Дар Муассисаи давлатии Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб филиали кафедраи режиссура ва продюсерии факултети санъати театрӣ ва режиссураи МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» мавриди истифода қарор гирифт.
Зикри ҳамин нукта бамаврид аст, ки мардуми фарҳангдӯсти шаҳри Кӯлоб ба хотири пешрафти илму маориф ва санъату ҳунар ҳамеша кӯшиш мекунанд ва суннатҳои фарҳанги миллии тоҷиконро пос медоранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаи таъмини пешрафти фарҳанги миллиамон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошта буданд, ки «мо бояд ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори муассисаҳои фарҳанг ба таҷдиди инфрасохтор, таҳкими пояҳои моддиву техникӣ, тарбияи кадрҳои соҳа ва истифодаи самарабахши нерӯи фарҳангиву маънавии миллат таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем». Аз ин рӯ, Раёсати МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи санъати театрӣ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Муассисаи давлатии Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб филиали кафедраи режиссура ва продюсерии факултети санъати театрӣ ва режиссура ба фаъолият шуруъ намуд.
Дар маросими ифтитоҳи филиал ректори МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода» доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин, директори муассисаи давлатии Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб Фаридун Ҳамидов, сармутахассиси Раёсати фарҳанги минтақаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Бозорзода Сарахон, аҳли илму адаб ва як қатор ҳунарпешаҳо ва овозхонҳои театр ширкат варзиданд.
Ректори донишкада доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин зикр намуд, ки миллати тоҷик дар гузашта ва имрӯз‚ пеш аз ҳама, бо санъату ҳунар ва фарҳанги оламгираш шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Фарҳанги миллии мо дар тарбияи худшиносӣ‚ ҳисси миллии мардум‚ махсусан наврасону ҷавонон нақши муҳим бозида‚ дар ташаккули маънавиёти ҷомеа‚ ватанпарастиву расидан ба қадри неъмати бебаҳо – Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири амиқ мерасонад.
Аз ин лиҳоз, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишкадаро зарур аст, ки дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ барои дар амал татбиқ намудани сиёсати маорифпарваронаю фарҳангсолоронаи Пешвои миллат пайваста талош варзанд. Баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, таъминоти методию техникии раванди таҳсилот, таҳия намудани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ ва дигар васоити таълимӣ, омода кардани кадрҳои ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ саҳми муносиби худро гузоранд. Ба истифода додани филиали кафедраи режиссура ва продюсерии факултети санъати театрӣ ва режиссураи МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи МирзоТурсунзода» дар назди Муассисаи давлатии Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб имкон медиҳад, ки донишҳои назариявии донишҷӯён дар амалия татбиқ гардад.
Тавассути чунин раванди фаъолият донишҷӯёни донишкада метавонанд таҷрибаи истеҳсолӣ ва дипломии худро ривоҷу равнақ диҳанд.
Аз ҷониби роҳбарияти донишкада ба филиал китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ-методӣ ва адабиёти тахассусӣ тӯҳфа карда шуд.
Роҳбарияти донишкада тасмим гирифтааст, ки аз соли нави хониш аз рӯи ихтисоси «Актёрӣ театри мусиқӣ» довталабонро ба донишкада қабул намояд.
Дар охир бо ҳайати кормандони театр ва муассисаҳои фарҳангиву фароғатии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон мубодилаи афкор сурат гирифта, ба фаъолияи шуруъ намудани филиали кафедраи режиссура ва продюсерии факултети санъати театрӣ ва режиссураи МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи МирзоТурсунзода» — ро иқдоми наҷиб номиданд.
Зафари ШАРИФ,
декани факултети китобдорӣ
ва иттилоотшиносии МДТ
«ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»