Дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», 2 сентябр, таҳти ҳамин унвон вохӯрӣ баргузор гардид. Дар он Шокарим Шаъбонов — коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исфандиёр Собирзода — ректори Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти адлия ва хадамоти ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафаралӣ Довудзода — муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Мансур Рамазонзода — сардори шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Хуршед Абдуев — ассистенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Муҳаммадтолиб Шокирзода — мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, инчунин ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни донишкада иштирок доштанд.

     Ба вохӯрӣ ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ Муҳриддин Низомӣ бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, перомуни маъракаи муҳимми сиёсии дар пешистода — интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли 2020 баргузор мегардад, ибрози андеша намуд. Мавсуф зикр кард, ки баҳри дар сатҳи баланди ташкилӣ ва бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор намудани интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон заминаи устувори меъёрии ҳуқуқӣ мавҷуд аст. Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тақвияти ҳамгироии иҷтимоӣ дар ҷомеа ва рушди минбаъдаи Тоҷикистони азизи мо мусоидати комил менамояд. Мардуми сарбаланди Тоҷикистон, ки маърифат ва фарҳанги баланди ҳуқуқӣ доранд, дар ин маъракаи муҳимми сиёсӣ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ширкат варзида, барои шукуфоии кишвар, пойдории сулҳу суботи сартосарӣ, ояндаи неки Тоҷикистони азиз, рушди иқтисод, таъмини сатҳи зиндагии арзанда, пирӯзӣ ва саодати миллати соҳибфарҳанг, куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик раъй медиҳанд.

     Ректори донишкада нақши ҷавононро дар пешрафту шукуфоии кишвар мусбат арзёбӣ намуда, тазаккур дод, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷавонони кишвар низ бо истифода аз шароити барои онҳо фароҳамовардаи давлат ва Ҳукумати мамлакат вазифаҳои худро бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ иҷро менамоянд ва ҳамчун насли ташаббускору ояндасоз ба корҳои созандаю бунёдкорона машғул мебошанд. Гуфта шуд, ки дар шароити торафт мураккаб гардидани авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва вусъатёбии таҳдиду хатарҳои нав ба амнияти давлатҳо ва сокинони сайёра, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ҷавонон бояд ҳушёру фаъол ва барои ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату халқи худ ҳамеша омода бошанд.

     Коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокарим Шаъбонов мавзӯи «Интихобот дар шароити рушди ҷомеаи иттилоотӣ. Технологияҳои интихоботӣ ва моҳияти истифодаи онҳо дар замони муосир”-ро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба чӣ гуна гузарондани интихоботи президентӣ дар замони муосир маълумоти муфассал дод. Бар пояи иттилои ӯ, бо мақсади таъмини шаффофият дар раванди ташкил ва баргузор намудани интихобот Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз дастовардҳои нави иттилотӣ ва усулҳои ҷадиди ҳамкорӣ бо ВАО истифода менамояд. Номбурда изҳор намуд, ки нақши иттилоот дар замони мо хеле муҳим буда, мардум аз барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо махсусан тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ огаҳ гардида, номзади арзандаи хешро интихоб менамоянд. Иштирок дар интихобот ҳатмӣ буда, ҳар як овоз баҳри рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар нақши ҳалкунанда мебозад.

     Ректори Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти адлия ва хадамоти ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Собирзода мавзӯи «Маърифати ҳуқуқӣ ва нақши он дар ташаккули шахсияти ҷавонон» — ро ба риштаи таҳлил кашида, иброз дошт, ки пешрафту тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон вобастагии калон дорад. Ҳукумати мамлакат барои насли ояндасози миллат, ба таҳсилу кор фаро гирифтани онҳо тадбирҳои муассир андешида, барояшон шароитҳои муносибро муҳайё сохтааст. Ҷавонон бояд аз ин шароитҳо самаранок истифода баранд ва ба қадри ғамхориҳои давлату Ҳукумат бирасанд. Ин қишри ҷомеа бояд воқеъбин бошад, сиёҳро аз сафед фарқ карда тавонад. Дар ин росто ҷавонон бояд барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқиашон пайваста саъю талош намоянд. Зеро маърифати ҳуқуқӣ дар ташаккули шахсияти кас нақши муҳим мебозад. Ба андешаи Исфандиёр Собирзода, «инсонро эҳтиром кардан ин маърифат аст. Ба ҳаёту номуси шахс дахолат накардан ин маърифати ҳуқуқӣ мебошад. Ба ҳимояи ҳар пораи хоки Ватан омода будан аз сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии мо дарак додан аст».

     Сафаралӣ Довудзода, муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва нақши ҷавонон дар он» суханронии пурмуҳтавое карда, ҷавононро неруи асосӣ ва ояндасози кишвар муаррифӣ намуд. Номбурда иброз дошт, ки низоми босуботи тартиботи ҷамъиятӣ ба рафтору ақидаҳои ҷавонон алоқамандии зич дошта, маҳз ҷавонон барои пойдории осудагӣ сипари боътимод шуда метавонанд. Зимни таҳлилҳои оморӣ оид ба ҳаёту фаъолияти ҷавонони кишварҳои гуногун, аз ҷумла мамлакатҳои пешрафтаи дунё мисолҳо оварда, дар муқоиса бо онҳо ҷавонони моро дорои ҳувияти баланди миллӣ ва аз ҷавонони саодатманди дунё эътироф намуд. Инчунин, зикр намуд, ки ҷавонон бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, ақидаҳои номатлуби ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротиро маҳкум созанд ва дар ҷамъият намунаи ибрат бошанд.

     Хуршед Абдуев, ассистенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар мавзӯи «Илму маърифат асоси муқовимат бо терроризму экстремизм» суханронӣ намуда, зикр кард, ки ба шарофати касби Истиқлолияти давлатӣ, пойдории сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ, ҳамчунин азму талошҳои ватандӯстонаи мардуми тоҷик зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати хирадмандони пешгирифтаи ин абармарди олами сиёсат дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, назири иқтисодиёт, сиёсат, илму маориф ва фарҳанг дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Роҳбарияти олии мамлакат ба рушди соҳаҳои илму маориф таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд ва дар ин самт қонуну қарорҳои дахлдор ва барномаҳои мукаммал низ қабул гардидаанд. Мавсуф илму маърифатро асоси муқовимат бо терроризму экстремизм маънидод намуда, тазаккур дод, ки «ташаккули шахсияти ҷаҳонбинии илмидошта боиси фаъолияти бомақсаду пурғановати ӯ дар ҷаҳони муосир мегардад. Ӯ ба дунё бо чашми ақлу хирад ва илму маърифат нигариста, ба шахсияти созанда табдил меёбад».

     Муҳаммадтолиб Шокирзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки дар мавзӯи «Худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандории ҷавонон омили таҳкими субот дар ҷомеа» суҳбат мекард, худшиносии миллиро шарти зарурии ҳастӣ ва як ҷузъи асосии пешрафту тараққиёти миллат маънидод намуд. Инчунин, зикр сохт, ки дар шароити кунунӣ тарбияи ифтихори давлатдорӣ, ватандӯстӣ ва худшиносию худогоҳии миллии ҷавонон бояд дар мисоли кору пайкори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, дар меҳвари фаъолияти ҳаррӯзаамон қарор гирад.

     Дар охир иштирокдорони вохурӣ перомуни мавзӯъҳои фавқуззикр табодули афкор намуда, баргузории интихоботи навбатии президентиро, ки яке аз маъракаҳои муҳимми сиёсӣ мебошад, тақдирсоз номиданд. Пешниҳод шуд, ки то баргузории интихоботи президентӣ чунин вохӯриҳои судманд мунтазам гузаронда шаванд.

Додоҷон РӮЗИЕВ