Бахшида ба пешвози Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Кадбону» дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода баргузор гардид, ки дар он донишҷӯдухтарони фаъол, боистеъдод  ва ҳунарманд ширкат варзиданд.

   Факултети театр, кино ва телевизионро донишҷӯёни курси 1- 2-юми шуъбаи рӯзноманигори телевизион таҳти роҳбарии ҷонишини декани факулта  Адиба Абдуллоева намояндагӣ карданд. Факултети театр, кино ва телевизион аз ҳунарҳои қадимаи гулдӯзӣ- чакандӯзӣ, тоқидӯзӣ, рӯймоли миён, дастрӯмол, ороиши дастурхон бо таъомҳои миллӣ, хӯришҳо ва намудҳои гуногун аз маҳсулоти нонӣ тайёркарда аз қабили фатир, кӯлча, нони гирда, чаппотӣ, кулчақанд, торт ва ғайра, ки маҳсули дасти донишҷӯён – иштирокчиёни озмун буданд, гӯшаеро омода карда ба ҳайати ҳакамон пешниҳод намуданд. Донишҷӯи курси 1-уми шуъбаи рӯзноманигори телевизион Нилуфари Зубайд  суруд дар васфи модарро аз рӯйи шарти хондани суруд, донишҷӯи курси 2-юм аз рӯйи шарти иҷрои  рақс, Бибиноз Хушбахтова аз рӯйи тайёр кардани хӯриш ва ширинӣ, донишҷӯи курси 1-уми шуъбаи мазкур Қазоқова Ёсимин дар шарти ороиши мӯй баромад карда, миёни донишҷӯёни факултаҳои донишкада  ҷойи  дуюмро соҳиб шуданд.

   Озмуни мазкур таҳти роҳбарии раиси Шӯрои занон ва духтарони донишкада Саёра Ғафурова  дар якҷоягӣ бо ноиби ректор оид ба корҳои тарбия Д. Сангинова, гузаронида шуд. Ташкилу баргузор кардани  чунин озмунҳо миёни ҷавондухтарон барои омӯхтани ҳунарҳои миллӣ ва дар оянда аз насл ба насл боқи гузоштани онҳо мусоидат мекунад.

 

Ҳусейн АДБУРАҲИМОВ, донишҷӯи курси 2-юми шуъбаи рӯзноманигори телевизион