Субҳи имрӯз дар саҳни бинои Муассисаи давлатии нашриявии «Адиб» дар партави озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва бахшида ба рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ намоиш ва рӯнамоӣ китобҳои тозанашри нашриёти давлатии «Адиб», ки аз ҳисоби фонди захиравии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи чоп омаданд, баргузор гардид.

     Дар ин чорабинӣ китобҳои «Маснавии маънавӣ» — и Ҷалолуддини Румӣ дар се ҷилд аз силсила китобҳои «Ахтарони адаб», «Чароғи лола» — и Муҳаммад Иқбол, «Ошёни хор» — и Халилуллоҳ Халилӣ, «Шеъри ангур» — и Нодири Нодирпур, «Ашъори мунтахаб» — и Абулқосим Лоҳутӣ, «Наводир — ул вақоеъ» — и Аҳмади Дониш ва «Мунтахабот» — и Садриддин Айнӣ, инчунин китоби Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад «Шаҳсутун», шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ «Дасти дуои модар», маҷмӯаи шеърҳои Шоири халқии Тоҷикистон Озарахш «Парвона зинда аст», маҷмӯаи рубоиҳои шоир, муҳаққиқ ва таърихнигор Муҳтарам Ҳотам бо номи «Дафтари рубоӣ», китоби нависанда ва рӯзноманигор Неъматулло Худойбахш бо номи «Гушвори тилло», китоби шоири халқии Тоҷикистон Камол Насруллоҳ андар шинохти шеър бо номи «Шеър чист, шоир кист?», китоби таҳқиқии шоири халқии Тоҷикистон Рустами Ваҳҳоб «Ҳазор байт», ашъори нави шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб бо номи «Сад соли танҳоӣ» — и Габриэл Гарсио Маркес дар тарҷумаи Абдуғаффор Абдуҷаббор ва дигар китобҳое, ки нашриёт ба тозагӣ ба таб расонидааст, ба марази ҳаводорон ва дӯстдорони каломи бадеъ пешниҳод гардид.

     Инчунин дар ин рӯз маҷмӯаи шеърҳои 5 — нафар шоирони ҷавон, Баҳром Раҳматзод бо номи «Ман аз табори дарахтам», Бузургмеҳри Баҳодур «Соғари садо», Муҳриддини Сабурӣ «Накҳати овешан», Толиби Луқмон «Сарводаҳо аз ҷодаҳо» ва Бузургмеҳри Тоҷиддин «Дили оинабанд», ки аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйи чоп омаданд, дар баробари осори гаронбаҳои Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ ва силсила китобҳои «Ахтарони адаб» ба намоиш гузошта шуданд.

     Боиси хурсандист, ки дар ин рӯз аҳли адаб ва хонандагону донишҷӯён бо нахустшумораи маҷаллаи бадеӣ — публисистии нашриёт бо номи «Адиб» ошно гардида, бо роҳбарияти Муассисаи давлатии нашриявии «Адиб» барои чунин иқдоми нек ва фарҳангдӯстонаашон изҳори сипос ва хурсандӣ карданд.

     Алоқамандони китоб аз вазорату кумитаҳо, корхонаву ташкилотҳо, муассисаҳои таълимию фарҳангӣ, аз ҷумла ҳайати профессорону омӯзгорон, магистрон, аспирантон, докторантон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва саъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», инчунин қишрҳои гуногуни ҷомеа фаъолона иштирок намуданд.

Зафари ШАРИФ,

Наботов ШАРИФ

омӯзгорони МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»