Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”  бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ – назариявӣ ва чорабинии фарҳангӣ баргузор мегардад. Раёсати донишкада вобаста ба ин ҷашнҳои муҳимми давлатӣ маҷмуаи мақолаҳои илмию оммавии устодону кормандон ва магистрону унвонҷӯёни донишкадаро дар шакли китоб бо унвони  “Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди фарҳанги миллӣ” ва шумораи ҷашнии нашрияи “Олами ҳунар” — ро ба нашр расонд.

Китоби мазкур фарогири мақолаҳои илмӣ — оммавии устодону кормандон ва магистрону унвонҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” оид ба нақши Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ, ташаккули давлатдории миллии тоҷикон, барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ ва хидматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Аз мутолиаи китоб хонанда огоҳ мегардад, ки арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихию фарҳангӣ, расму оинҳои мардумӣ, инчунин баргузории солгарди бузургони илму адаб, сиёсат, маориф ва фарҳанги гузаштаву муосир, тарғибу ташвиқ, таҳқиқ ва таълими осору афкори онҳо, ҳифзи мероси адабию фарҳангӣ ва таърихиву илмӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ, бешубҳа, аз сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат сарчашма мегиранд.

          Китоб ба доираи васеи хонандагон пешниҳод гардида, мураттибони он муовини ректор оид ба илм ва рушди инноватсионии МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикитстон ба номи Мирзо Турсунзода”, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Аминӣ Алишер ва котиби Шурои олимони донишкада Синои Абуалӣ мебошанд.

Додоҷон РӮЗИЕВ