— Наврӯз вожаи мураккабест, ки аз ду ҷузъ — «нав» ва «рӯз» ташкил шудааст ва ҳамон гуна, ки дар фарҳангҳои тоҷикӣ- форсӣ ифодаи маъно мекунад, мафҳуми «рӯзи нав» аз он бармехезад ва бар нахустин рӯз аз нахустин моҳи соли хуршедӣ тааллуқ мегирад. Дар ин рӯз, онгоҳ ки офтоб ба бурҷи бара интиқол меёбад ва фасли баҳор оғоз мегардад, рӯзи наве аз соли ҷадид низ шурӯъ мешавад. Асли паҳлавии ин вожа «нук руҷ» ё «нӯг рӯз» будааст.

   Ин нуктаро Муҳриддин Низомӣ, ректори Муассисаи давлатии таълимии МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» дар маросими таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ, ки 19 март дар донишкада бо ширкати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори пешини донишкада, профессор Хайриддин Усмонзода, сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Темурзода, шоир ва адабиётшинос Алии Муҳаммадии Хуросонӣ, устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон профессорон — Урватулло Тоиров, Мирзо Солеҳов, Мисбоҳиддини Нарзиқул, Бадриддин Мақсудов, ҳайати устодону донишҷӯён ва намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар ҳузур доштанд, ироа намуд.

   Ректори донишкада устодон ва ҷамъи ҳозиринро бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати миллӣ  ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ  бо Рӯзи фарҳанг,  ки ҳамасола 20-уми  март дар саросари кишвар таҷлил мегардад ва Наврӯзи ҷаҳонӣ, ки дар зеҳну тафаккури миллати тамаддунофари тоҷик ҷойгоҳи махсус дорад, бо беҳтарин ва самимитарин таманниёт табрику муборакбод намуда, барояшон саломатию сарбаландӣ, шодкомию хуррамӣ, саодатмандию нусрат, рӯзгори пурфайзу баракат орзу намуд.  Сипас, таърихи пайдоиши Наврӯзро дар асоси асарҳои таҳқиқотӣ ва сарчашмаҳои илмӣ мавриди таҳлил ва баррасии амиқ қарор дода, тазаккур дод, ки  мутафаккири бузурги халқамон Абурайҳони Берунӣ Наврӯзро “пешонии сол” ҳисобида, ин ойини мардумиро оғози эҳёи табиат ва омили баракати заҳмати деҳқон ва фаровонии хони мардум медонад. Абурайҳони Берунӣ мефармояд: «Наврӯз нахустин рӯз аст аз фарвардинмоҳ ва з-ин ҷиҳат «рӯзи нав» ном кардаанд, зеро ки пешонии соли нав аст, он чи аз паси ӯст, аз ин панҷ рӯз ҳама ҷашнҳост». Наврӯз дар забони арабӣ ба ду сурат зикр шудааст: «ҳам ба чеҳраи мутадовили форсии он «Наврӯз» ба кор рафта ва ҳам ба гунаи муарраб «Найрӯз» истеъмол шудааст».

   Бар пояи иттилои Муҳриддин Низомӣ, дар сарчашмаҳои таърихӣ ва осори донишмандону муҳаққиқони маъруф зикр шудааст, ки замоне тоҷикони ориёитабор дар саргаҳи инқилобҳои ақлии тамаддуни башарӣ қарор доштаанд. Онҳо дар бунёди давлатҳои муташаккилу неруманд, офаридани нахустин арзишҳои фарҳангӣ, низоми одилонаи ҳуқуқӣ, осори ахлоқӣ ва таълифоти илмӣ саҳми беназир гузоштаанд. Ҳаким Умари Хайём дар «Наврӯзнома» мефармояд:  «Сабаби ном ниҳодани «Наврӯз» аз он будааст, ки офтоб дар сесаду шасту панҷ шабонарӯз ва рубъи аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард ва пас аз он подшоҳону дигар мардумон ба ӯ  иқтидо карданд. Чун он вақтро подшоҳони Аҷам дарёфтанд, аз баҳри бузургдошти офтоб онро нишона карданд ва он рӯзро ҷашн сохтанд ва оламиёнро хабар доданд, то ҳамагон онро бидонанд ва он таърихро нигоҳ доранд. Бар подшоҳон воҷиб аст ойину расми мулукро ба ҷой оранд, аз баҳри муборакӣ ва баҳри таърих ва хуррамӣ кардан дар аввали сол. Ҳар ки рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодӣ гузаронад ва ин таҷрибатро ҳукамо аз болои подшоҳон кардаанд».

   Ректори донишкада зимни ироаи сухани шодбошӣ ишора кард, ки Наврӯз асл ва моҳияти фарҳанги миллӣ дар тамоми давра ва мароҳили таърихӣ будааст ва имрӯз зарурати бозшиносӣ ва таҳқиқи ҷиддии Наврӯз ва маросимоти он пеш омадааст.  Мавсуф, ҳамчунин тазаккур дод,  ки  рисолати мо ба унвони меросбарони фарҳангу тамаддуни миллӣ дар  эҳёи  суннатҳои Наврӯзӣ, маросимоти ҷашнӣ ва бар мардум бозгардонидани мушаххасоти ойинӣ зоҳир мегардад. Бинобар ин, муваззафем, ки дар масири бозшиносии арзишҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯзи бостонӣ ҷиддӣ гом бардорем ва Наврӯзро  дар сатҳи баланди ойинӣ ва маросимӣ муаррифӣ созем.

   Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Хайриддин Усмонзода ҳозиринро бо Иди байналмилалии Наврӯз муборакбод намуда, аз ҷумла иброз дошт:  “Наврӯз ба унвони ҷашни фарогири миллӣ ва мардумӣ солҳост, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҷлил қарор мегирад ва ба таври шукӯҳманд доир кардани маросимоти ҷашнӣ, махсусан  дар муҳитҳои илмию маданӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Афзун бар ин,  таҷлили бошукӯҳи Наврӯзи байналмилалӣ дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” аз авлавиятҳои ихтисосӣ, ҳунарӣ ва маданӣ маҳсуб меёбад”.

   Сипас, шоир ва адабиётшиноси маъруфи тоҷик Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ба сухан баромада, аҳли нишастро бо фарорасии баҳору Наврӯз самимона табрик гуфта, барои болида гардондани хотири  ҳозирин чанд ғазали тозаэҷоди худро қироат намуд. Ғазали “Наврӯзӣ” – и ӯ бо ин байтҳо оғоз меёбад:

Бар интизорон мерасад бо ҳусни тоза навбаҳор,

Сарсабз мегардад зи нав саҳрову дашту кӯҳсор.

Баргу гияҳ гул мекунад, дил аз фараҳ гул мекунад,

Хуршеду маҳ гул мекунад дар осмони беғубор.

   Воқеан, Раёсати донишкада ҳамасола ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва фарҳангию ҳунарӣ баргузор гардидани ҷашни бостонии миллӣ аз тамоми имконот истифода мебарад.  Зимнан, маъмурият,  ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада дар ибтидои моҳи марти ҳар сол тадорукоти ҷашнӣ гирифта, то баргузории ид бо ҳузури коршиносону муҳаққиқон ва ҳунармандону коршиносони дохилию берунӣ  чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла семинар-машваратҳои илмӣ-назариявӣ, нишастҳои эҷодӣ ва хонишҳои наврӯзӣ доир менамоянд. Муҳим ин аст, ки дар кори нишасту маҳофили наврӯзӣ омӯзгорони риштаҳои гуногун ва донишҷӯёни донишкада фаъоланд.

   Қобили тазаккур аст, ки тадорукоти ҷашнӣ дар робита бо маросимоти наврӯзӣ дар донишкада аз бомдоди 18 март шурӯъ шуда, то нимаи дуюми рӯзи 19 март идома ёфт. Дар рӯзи аввал бонувони донишкада дар ҳавои шеъру суруд ва оҳангҳои наврӯзӣ расми “суманакпазӣ” ва соири ғизоҳои ҷашнӣ, ки суфраи ҷашниро тазйин медиҳанд, муташаккилона иҷро карданд  ва субҳи рӯзи 19 март рамзи меҳварии Наврӯз — саману ё суманак омода гардид. Ба ин тартиб, саҳаргоҳи рӯзи 19 март донишкада фазои мутантани идона касб кард ва дар саҳни муассиса кафедра ва факултаҳо таҳти навоҳои наврӯзӣ суфраҳои идӣ густурданд ва  дар гӯшаҳои вижа дастовардҳои таълимӣ-методӣ, илмӣ ва эҷодии устодону донишҷӯён ба намоиш гузошта шуд. Дар гӯшаҳои алоҳидаи саҳни наврӯзӣ тамриноти шогирдон ва мусобиқоти гуногуни варзишӣ дар ҷараён буд.

    Пас аз анҷоми маросимоти ҷашнӣ, дар “Наврӯзгоҳ”-и донишкада тантанаҳои наврӯзӣ дар қолаби барномаи махсуси фарҳангӣ-фароғатӣ манзури тамошобинон гардонида шуд. Чорабинии ихтисосии фарҳангӣ ва эҷодӣ, ки аз тарафи Шӯрои бадеии донишкада таҳия гардида буд,  бо прологи наврӯзӣ ифтитоҳ ёфт. Дар прологи наврӯзӣ, ки бо ибтикори кафедраи режиссура таҳия гардида буд,  ҳикмат ва фалсафаи Наврӯз, ки бо шаҳриёри устураии миллӣ — Ҷамшеди Пешдодӣ иртиботи бевосита дорад, бозгӯ шуд.

   Дар барномаи идона  аҳли  ҳунар, аз ҷумла ҳунармандони мардумии Тоҷикистон Ҳаётой Муъминова,  Хосияти Зарафшонӣ, Ҳофизи халқии Тоҷикистон Раҳматулло Ҳошимов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон  Моҳрухсор Сафиева, ки дар баробари фаъолияти ҳунарӣ дар ансамблҳои давлатӣ дар донишкада низ ба ҳайси омӯзгор фаъолият мекунанд, инчунин ҳунарпешаҳои шинохта Алишер Қаноатзода ва Гулпарӣ Орифзода бо суруду таронаҳои наврӯзӣ хотири ширкаткунандагони ин ҷашни бостониро болида сохтанд.

   Дар фарҷоми тантанаҳои наврӯзӣ як гурӯҳ устодони донишкада барои хизматҳои арзанда дар соҳаҳои фарҳангу ҳунар, маорифу илми ватанӣ, саҳми арзанда дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ, хештаншиносию худогоҳӣ, гиромидошти мероси фарҳангӣ ва арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани савияи ғоявию ахлоқӣ ва завқи бадеӣ-эстетикии  донишҷӯёну мутахассисони ҷавон бо Диплом ва Сипоснома сарфароз гардонда шуданд.

   Ҷашни Наврӯзи донишкада дар сатҳи баланди ташкилӣ ва фарҳангӣ доир гардид.

Додоҷон РӮЗИЕВ