Имрӯз баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ғамхорӣ намудан нисбат ба ятимону бепарасторон ва шахсони ниёзманд бо ибтикори бевоситаи ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ дар арафаи  иди Рамазон ба кӯдаконе, ки дар Муассисаи давлатии “Хонаи кӯдакони №1 барои ятимону бепарасторон”-и шаҳри Душанбе таҳти парасторӣ ва ғамхории Ҳукумати кишвар қарор доранд, туҳфаҳои идона тақдим карда шуд.            Ин амали шоиста ва некро як гурӯҳ устодони донишкада бо роҳбарии муовини ректор оид ба корҳои эҷодӣ, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандони донишкада Хайруллозода Баҳрулло анҷом дода, таманниёти ректори донишкадаро ба маъмурияти Муассисаи давлатии “Хонаи кӯдакони №1 барои ятимону бепарасторон”-и шаҳри Душанбе ва кӯдакон расониданд.

     Бояд қайд намуд, ки Ҳукумати кишвар ба масъалаи ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини кӯдакони ятиму маъюб ва пиронсолону бепарасторон мунтазам ғамхорӣ зоҳир карда, барои беҳтар сохтани шароити иҷтимоии онҳо тадбирҳои саривақтиро амалӣ менамояд. Раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” низ дар  ҳошияи ин иқдоми муҳимми сиёсати мардумпарваронаи Ҳукумати кишвар бо истифода  аз имкониятҳои худ нисбат ба ин қишри ҷомеа ғамхориҳои ҳамешагӣ зоҳир менамояд

ҚУДРАТОВ Сино