Дар фазои илмию фарҳангӣ, адабию маърифатӣ ва сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлол соҳаи китобдорӣ мақом ва афзалияти бештар касб кардааст. Муҳимтарин падида он аст, ки бо ҳидояту роҳнамоии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, китобдориву китобшиносӣ дар мамлакат ба марҳилаи нав ворид шуда истодааст.

   Ба ин васила китобдорӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, зеро китоб як рукни муҳими тамаддуни башар ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсонҳои бофарҳанг мебошад. Табиист, ки китохона дар баробари дигар ниҳодҳои ҷаъмиятӣ ҳамчун маркази муҳими иттилоотрасонӣ аз ин раванд наметавонад дар канор бошад, пас он ҳадафу самтҳои фаъолияташро ба эҳтиёҷоти ҷомеаи иттилоотӣ созгор намояд.

    Баробари китобхонаҳои анъанавӣ арзи вуҷуд намудани китобхонаҳои электронӣ дар самтҳои гуногуни фаъолияти онҳо аз ҷумла коркард, таҳияи феҳристи электронӣ, таҳияи маводи гуногуни библиографӣ ва махсусан, хизматрасонӣ ба хонандагон таѓйироти куллӣ ба амал омад.

  Китобхонаи электронӣ низоми нави дастёбӣ ба захираҳои иттилоотист, ки ба самаранокии хизматрасонӣ дар ин самт мусоидат менамояд, ки он дар баробари китобхонаҳои анъанавӣ ба равандҳои хониш ва хадамоти китобдорӣ таъсири мусбат мерасонад.

   Бо дар назардошти ҳамин талабот дар дастури таълимии омӯзгорони факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Г. Маҳмудов ва

  Б. Холов бо унвони “Истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳо” маводи зарурӣ барои китобдрони китобхонаҳои ҷумҳури пешниҳод шудааст. Омӯзиши маводи мазкур барои кормандони китобхонаҳо имкон медиҳад, ки оид ба масоили фаъолияти китобхонаҳо, аз ҷумла истифодаи технологияи иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар равандҳои гуногуни фаъолияти китобдорӣ, истифодаи барномаҳои худкори соҳа, махсусяти созмондиҳии сомона ва почтаи электронӣ, таъсиси китобхонаҳои электронӣ, таҳияи феҳристи электронӣ, рақамигардонии аснод, баргузории семинару конференсияҳои фосилавӣ, ташкили курсҳои бозомӯзӣ ва ва такмили ихтисоси фосилавӣ ва истифодабарии дастгоҳи маълумотдиҳӣ – библиографии анъанавӣ ва электронӣ, услуби таҳияи дастурҳои библиографии чопӣ ва электронӣ, хизматрасонии библиографӣ ва шаклҳои он дар шароити рушди иттилоотӣ тасаввурот пайдо намоянд.

 

Наботов ШАРИФ,

муовини декани факултаи

китобдорӣ ва иттилоотшиносии

 МДТ “ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода”