Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди анъанаҳои китобдориву  китобхониро яке аз самтҳои асосии сиёсати фарҳангии хеш қарор дода,  дар ин самт корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст. Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ  дар мамлакат як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатии рушди соҳаи фарҳанг қабул шудаанд, ки дар ривоҷу равнақи соҳаи китобу китобдорӣ нақши бузург гузоштаанд.  Бахусус, азму  талошҳои пайгиронаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешрафти фаъолияти китобдорӣ ва раванди мутолиаи китоб дар ҷомеа такони бузург бахшидаанд.

Дар ин росто, Факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ беш аз 40 сол аст, ки дар таълиму тарбияи китобдорон нақши назаррас дошта, беш аз 3600 нафар хатмкардагони он дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳурияви ба номи М. Миршакар, китобхонаи марказии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, китобхонаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳо, ташкилотҳо ва ғайра фаъолият менамоянд. Ҳамзамон, як зумра дастпарварони факулта дар кишварҳои хориҷӣ, назири Русия, Олмон, Афғонистон, Украина, Исроил, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон кор карда  истодаанд, ки боиси ифтихори мост.

Ба шарофати истиқлолият факулта бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳрҳои Маскаву Санкт- Петербург, Челябинск, Тошканду Минск, Киев, Исфаҳону Теҳрон, Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Эрон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии бачагонаи ба номи М. Миршакар, Китобхонаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ равобити мустаҳками илмӣ ва эҷодӣ дорад. Омӯзгорону донишҷӯёни факулта аксари ин марказҳоро дар корҳои таҳқиқоти илмӣ, такмили ихтисос, таҷрибаомӯзии таълимӣ, истеҳсолӣ, пешаздипломӣ ва баргузории дарсҳои амалӣ истифода мебаранд. Тибқи нақшаи равобити илмӣ бо дигар муассисаҳои таълимӣ ва пажӯҳишгоҳҳо олимони машҳури риштаи китобдорӣ, аз ҷумла А. Н. Ванеев, В. С. Крейденко, Г. М. Михайлова, В. В. Сквортсов, В. И. Терешин, Ю. С. Зубов, А. В. Суворова, Е. Леончиков, В. Веревкина ва дигарон баҳри хондани лексия ва расонидани кумакҳои илмию услубӣ оид ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, таҳияи нақшаҳои таълимӣ, роҳҳои ҳалли проблемаҳои назаривӣ ва амалии китобдорӣ ба факулта даъват шуда буданд.

Маврид ба зикр аст, ки бо дастгирии раёсати МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» дар назди факулта Китохонаи адабиёти бадеӣ  мавриди истифода қарор дода шуд. Айни замон китобхонаи мазкур дорои 1000 нусха китоб буда, онҳо аз рӯйи номинатсияи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷо ба ҷо гузошта шудаанд. Маврид ба зикр аст, ки  китобхонаи мазкур устодон,  магистрон, докторантон аз рӯйи ихтисос  (PhD), унвонҷӯён ва кормандони донишкада истифода мебаранд.

 Бо назардошти воридшавии  технологияи муосир дар фаъолияти китобхонаҳо, тағйирёбии ҳайати хонандагони китобхонаҳо  аз нигоҳи талаботи онҳо ба иттилоот, афзудани шумораи хонандагони хурдсол, дар маҷмӯъ дигаргуншавии эҳтиёҷоти ҷомеа ба захираҳои иттилоотӣ ва  тарзи услубҳои дастёбӣ  ба он зарурати таҷдиди назар намудани ихтисосҳо дар факулта  ба миён омад. Аз ҷониби кафедраҳои тахассусӣ ихтисосҳои нави  «Кори ноширӣ» ва «Бойгониҳои аудиовизуалӣ» таъсис ёфта, дар соли хониши 2021-2022 довталабон  аз рӯи ин ихтисосҳо қабул карда шуданд.

Зафари ШАРИФ,

декани факултаи 

китобдорӣ ва иттилоотшиносии МДТ

 «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»