонӣ, донишомӯзӣ ва маърифатандӯзӣ метавон даст ёфт.
Бо назардошти гуфтаҳои боло метавон чунин хулоса кард, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо иқдоми бевоситаи Пешвои миллат роҳандозӣ шудааст, хеле бамавриду саривақтист, зеро барои ҳалли масъалаҳое, ки дар боло зикр кардем, метавонад мусоидат намояд. Ҷиҳати бисёр ҷолиби ин озмуни фарогир дар он аст, ки дар он ҳама сокинони Тоҷикистон сарфи назар аз касбу кору синну сол ширкат варзанд. Аминем, ки ин иқдом барои эҳёи китобдориву китобхонӣ дар байни мардуми мо, ки ҳамеша парастиши онро доштаанд, заминаи нав мегузорад, зеро бозгашт ба китобдориву китобхонӣ, бозгашт ба асолати миллии мардуми тоҷик, бозгашт ба худшиносии миллии онҳо хоҳад буд. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки ба китобу китобхонӣ бештар рӯ орему онро миёни насли наврасу ҷавон талқин намоем, то фарҳанги бузурги китобхонию китобдории гузаштагонамон таҳким ёбад ва он ба наслҳои баъдӣ чун мероси гаронбаҳо рафта расад.
Хулоса китоб инсонро дар баробари суханвару сухандон, хирадманду соҳибфикр, равшандилу ҳушёру бедор менамояд. Дар замири инсон эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватандорӣ, шукргузориву хайрхоҳӣ, роҳсозиву роҳкушоӣ муҳимтар аз ҳама ба шинохти аслии худи инсон равона месозад. Он ақлро такмил медиҳад ва аз анбӯҳи ҷангали андешаҳои нолозим озод мекунад. Боис ба пайдошавии ғояву нақшаҳо ва амалишавии орзуҳо кумак менамояд.
Мо тоҷикон бояд ҳамеша аз кулли он нафароне, ки дар саҳифаи таърихи миллат бо осори гаронарзишу пурғановати худ дар тамоми олам ҷаҳонгир гардидаанд, сабақи китобхонӣ, китобдорӣ, китобнависӣ, муҳимтар аз ҳама баҳрабардории амиқу самарбахшро аз мазмуну асрори китобҳо биомӯзем.
Ҳамин тавр, ҷиҳати ба самти барои ҷомеаи тозаистиқлоли Тоҷикистон созгору манфиатбахш равона сохтани нерӯи зеҳнии наврасону ҷавонон ва вобаста ба ин ҷалб намудани онҳо ба китобхонаҳо ва хониш ҳалли масъалаҳои таъхирнопазирро зарур мешуморем:
- бо дарназардошти эҳтиёҷоти ба китоб доштаи аҳолии деҳот ва хусусиятҳои хоси забони хониш таъмин намудани захираи китобии китобхонаҳо бо адабиёти тозанашр;
- таҳияи лоиҳаи “Консепсияи миллии хониши кӯдакону наврасон дар Тоҷикистон”;
- дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаи “Барномаи рушди китобхонаҳои мактабӣ ва бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028”;
- таҳия ва баррасии лоиҳаҳои хурд барои ҷалби маблағҳои иловагӣ;
- аз курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос гузаронидани кормандони китобхонаҳо;
- таъсиси сомона ва почтаи электронии китобхонаҳо;
- ҷалби мутахассисони кордону қобилиятнок ба кори китобхонаҳо ва баланд бардоштани музди маоши онҳо;
- такмили дониши касбии китобдорон дар ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар;
- барои ҷалби бештари хонандагон ба мутолиаи китоб дар китобхонаҳои давлатию оммавӣ ҳамасола ташкил намудани озмуни «Китобхони беҳтарин»;
- баргузории ҳамасолаи конференсияи илмӣ-назариявӣ бо унвони «Нақши китоб дар рушди худшиносии миллӣ» дар китобхонаҳои давлатию оммавӣ;
- дар роҳравҳо ва пештоқи китобхонаҳо насб намудани овезаҳо ва шиорҳо дар бораи китобу китобдорӣ;
- гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ дар бораи китобу китобдорӣ бо унвони “Китоб-хазинаи тамаддуни инсоният”.
Зафари ШАРИФ,
декани факултети китобдорӣ ва
иттилоотшиносии МДТ
«ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»