16 — сентябри соли равон дар толори фарҳангии хобгоҳи Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», вохӯрии  раёсати донишкада бо донишҷӯён тахти унвони «Интихобот-пойдевори ояндаи дурахшон»  баргузор гардид.   Вохӯриро ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ Муҳриддин Низомӣ бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, перомуни маъракаи муҳимми сиёсии дарпешистода — интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли 2020 баргузор мегардад, ибрози андеша намуд.  Мавсуф зикр кард, ки ҳар падида ва раванде, ки дар ҷомеа ба вуҷуд меояд, он пеш аз ҳама ифодакунандаи талаботу манфиатҳои аъзоёни ҷомеа мебошад. Яке аз чунин рӯйдоди муҳим дар ҳаёти сиёсии ҷомеа интихобот аст. Агар ба таърих ва раванди ташаккули интихобот таваҷҷуҳ намоем, маълум мегардад, ки интихобот дар ҷомеа баробари сиёсат зуҳур намуда, то замони муосир чи дар ҷомеаҳои анъанавӣ ва чи дар ҷомеаҳои демократӣ дар шаклу навъҳои гуногун арзи ҳастӣ намудааст. Аммо интихобот ҳамчун раванд ва унсури муҳимми сиёсат маҳз дар ҷомеаи демократӣ ба таври зарурӣ шакл гирифта, усул ва вазифаҳои асосии худро соҳиб гардидааст. Бояд зикр намуд, ки зарурати асосии ба вуҷуд омадани интихоботро дар ҷомеа маҳз созиш ва ризояти гурӯҳҳо ҳангоми ташкил намудани ҳокимият, пешгирии низоъҳо, тақсим ва ҳимояи манфиатҳо ташкил медод.

       Дар шароити муосир низ давлатҳои демократӣ интихоботро ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа истифода менамоянд. Ҳар як ҷомеаи демократӣ танҳо тавассути интихобот иштироки шаҳрвандонро дар ташаккули давлатдорӣ, устувории волоияти қонун ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳамчунин, таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии ҳар шаҳрванд кафолат дода метавонад. Хушбахтона, Ҷумҳурии  Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, тамоми пояҳои  давлатдориро аз тариқи раъйпурсӣ ва интихобот эҳё, барқарор ва устувор намудааст. Маҳз самараи ҳамин раванд буд, ки имрӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳафтгонаи беҳтарин конститутсияҳои давлатҳои пешрафта шомил гаштааст.

       Интихобот дар равандҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад, зеро як нишона ва принсипи асосии мавҷудияти ҷомеаи демократиро дар давлат интихобот ва низоми интихоботӣ ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, дар Конститутсия Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ гардидааст. Яъне, нақши интихобот ҳамчун восита дар воқеъ гардидани ҳокимияти халқ бузург аст. Мардум тавассути интихобот шахсиятҳои арзанда ва мувофиқро пайдо намуда, онҳоро ҳамчун роҳбар ва ҳимоятгари манфиатҳои хеш интихоб менамоянд.

     Дар идомаи суҳбат Раиси участкаи комиссияи интихоботии №62 Бозорбой Холов таъкид намуд, интихоби Президент тавассути райъпурсии умумихалқӣ, ки яке аз пояҳои асосии давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, аз меъёрҳои асосии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд бармеоянд ва таъминкунандаи ҳуқуқҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба шумор мераванд, сурат мегирад. Ба ибораи дигар, интихобот – ҳалли масъалаҳои дар ҷомеа, бахусус ҷомеаи ҷавони Тоҷикистон бавуҷудомадаро ба таври осоишта дар доираи қонунҳои амалкунанда ва бо усулҳои сиёсӣ таъмин менамояд.

     Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихобот номзадҳои касбу кори гуногун, ки 10-соли охир дар мамлакат зиндагӣ ва фаъолият менамоянд, метавонанд номзадии худро пешниход намоянд. Ин барои мардуми шарафманди Тоҷикистон як фоли нек буда, умедвории моро ба ояндаи дурахшон, осмони софу беғубори Ватан ва рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ устувортар менамояд. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки тайи солҳои охир ҷавонони соҳибтаҷриба бо нерӯи тавоно, фикру андешаҳои тоза ва нигоҳи замонавӣ дар вазифаҳои масъулиятнок роҳ меёбанд ва расидан ба ҳадафҳои милливу вазифаҳои оянда воқеият пайдо мекунад.

     Интихобот ҳамчун маъракаи муҳимми сиёсӣ вазифаҳои гуногун дошта, он дар рушди тамоми соҳаҳои ҷамъият нақши бузургро иҷро мекунад. Амалӣ гардидани чунин вазифаҳо боис мегардад, ки минбаъд дар ҷомеа суботи сиёсӣ, амнияти миллӣ, созиш ва ҳамгироии манфиатҳо, рушди инфрасохторҳои муҳими давлат ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ имконпазир бошад.

     Аз ин рӯ, шаҳрвандони ҷумҳурӣ, бахусус ҷавононро зарур аст, ки дар ин маъракаи муҳимми сиёсӣ фаъолона иштирок намуда, мавқеи худро дар интихоби Сарвари давлат муайян созанд. Шаҳрвандон бояд огоҳ бошанд, ки бетарафӣ дар интихобот падидаи манфӣ аст ва интихобот воситаи муҳимми амалигардии ҳокимияти шаҳрвандон аст, пас дар ин раванд ҳар яки онҳо бояд фаъолнокии бештари сиёсӣ зоҳир намоянд.

     Дар охири чорабинӣ рохбарияти донишкада ба саволҳои донишҷӯён оид ба интихоботи дарпешистода посух доданд ва таъкид намуданд, ки чунин вохӯриҳои судманд минбаъд низ баргузор хоҳанд шуд.

Зафари ШАРИФ

декани факултаи

китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ