Аз 2 то 12-уми ноябри соли ҷорӣ  дар шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар сатҳи баланди ташкилӣ доир карда шуд, ки аз донишкадаи мо 6 нафар аз рӯи номинатсияҳои гуногун иштирок намуда, чаҳор нафари онҳо соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Маросими тантанавии ҳавасмандгардонии ғолибони даври шаҳрии озмун бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16-уми ноябр бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Кохи Суруши пойтахт баргузор гардид. Боиси ифтихор аст, ки донишҷӯи курси 4-уми  факултаи режиссура, кино ва телевизион  Юнусалиев Умедҷон аз рӯи номинатсияи  «Хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти мусоири тоҷик ва осори шифоҳии халқи тоҷик» сазовори ҷойи 1-ум,  мудири кафедраи филология, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Изатзода Зулайхо аз рӯи номинатсияи «Хондан ва аз ёд кардани осори адибони ҷаҳон» сазовори ҷойи 2-юм ва котиби Шӯрои олимони донишкада Қудратов Сино аз рӯи номинатсияи «Эҷоди назму наср»  сазовори ҷойи 3-юм гардида, бо диплому мукофотпулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар фазои тантанавӣ сарфароз гардонида шуданд. Донишҷӯи курси 4-уми факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Доруева Назира, ки аз рӯи номинатсияи «Хондан ва аз ёд кардани осори адибони ҷаҳон» иштирок намуд, бинобар холи баландро сазовор гардидан бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуд.

Воқеан, озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷанбаи умумимиллӣ дошта, дар он новобаста аз касбу ҳунар, сатҳи донишу ҷаҳонбинии илмию оммавӣ аксари аҳолии кишвар ширкат варзида, инқилоби зеҳниро ба бор меорад.

Умедворем устодону донишҷӯёне, ки аз номи донишкадаи мо иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» низ ғолибиятро ба даст оварда, мартабаи муассисаи моро дар байни муассисаҳои таҳсилоти  олии кишвар боз ҳам баланд мебардоранд.

Дилшод УМАРОВ

Носиров ЛОИҚ