Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” дар доираи чорабиниҳои идонаи солинавӣ бо ибтикори раёсати муассиса дар пайравӣ аз сиёсати инсондӯстонаву иқдомоти хайрхоҳонаи роҳбарияти олии мамлакат, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи соли нави мелодӣ бо 22 донишҷӯи донишкада, ки ятиму маъюб ва ниёзманд мебошанд вохӯрӣ гузаронида шуда, ба онҳо мукофотпулӣ ва туҳфаҳои идона тақдим карда шуд. Зимни вохӯрӣ ректори донишкада Муҳриддин Низомӣ донишҷӯёнро ба муносибати фаро расидани соли нави мелодӣ муборакбод намуда, таъкид намуд, ки вазъи доимии зиндагонӣ ва ҳолати таҳсили донишҷӯёни имконияташон маҳдуд ва ниёзманди донишкада ҳамеша зери таваҷҷуҳи махсус қарор дошта, нисбат ба онҳо ғамхории ҳамешагӣ зоҳир мегардад. Дар интиҳои суханронии худ роҳбари донишкада ба донишҷӯён саломатии доимӣ ва хониши хубу аъло таманно намуда, чунин иқдоми наҷибро илҳом гирифтан аз сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвон намуд.
Бояд қайд намуд, ки Ҳукумати кишвар ба масъалаи ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини ятимону маъюбон ва пиронсолону бепарасторон мунтазам ғамхорӣ зоҳир карда, барои беҳтар сохтани шароити иҷтимоии онҳо тадбирҳои саривақтиро амалӣ менамояд. Раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” низ дар ҳошияи ин самти муҳимми сиёсати Ҳукумати кишвар бо истифода аз имкониятҳои худ нисбат ба донишҷӯёне, ки ятиму маъюб ва ниёзманд мебошанд, ғамхории ҳамешагӣ зоҳир менамояд
Синои АБУАЛӢ