Дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» имтиҳонҳои тахассусҳои  эҷодӣ дар ҷараёнанд, ки дар онҳо донишҷӯён бо ба намоиш гузоштани саҳначаҳои хурд маҳорату истеъдод ва малакаи нақшофаринии худро ба устодон пешниҳод менамоянд. Имрӯз дар синфхонаи  27 имтиҳони эҷодӣ аз  фанни маҳорати актёрии донишҷӯёни курси 2-юми шуъбаи санъати актёрӣ  доир гардид, ки дар он муовини ректор оид ба таълим Фарҳод Махсудзода, муовини ректор оид ба корҳои эҷодӣ Баҳрулло Хайруллозода, устодни кафедра ва донишҷӯён иштирок намуданд. Барномаи имтиҳони эҷодӣ аз 12 саҳначаи хурд иборат буд, ки зери роҳбарии муаллими кафедра Беҳзод Қурбонзода омода гардида, роҳбари бадеии он Ёрова Моҳпайкар мебошад.

    Саҳначаҳои хурди ба намоишгузоштаи донишҷӯёнро устодон ба мавриди қабул дониста, баҳои баланд доданд. Бояд зикр намуд, ки аз  рӯи барномаҳои таълимӣ соли дуюми хониш ба он равона карда шудааст, ки  донишҷӯён аз этюдҳо ба намоиш додани саҳначаҳои хурд мегузаранд. Дар ин зинаи донишазхудкунӣ донишҷӯён ҷои баргузории воқеа, қабул кардани ҳамбоз, аз ҳолати додашуда ба ҳолати дигар гузаштан, дидан, шунидан ва ҷавоби мувофиқ доданро дарк ва аз худ мекунанд. Дар рафти таълим донишҷӯён образҳои  манфӣ  ва   мусбатро  фарқ карда,  ба ҳолатҳои қаҳрамонҳои асарҳои лирикӣ, мазҳакавӣ ва фоҷеавӣ сарфаҳм мераванд.

     Муҳтавои саҳначаҳои хурди ба намоишгузоштаи донишҷӯён аз ҳаёти рӯзмарраи замони мо гирифта шуда, хислатҳои бад, рафторҳои ба ҷомеа зарароварро маҳкум намуда, некӣ кардан, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва китобхониро тарғиб менамоянд.

          Муҳокимаи имтиҳони маҳорати актёрӣ дар кафедра сурат гирифта, аз ҷониби устодони собиқадор ҷиҳати дар оянда боз ҳам беҳтар намудани маҳорати касбии донишҷӯён машваратҳо дода шуд.

Синои АБУАЛӢ