13 июн дар синфхонаи  27 имтиҳони эҷодӣ аз  фанни маҳорати актёрии донишҷӯёни курси 2-юми шуъбаи санъати актёрӣ  доир гардид. Маҳорати актёриро ба донишҷӯёни ин гурӯҳ Ҳунармандони халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Марям Исоева ва Раҷабгул Қосимова аз мактаби ҳунарии худ таълим дода,  малакаи касбии онҳоро  дар соҳаи интихобкардаашон баланд  мебардоранд.

 

   Аз  рӯи барномаҳои таълимӣ соли дуюми хониш ба он равона карда шудааст, ки  донишҷӯён аз этюдҳо ба саҳначаҳои хурд гузаранд. Дар ин зинаи донишазхудкунӣ донишҷӯён ҷои баргузории воқеа, қабул кардани ҳамбоз, аз ҳолати додашуда ба ҳолати дигар гузаштан, дидан, шунидан ва ҷавоби мувофиқ доданро дарк ва аз худ мекунанд. Дар рафти таълим донишҷӯён образҳои  манфӣ  ва   мусбатро  фарқ карда,  ба ҳолатҳои қаҳрамонҳои асарҳои лирикӣ, мазҳакавӣ ва фоҷеавӣ сарфаҳм мераванд.

   Омӯзгорон кӯшиш карданд, ки тавассути интихоб ва ба саҳна гузоштани порчаҳо аз асарҳои драматургони тоҷик донишҷӯёнро ба осори гаронарзиши  драматургони тоҷик С. Улуғзода, Ғ. Абдулло,  А. Ҳамдам, А.  Атобоев  шинос намуда,  ҳунари дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2018-2019 аз худкардаи  онҳоро пешкаши ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯён гардонданд.  Нақшҳои офаридаи донишҷӯён  С. Охунов, Ш. Валиев, Гулмираи А., Н. Расулов, Г.  Шакарова,  А. Неъматов, М. Собирзода, А. Абдуназаров, Ҳ.  Юсупов, М. Содиқов, Д. Хоҷаев, М. Носирова, Н. Эрбоев, М. Пираков, М. Пираков, С. Чӯпон, А. Каримов , ки натиҷаи заҳматҳои устодон дотсент- Р. Қосимова, профессор М. Исоева дар тарбияи онҳо дида мешавад, хеле хуб ва тамошобоб буданд.

   «Домоди сохта», «Бонги хатар»- и А. Атобоев, «Ҷавонии Сино», «Ривояти суғдӣ»-и С. Улуғзода, «Фарёди ишқ»-и Ғ. Абдулло, «Хок бар сарам»-и А. Ҳамдам   ва «Ман, бибиам, Илико ва Илларион»-и Н. Думбадзе аз зумраи он асарҳое мебошанд, ки ба қалами драматургони тоҷик муттаалиқ буданд ва порчаҳо барои супоридани имтиҳони маҳорати актёрӣ аз рӯи онҳо сурат гирифт.

   Ҳунармандони  халқии  Тоҷикистон Р. Қосимова  ва М. Исоева кӯшиш намуданд, ки дар имтиҳон барои ҷолибият ва ифодаи бадеии  порчаҳо аз сару либос, мусиқӣ, ашёҳо  истифода  кунанд. Истифодаи сару либос ва бо ашёи хоси саҳна кор кардани донишҷӯён муҳити ҳамон давраи қаҳрамон, хислати онро муайян мекунад ва таъсири порчаҳоро дучанд  меафзояд.

   Муҳокимаи имтиҳони маҳорати актёрӣ дар кафедра сурат гирифта, аз ҷониби устодони собиқадор, ҷиҳати дар оянда боз ҳам беҳтар намудани маҳорати касбии донишҷӯён, машваратҳо дода шуд.

   Дотсент -Р. Қосимова иброз доштанд, ки дар соли сеюми таҳсил ҳамроҳи донишҷӯён порчаҳои мукаммал аз  асарҳои  драматургони тоҷику хориҷро рӯи саҳна хоҳанд овард.

Бобоҷон РАҲИМОВ, мудири бахши мониторинги сифати таҳсилоти ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода