Истиқлоли давлатӣ рӯйдоди муҳимми таърихӣ дар ҳаёти миллати тоҷик буда, дар баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат барои пешрафти илму маориф, аз ҷумла рушди соҳаи китобдорӣ шароитҳои воқеан мусоидро фароҳам овард. Дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ соҳаи китобдорӣ ба дастовардҳое ноил гардид, ки дар қиёс ба тамоми комёбиҳои даврони шуравӣ дар самти таҳқиқу баррасии масъалаҳои мубрами соҳа ва интишори онҳо ба забони давлатӣ беназиранд. Маҳз баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, арҷ гузоштан ба фарҳангу маориф, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ падид омада буданд, соҳаи китобдорӣ беш аз ҳарвақти дигар рушд намуд.

          Имрӯз нақш ва мақоми китоб ҳамчун манбаи муҳимми дониш ва таҳқиқи масоили гуногуни таъриху сиёсат, иқтисодиёту маънавиёт ва маорифу фарҳанги халқамон беш аз пеш афзуда истодааст. Зеро, ба гуфтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «китоб як рукни муҳимми тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон  аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон  китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигоҳдорӣ мекунанд, то ин ки наслҳои имрӯза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд».

         Таҳия ва қабули “Консепсияи инкишофи маданияти Тоҷикистон” дар соли 1992 ба рушди соҳаи маориф ва фарҳанг, бахусус китобдорӣ такони ҷиддӣ бахшид. Маҳз ҳамин санад  барои  таҳияи як силсила ҳуҷҷатҳои қонунгузории миллӣ, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи фарҳанг”, “ Дар бораи фаъолияти китобдорӣ” “Дар бораи иттилоот”, “Дар бораи ҳифзи иттилоот” мусоидат намуд. Ҷанбаҳои асосии фаъолияти китобхонаҳо,  нақшу мақом ва ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо ҳамчун муассисаҳои иҷтимоии фарҳангиву иттилоотӣ ҷиҳати ҷамъовариву коркард, гурӯҳбандиву феҳристнигорӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ ва тарғибу ташвиқи сарватҳои фарҳангӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти китобдорӣ”  дарҷ гардидаанд. Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба ҳифз, истифода, ҷустуҷӯ, дарёфти иттилоот, дастрасии озодона ба дастовардҳои илмию техникӣ ва фарҳанги милливу ҷаҳонӣ дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ танзим менамояд.

Яке аз дастовардҳои муҳимми даврони истиқлол дар соҳаи фарҳанг қабули “Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад. Консепсия ҳуҷҷатест, ки стратегияи минбаъдаи рушду такомули фарҳангу ҳунарро дар ҷумҳурӣ аз нигоҳи илмӣ  муайян намудааст. Зимни амалисозии нишондодҳои он раванди  барномарезии самтҳои гуногуни фарҳангу ҳунар ва табъу нашр дар мамлакат идома хоҳад ёфт. Барои расидан ба ин ҳадаф муттаҳидгардонии неруҳои илмию эҷодӣ, ташаббускории олимону мутахассисон ва мақомоти дахлдори фарҳангу ҳунар ногузир аст.

        Маркази асосии  тарбияи  мутахассисони баландихтисоси соҳаи китобдории ҷумҳурӣ факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”  ба ҳисоб меравад. Айни замон донишҷӯён аз рӯйи ихтисосҳои китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ, бойгонишиносӣ, бойгониҳои аудиовизуалӣ ва фаъолияти ноширӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд.  Дар даврони соҳибистиқлолӣ  факултетро   1794 – нафар донишҷӯ,  аз ҷумла 690 нафар бо таҳсилоти  рӯзона ва 1104 –нафар бо таҳсилоти ғоибона хатм намуда,  дар 1355 китобхонаи давлатию оммавии  ҷумҳурӣ ва берун аз он дар самти баланд бардоштани маънавиёти шаҳрвандон,  тарғиби мероси  пурғановати фарҳанги миллӣ, дастовардҳои даврони  соҳибистиқлолӣ, тарбияи  ҳисси хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, ифтихори миллии аҳолӣ, бахусус насли наврас, ҷалби онҳо ба хониш, таҳкими дӯстии халқҳо ва ташаккули фарҳанги  иттилоотӣ фаъолият доранд. Факултет, инчунин муҳаққиқони ҷавонро дар риштаи магистр ва доктор аз рӯйи ихтисоси (PhD) омода месозад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ хатмкардагони факултет, назири Қ. Ғуломзода дар мавзуи “Ҷанбаҳои асосии маълумоти китобдорӣ дар мисоли мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, М. Мамадазимова “Таъсисёбии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва тағйирёбии он дар солҳои 1933 — 2013”, С. А. Ғуломшоев “ Таърихи кори китобдорӣ  дар ВМКБ”, С. Камолзода “Китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ дар низоми муассисоти омӯзиши Тоҷикистон: таърих, вазъият ва проблемаҳо”, З. Зокирова “Проблемаҳои педагогии созмондиҳии фароғати хонандагони низоми маълумоти касбию техникӣ”, С. Абдумуминзода “Ташаккули фарҳанги касбии китобдорони ояндаи мактабӣ” (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон), М. Ш. Комилов “Фаъолияти китобхонаҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлол” (солҳои 1991-2016) рисолаҳои номзадӣ дифоъ карданд.

Маврид ба зикр аст, ки омӯзгорони факултет дар баробари омодасозии  кадрҳои китобдорӣ дар пажӯҳиши корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ низ нақши созгор доранд. Дар доираи мавзуи илмӣ-таҳқиқотӣ бо унвони «Таҳаввули китобхонаҳо дар даврони ҷаҳонишавии фазои иттилоотӣ» аз ҷониби онҳо маҷмуаи  илмӣ ва якчанд барномаи фаннӣ интишор гардид.  Соли сеюм аст, ки омӯзгорони факултет ба таҳқиқи лоиҳаи илмӣ бо унвони “Таҳқиқи салоҳияти инноватсионии китобдорон  дар раванди хизматрасонии китобдорӣ-иттилоотӣ” машғул мебошанд.  Мақсади асосии таҳқиқот ошкор  намудани сатҳи салоҳияти инноватсионии китобдорони ҷумҳурӣ ва дар заминаи таснифоти илмии «Дараҷаи салоҳиятнокӣ» муайян намудани самтҳои  асосии баланд бардоштани савияи салоҳиятнокии инноватсионии онҳо дар раванди хизматрасонии китобдорӣ-иттилоотӣ ба хонандагон  мебошад. Таҳлилҳо нишон доданд, ки барои баланд бардоштани сатҳи салоҳиятнокии инноватсионии китобдорони оянда дар факултет ва бахшҳои китобдории муассисаҳои таҳсилоти олӣ,  миёнаи касбии ҷумҳурӣ ва низоми такмили итхтисос ва  азнавтайёркунии китобдорон ҷорӣ намудани фанни таълимии “Инноватикаи китобдорӣ” мувофиқи мақсад аст. Дар доираи лоиҳаи мазкур як рисолаи номзадӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифта, 2 рисолаи доктор PhD барои ҳимоя пешниҳод гардиданд.  Инчунин, 2 рисолаи магистрӣ ба анҷом расонида шуд. Муҳаққиқон дар доираи мавзуи илмӣ 2 дастури таълимӣ, 4 барномаи фаннӣ ва 30 мақола ба нашр расонданд.

        Ҳамкорӣ бо марказҳои бузурги китобдорӣ-иттилоотии кишварҳои  хориҷӣ яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти факултет ба шумор меравад. Ҳамкориҳои  байналмилалӣ дар соҳаи китобдорӣ ҳанӯз дар замони шуравӣ оғоз гардида, тадриҷан густариш ёфтанд. Истиқлоли давлатӣ ба сатҳу сифати ин ҳамкориҳо таъсири мусбат расонд. Дар ин давра доираи ҳамкориҳо васеъ гардида, шумораи иштирокдорони онҳо беш аз пеш афзун мегардад. Ҳамкориҳои байналмилалии китобдорӣ дар доираи созишномаҳои байниҳукуматии фарҳангии Тоҷикистон бо мамолики хориҷӣ, ҳамкориҳои мустақими китобхонаҳои калонтарини ҷумҳурӣ бо марказҳои бузурги китобдорӣ-библиографии хориҷӣ ба роҳ монда шудаанд.

Ба шарофати фазои мусоиди истиқлолият барои густариши ҳамкориҳои байналмилалии китобдорӣ имкониятҳои бештар фароҳам омаданд. Соли 2008 дар доираи барномаи омӯзиши Амрико «USAID» омӯзгорони факултет Б. Холов, С. Шосаидов, Қ. Ғуломзода ба шаҳри Линколни ИМА сафар намуда, зимни он курси кӯтоҳмуддати китобдориро дар Донишгоҳи Линколни иёлати Небраска хатм намуда, соҳиби сертификат ва унвони «шаҳрванди фахрии Линколн» гардиданд. Дар доираи барномаи мазкур омӯзгорони факултет  ба яке аз китобхонаҳои калонтарини ҷаҳон — Китобхонаи Конгресси иёлати Вашингтон, инчунин китобхонаҳои илмию оммавии шаҳрҳои Линколн ва  Омаха   шинос  гардиданд. Соли 2013 дар доираи ҳамкориҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин 5 нафар омӯзгори факултет Б. Сайфуллозода, Н. Раҷабова, С. Шосаидзода, Г. Маҳмудов ва Қ. Ғуломзода ба ин кишвар сафари хизматӣ анҷом доданд. Зимни сафар омӯзгорони факултет ба китобхонаҳои калонтарини шаҳри Пекин ва донишгоҳҳои машҳури Ҷумҳурии Мардумии Чин шинос гардиданд. Тибқи нақшаи равобити илмӣ бо дигар муассисаҳои таълимӣ олимони машҳури риштаи китобдории Федератсияи Русия А. Н. Ванеев, В. С. Крейденко, В. В. Скворсов, В. И. Терёшин, Ю. С. Зубов, А. В. Суворова, Е. Леончиков, В. Верёвкина ва дигарон баҳри хондани лексия ва расонидани кумакҳои илмию услубӣ оид ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати раванди таълим, таҳияи нақшаҳои нави он, роҳҳои ҳалли проблемаҳои назариявӣ ва амалии китобу китобдорӣ ба факултет даьват шуда буданд.

Дигар ҷанбаи  муҳимми соҳаи китобдорӣ  дар солҳои соҳибистиқлолӣ барномасозӣ ба ҳисоб рафт. Маврид ба зикр аст, ки  аз ҷониби олимону муҳаққиқони соҳа  шурӯъ аз соли 2005 як силсила барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла  «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ барои солҳои 2006-2015», «Барномаи давлатии компютеркунонии  китобхонаҳои давлатию оммавӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2011- 2013», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027» таҳия гардиданд.

Хотирнишон месозем, ки барномаи мазкур аз ҷониби омӯзгорони факултет дар заминаи таҳлили амиқи илмӣ тарҳрезӣ шуд. Татбиқи ин барнома имкон дод, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол инфраструктураи боэътимоди соҳаи китобдорӣ-иттилоотӣ фароҳам омада, теъдод ва сатҳу сифати фонди китобхонаҳои ҷумҳурӣ бештару беҳтар гарданд ва барои воридшавии китобхонаҳои давлатию оммавӣ ба фазои нави иттилоотӣ заминаҳои устувор муҳайё гарданд. Инчунин, ба туфайли қабули ин барнома тавассути «Корвони китоб»  китобхонаҳои ҷумҳурӣ ҳамасола бо адабиёти тозанашри ватанӣ таъмин мегарданд. Маврид ба зикр аст, ки аз  ҳисоби маблағҳои «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» дар факултети китобдорӣ ва иттилотшиносии Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”  барои мукаммалгардонии  сатҳу сифати таълим ва тарбияи мутахассисони касбӣ чанд теъдод техникаи ҳозиразамон, мизу курсӣ ва ҷевонҳои китобнигоҳдорӣ харида шуданд.

Тайи се соли охир бо ибтикор ва таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ташкил ва баргузор карда мешавад, ки ҳадафи ниҳоии он аз гиромидошт ва арҷгузорӣ ба китоб иборат мебошад. Ин озмун ҷанбаи умумимиллӣ дошта, дар он новобаста аз касбу ҳунар, сатҳи донишу ҷаҳонбинии илмию оммавӣ аксари кулли аҳолии кишвар ширкат варзида тавонистанд. Мояи ифтихор аст, ки донишҷӯёни факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ низ дар номинатсияҳои  гуногуни даврҳои озмун ширкат варзида, ғолибият насибашон гардид. Айни замон онҳо барои ширкат дар даври шаҳрӣ омодагӣ доранд.

Ҳамин тариқ, дар даврони соҳибистиқлолӣ бо талошҳои пайваста ва ташаббусҳои созандаи Сарвари хирадманди давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи китобдорӣ ҳамаҷониба рушд намуда, сатҳи маънавиёти мардум, бахусус наврасону ҷавонон хеле боло рафт. Ин ҳама дастовардҳо маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ насибамон гардиданд. Дар ин росто, бояд зикр намоем, ки Истиқлоли давлатӣ барои ҳар миллат арзиши олӣ дошта, заминаи асосии мавҷудияти давлат ва кафили рушди давлатдории миллӣ ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои арзишманди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва соҳаи китобдорӣ ноил гардид, ки ҳифз ва тақвияти онҳо вазифаи муҳимми ҳар шаҳрванди бонангу номуси ин миллати тамаддунофар мебошад.

 

                                                                                        Б. САЙФУЛЛОЗОДА,     

                                                                                          мудири кафедраи  

                                                                                       китобхонашиносӣ ва

                                                                                       библиографишиносӣ

                                                                       номзади илмҳои педагогӣ,