Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалисозии сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани завқи китобхонию китобдӯстии ҷавонон санаи 30-31-уми марти соли 2023 чорабинии рӯзи «Дарҳои боз»-ро доир менамояд.
Дар чорабинии мазкур дӯстдорони китоб аз вазорату кумитаҳо, корхонаву ташкилот, муассисаҳои таълимию фарҳангӣ аз ҷумла, ҳайати профессорону омӯзгорон, магистрантон, аспирантон, докторантон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», инчунин қишрҳои гуногуни ҷомеа фаъолона иштирок намуданд.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи китобу китобдорӣ таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир намуда, мардумро ба китобхонӣ ва дӯст доштани китоб ҳидоят менамоянд. Мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, аз 6-уми феврали соли 2020 таҳти № АП-1347, дар бораи нашри китоби академик Бобоҷон Ғафуров-«Тоҷикон» ва ба ҳар оила туҳфа намудани онро бо хушнудӣ истиқбол гирифтанд. Ин иқдоми Пешвои муаззами миллат имкон медиҳад, ки ҳар як сокини кишвар аз таърихи пурифтихори миллати тоҷик ба хубӣ воқиф гардида, дар рушду пешрафти кишвар саҳми фаъол гузоранд. Дар Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик, баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров марҳила ба марҳила нашр гардида, аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳар як оила туҳфа карда шавад».
Маврид ба зикр аст, ки ирсоли туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон-китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба ҳар оила пурра анҷом ёфт.
Фаромӯш набояд кард, ки китоб на танҳо сарчашмаи дониш, балки воситаи муҳими тарбияи маънавии инсон аст.
Сафарзода МАВЗУНА,
коргузори факултети
китобдорӣ ва иттилоотшиносии
МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»