16-уми ноябри соли 2022 дар Маҳфили илмии «Бойгонишиносони ҷавон»-и кафедраи бойгонишиносии факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили илмӣ таҳти унвони “Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – оғози давлатдории навини тоҷикон” баргузор гардид.      Дар маҳфил омӯзгорон ва донишҷӯёни кафедраи бойгонишиносӣ, аз ҷумла мудири кафедраи бойгонишносӣ, роҳари маҳфили илмӣ, н.и.т., дотсент Мамадазимова М., декани  факулта Зафари Ш., муовини декан Наботов Ш., омӯзгори калони кафедра Холмуродов Д., Холибоева Н., омӯзгорон Раҷабов А., коргузори кафедра Аламуродова Г., мудири Китобхони илмии донишкада Гулов С., китобдорони китобхона ва донишҷӯёни кафедра ширкат варзиданд.

     Дар оғози маҳфил мудири кафедра доир ба аҳамияти таърихию сиёсии Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, ба маҳфил ҳусни  оғоз бахшид.

Дар маҳфил омӯзгори калони кафедра Холмуродов Д., ки дар он замон иштирокчӣ ва корманди дастгоҳи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, оид ба рафти тайёрӣ ва гузаронидани Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, зикр сохт, ки дар он давраҳои ҳассоси таърихӣ  барқарор кардани сулҳ ва расидан ба ваҳдати миллӣ кори осон набуд. Барои барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат ва дигар фарзандони сарсупурдаи миллат заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ намуда, бо иродаи матин ва ҷасорату шуҷоати худ моро ба ин рӯзҳои нек расонданд.

Маҳз ҳамин талошу кӯшишҳои Пешвои муаззами миллат буд, ки мо имрӯз дар фазои озод кору зиндагӣ карда истодаем. Дар ҳақиқат, дар он замони муташанниҷ Пешвои миллат ягона шахсияте буданд, ки бо боварии том гуфта буданд: “Ман худ тарафдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошам, то ҳар як нафари гурезаро ба Ватан бар нагардонам, ором буда наметавонам”. Ва имрӯз ман бо боварии том гуфта метавонам, ки ҳар як сухани кардаашонро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ намуданд.

Баъдан, омӯзгори калони кафедра Холибоева Н. дар мавзуи “Иҷлосияи ХVI – сарнавишти Тоҷикистони соҳибистиқлол” маъруза кард. Мавсуф дар маърузаи хеш аҳамияти бузурги таърихӣ доштани ин ҷашни миллиро зикр намуда, иброз дошт, ки яке аз санаҳои бузурги таърихӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ин баргузории Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар таърихи навини тоҷикон нақши барҷаста гузошт.

Имрӯз ҳар яки мо — ҷавононро зарур аст, ки аз ин фазои озоди истиқлолият истифода бурда, барои ояндаи дурахшони давлату миллатамон саҳми назарраси худро гузорем ва таҳти шиори “Тоҷикистон ба пеш!” амал кунем.

Дар тақвияти ин гуфтаҳо омӯзгори кафедра Раҷабов  А., андешаҳояшро баён намуда, иброз дошт, ки ҳар як даврабандии таърихиро мо насли оянда танҳо аз рӯи коғаз хонда метавонем. Бинобар ин, имрӯз ҳар яки моро зарур аст, ки аз таҷрибаи ҳаёт ва кору рӯзгори шахсони воқеии давраҳои гуногуни таърихӣ бархӯрдор бошем.

   Дар анҷоми маҳфил мудири кафеда ба ҳамаи иштирокчиён, инчунин ба мудири Китобхонаи илмӣ ва кормандони он, омӯзгорону донишҷӯён миннатдории худро баён намуд.

Нарзиой ХОЛИБОЕВА,

муаллими калони кафедраи

бойгонишиносӣ

Раҷабов Абдукарим

омузгори кафедраи бойгонишносӣ