Санаи 16-уми майи соли ҷорӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  Форуми рушди сармояи инсонӣ дар мавзуи “Роҳҳо ва усулҳои расидан ба муваффақияти касбӣ” баргузор гардид.      Дар форум ҳайати устодон ва донишҷӯёни МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” ширкат намуда, дастовардҳои донишкадаро ба намоиш гузоштанд.

Бахши тарбия