Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол баргузории нишасту конфронс ва ҳамоишҳои илмӣ ва фарҳангӣ бо ҳузури муҳаққиқон, пажӯҳишгарон ва донишмандони саршиноси дохилию хориҷӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Махсусан, дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе доир шудани ҳамоишу конфронсҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ нуфузи пойтахтро ба сифати маркази фарҳангу тамаддуни тоҷикӣ боло мебарад. Зимнан, ширкати бевосита ва суханронии Сарвари давлат дар ҳамоишҳои байналмилалӣ бар он далолат мекунад, ки раҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон илму фарҳангро дар меҳвари кори  давлатӣ қарор дода, ҷихати рушди илму фарҳанги миллӣ дар фазои соҳибистиқлолӣ саъю талош мекунад.

   Бо таваҷҷуҳ ба ин, дар шаҳри Душанбе рӯзҳои 21-23 октябри соли 2019 бо ибтикор ва ҷонибдории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳамоиши байналмилалии илмии  “Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз” доир гардид. Ҳамоиш ба  муносибати бузургдошти 1120-солагии бунёди давлатдории Сомониён, арҷгузорӣ ба шоҳаншоҳи бузурги Ҳахоманишӣ Куруши Кабир ва 1430-солагии хунёгари миллӣ Борбади Марвӣ бахшида шуда буд. Дар доираи Симпозиум муҳаққикону донишмандон, шоирону адибон ва фарҳангиёни саршиноси кишварҳои дуру наздик иштирок карданд.  Мутасаддӣ ва масъули баргузории Ҳамоиши мазкур Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоқикистон ва Анҷумани “Рӯдакӣ”-и Фаронса ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ, илмӣ ва фарҳангӣ баргузор гардидани Ҳамоиш саъю талоши фаровон варзиданд.

   Ҳамоиш дар нимаи аввали рӯзи 22 октябр дар толори калони Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид. Сарвари давлати Тоҷикистон меҳмононро шодбош гуфта, таъкид кард, ки омӯзиш ва таҳқиқи таърихи пурифтихори ватанӣ, мероси фарҳангии гузашта, шахсиятҳои калидии таърихӣ, маданият ва ҳунари аҷдодӣ вазифа ва масъулияти аҳли илму фарҳанг аст.Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти омӯзиш, таҳқиқ ва таблиғи мероси таърихӣ, сиёсӣ, фикрӣ, ахлоқӣ, адабӣ ва фарҳангӣ ҳамеша тадобири зарурӣ рӯйи даст мегирад. Раисҷумҳури Тоҷикистон таваҷҷуҳи меҳмононро ба мавзӯи ҷашну ойинҳои бостонии миллӣ ҷалб намуда, иқдомоту барномарезиҳои давлати Тоҷикистонро дар заминаи баргузории саросарии ҷашну ойинҳои миллӣ – Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Ялдо ва Сада саривақтӣ унвон кард. Иқдомоти ҷониби Тоҷикистон дар ростои шинохт ва арҷгузории бузургони миллӣ ва мероси фархангии аҷдодӣ, алалхусус дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ҳамчунон идома доранд. Дар бахши ифтитоҳияи Ҳамоиш, инчунин меҳмони арҷманд аз кишварҳои дуру наздик суханронӣ карда, иқдомот, тасмимот ва ташаббусоти Тоҷикистонро дар заминаи таҳқиқ ва гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ ва мероси таърихию мадании миллӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

   Баъди ҷаласаи ифтитоҳӣ меҳмонон бо шумули донишмандону паҳӯҳишгарони фарҳанги бостон аз ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ, Осиёву Аврупо, Канадаву Амрико ва соири кишварҳои дуру наздик ба кори бахшҳои Ҳамоиш ҷалб шуданд. Симпозиуми байналмилалӣ дар чаҳор бахш фаъолияти худро идома дод. Бахшҳои Ҳамоиш “Давлати Сомониён – падидаи беназири таърихӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ” (бахши якум), “Анъана ва меросбарии фарҳангӣ” (бахши дувум), “Ҷашну ойинҳои бостонӣ – авомили муҳими зиндагисоз ва баҳамоии инсонҳо” (бахши севум), “Куруши Кабир – чеҳраи мондагори таърих” (бахши чаҳорум) фарогири мазомин, матолиб ва муҳтавои ҷолиби таърихӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва ҳунарӣ  буда, иштирокчиёну ҳозирини бахшҳо вобаста ба завқу хоҳиш ва дидгоҳу таҳқиқ дар кори бахшҳои мавриди назар ширкати фаъол доштанд. Аз ҳама муҳим, тавассути иштирок дар кори бахшҳо ҳозирин аз андеша ва дидгоҳҳои пурарзиши донишмандону пажӯҳишгарони варзидаи хориҷӣ огоҳ гардида, дониши худро дар самти омӯзиши фарҳанги бостон ва шахсиятҳои корсози таърихӣ ва мадании миллӣ тавсеа бахшиданд. Бавежа, гузоришу суханрониҳои пажӯҳишгарони хориҷӣ Артамис Аҳуро, Шоҳин Наҷод, Ҳоммер Абрамиён, Абтин Ойина ва дигарон, ки ба тоҷику тоҷикистонӣ ихлоси бепоён доранд, аз самимият ва отифати болое бархӯрдор буданд. Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки Ҳамоиши байналмилалии илмии  “Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз” дар сатҳи зарурии ташкилӣ, илмӣ ва фарҳангӣ доир гардида, шароит, фазо ва муҳити бози баҳсӣ ва илмию фарҳангиро дар робита бо бозбинию баррасии масоили таърихию фарҳангии аҳди бостон, асрҳои миёна ва замони муосир фароҳам овард.

   Дар маросими ихтитомӣ аз тарафи раёсати Кумитаи тадорукот ба таваҷҷуҳи ҳозирин Эъломияи Ҳамоиши байналмилалии илмии  “Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз” қироат гардид. Дар доираи Эъломия чанд пешниҳоди мушаххас, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе таъсис додани “Маркази байналмилалии Сомониёншиносӣ” ва “Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Куруши Кабир”, хамчунин бо мақсади арҷгузорӣ ба таърих, мероси фарҳанги бостон ва ҷойгоҳи Куруши Кабир дар таърихи миллӣ ва фаромиллӣ эълом доштани 29 октябр ба унвони Рӯзи Куруши Кабир манзур гардид.

   Воқеан, тайи се рӯз аҳли илму маърифат ва адабу фарҳанги ватанию хориҷӣ, ки ба Ҳамоиши байналмилалӣ даъват шуда буданд, на танҳо дар атрофи масоили илмӣ ва пажӯҳишӣ баҳсу мунозира карданд, балки аз минтақаҳои зебо ва иншоотҳои бузурги кишвар дидан намуда, бо  намояндагони илму адаб ва фарҳанги тоҷик мулоқоту вохӯриҳои судманд анҷом доданд. Ширкаткунандагон ва бахусус, меҳмонон таассуроти хубе аз кори барномаҳои баҳсӣ, илмию фарҳангӣ, ҳунарӣ ва диду боздидҳо бардоштанд. Бовар дорем, ки радду бадалҳои ҷолиби илмӣ ва фарҳангии мизбонону меҳмонон перомуни ҷуғрофиёи ориёӣ, фарҳангу тамаддуни бостонӣ,  ҷойгоҳи Куруши Кабир дар таърихи сиёсию мадании минтақа ва ҷаҳон солҳо аз хотири иштирокчиён зудуда нахоҳад шуд. Хуллас, дар Симпозиуми байналмилалӣ муҳити созгори илмӣ ва фазои бози фарҳангӣ ҳукмрон буда, дар ҷараёни суҳбату нишастҳо миёни донишмандону фарҳангиёни тоҷику хориҷӣ табодули назару андеша сурат гирифт.

 

Н. Нуров,

устоди ДДФСТ ба номи М. Турсунзода

30 октябри соли 2019, сешанбе, соати 14:55