Субҳи 11 — уми октябри соли 2020 дар участкаи интихоботии №62 ҳавзаи Сино — 4 воқеъ дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

 Дар участкаи интихоботӣ тибқи муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба интихобот тамоми меъёрҳои муқарраргардида роҳандозӣ шуда буданд. Хонаи модару кӯдак ва бунгоҳи тиббӣ дар ихтиёри интихобкунандагон қарор доштанд.

Дар интихобот мушоҳидони байналмилалӣ аз Итиҳоди давлатҳои мустақил (СНГ) ва мушоҳидони миллӣ ҳузур доштанд. Дар ин маъракаи муҳимми сиёсӣ, ки дар фазои озоду шаффоф баргузор гардида истодааст, то соати 13:00 зиёда аз 700 нафар интихобкунандагон овози худро доданд. Онҳо бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ ба ҷонибдории номзади арзандаи худ раъй доданд.

 

Ба участкаи интихоботӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ва муовини вазири Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода ташриф оварда, мутобиқи муқаррароти қонунгузорӣ ба ҷонибдории номзади арзандаи худ овоз доданд. Дар ин маърака ҷавононе, ки синнашон ба 18 расида буд, ва бори аввал ба интихобот омаданд бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Дар ин лаҳзаҳо мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои озоду шаффофи интихоботӣ бо эътимод ба имрӯзу фардои дурахшони Ватани маҳбуб дар маъракаи муҳимми сиёсӣ — интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи шаҳрвандии худро иҷро намуда истодаанд.

Бино ба иттилои раиси участкаи интихоботии мазкур Бозорбой Холов, то ҳол зиёда аз 700 нафар ба участка ҳозир шуда, овози худашонро доданд.

Аз рӯи мушоҳидаи мо интихобот ба таври шаффоф баргузор гардида, интихобкунандагон бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва пуштибонӣ аз сиёсати созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарафдории номзади арзандаи худ овоз дода истодаанд.

Айни ҳол ҷараёни интихобот идома дорад.

Зафари ШАРИФ,

Декани факултети

китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ