Имрӯз баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ғамхорӣ намудан нисбат ба ятимону бепарасторон ва шахсони ниёзманд бо ибтикори Раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» дар Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии Мактаб — интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе  чорабинии идонаи солинавӣ баргузор гардид.    Дар чорабинии идона намоишномаи солинавии «Туҳфаи Аҷузкампир»  ва сурудҳои фараҳбахши ҷашнӣ  дар иҷрои донишчуёни курси 3-юми шуъбаи актёрӣ, аз рӯи асари Алексей Попов, тарҷумаи Қурбон Собир, таҳти коргардонии Соро Собир  барои барпо намудани фазои идона ва болида намудани  хотири хонандагони Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии Мактаб- интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе  ба маърази тамошо гузошта шуд.    Бояд зикр намуд, ки ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторон ва шахсони ниёзманд дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ҷойгоҳ ва мавқеи хос буда, барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва кору зиндагии онҳо пайваста тадбирҳои судманду самарабахш андешида мешаванд. Саҳни тозаву озода ва биноҳои ободу дорои таъмири замонавии Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии Мактаб- интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе  аз пиёда намудани иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт дарак медоданд.

Омӯзгорону хонандагони Мактаб — интернат намоишномаи солинавии «Туҳфаи Аҷузкампир»  — ро бо завқу шавқ ва диққати тамом тамошо карда, дар ҳавои  сурудҳои ҷолибу фараҳбахш дастаҷаъмона рақсу бозӣ намуданд. Аз истиқболи гарм, шодиву фараҳ ва кафкӯбиҳои бардавом маълум буд, ки муҳтавои намоишномаи солинавии «Туҳфаи Аҷузкампир»  барояшон мақбул гардида, арафаи соли нави мелодӣ бо лаҳзаҳои хубу фаромӯшношуданӣ дар  хотирашон нақш мебандад.   Баъд аз тамошои намоишномаи солинавии «Туҳфаи Аҷузкампир»  директори Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии Мактаб- интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе  Раъно Раҳимзода ба Раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» барои ба маърази тамошо гузоштани намоишномаи солинавии «Туҳфаи Аҷузкампир»  ва ба ҳамин васила болида гардондани хотири тарбиятгирандагони Мактаб – интернат изҳори сипос намуда, давом додани ҳамкориҳои мутақобилан судмандро муҳим арзёбӣ кард.

Синои АБУАЛӢ