Имрӯз  дар толори Театри  таълимии   Муассисаи давлатии  таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати  Тоҷикистон  ба  номи  Мирзо  Турсунзода» тибқи  нақша — чорабиниҳои тасдиқгардида  вохӯрии кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо устодону донишҷӯёни донишкада баргузор  гардид. Дар вохӯрӣ муовини сардори Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, подполковники милитсия Акрамзода Саидислом Саидикромович ва ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳимми Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, подполковники милитсия Шарифзода Зариф Умар иштирок намуданд.     Ҳадаф  аз  ин вохӯрӣ  пеш  аз  ҳама тарбияи дуруст намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, баланд   бардоштани  ҳувияти  миллӣ, маърифати  ҳуқуқӣ, ташакули  тарзи  ҳаёти  солим ва  дигар  самтҳои афзалиятноки  сиёсати давлатии ҷавонон миёни донишҷӯёну устодон буда, бо мақсади  пешгирии ҷинояту  ҷинояткорӣ, оворагардию кирдорҳои зидиахлоқӣ, шомилшавии   наврасону  ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, одамрабоӣ, хариду фурӯши  одамон,  нашъамандӣ ва  экстремизму терроризм роҳандозӣ  гардидааст.

    Дар оғоз Наимзода  Дилором  Наим — муовини ректор  оид  ба  корҳои тарбия  ва  иҷтимоӣ  суханронӣ намуда, меҳмононро ба донишкада хайрамақдам гуфта, баргузории чунин вохӯриҳоро муҳим арзёбӣ намуда суханро меҳмонон дод.Муовини сардори Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, подполковники милитсия Акрамзода Саидислом Саидикромович маърузаи хешро дар мавзуи Хатари паҳншавии терроризм ва экстремизми зӯроварона, ифротгароӣ, шомилшавии ҷавонон ба ин гуруҳҳо ва дигар шаклҳои ҷинояткоррии муташаккили фаромилӣ” ироа намуда, зикр кард, ки масъалае, ки имрӯз баррасӣ ва муҳокимаи он дар ин вохӯрӣ пешбинӣ шудааст, яке аз падидаи хавфнок ва проблемаи глобалии ҷомеа ба ҳисоб рафта, танҳо муборизаи дастаҷамъона метавонад барои решакан ва аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб замина гузорад.

   Сипас ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳимми Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, подполковники милитсия Шарифзода Зариф Умар суханронӣ намуда, дар тақвияти суханони Акрамзода Саидислом тазаккур дод, ки Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз рушди бемайлони таҳдидҳои терроризм ва экстремизм изҳори нигаронӣ намуда, таъкид менамоянд, ки терроризм, экстремизм гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурӯши одамон ва дар маҷмӯъ ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният ва “вабои аср” табдил ёфтааст.

   Баъд аз суханронии намояндагони ҳифзи ҳуқуқ миёни онҳо ва устодону донишҷӯёни муассиса мубодилаи афкор сурат гирифта, дар якҷоягӣ падидаҳои номатлубро маҳкум намуданд.

 

 

Синои АБУАЛӢ

Дилшод УМАРОВ