Раёсати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, бо камоли ифтихору самимият, ҳайати профессорону устодон ва кормандони донишкадаро бо фарорасии иди саиди Фитр табрику муборакбод менамояд. Воқеан, моҳи Рамазон барои мардуми мо аз ҷумлаи аркони муқаддаси динӣ мебошад, зеро дар он арзишҳои инсонӣ — аъмоли хайру созанда, сабру таҳаммул, раҳму шафқат, поси хотири гузаштагон ва некиву накӯкорӣ тарғибу ташвиқ карда мешаванд. Муҳимтарин фазилати иди саиди Фитр бошад, бо нияти нек, шодмониву хушҳолӣ ва амалҳои хайру савоб истиқбол гирифтани он ба ҳисоб меравад.

   Рамазон ҳамчун моҳи файзу баракат, хайру саховат, раҳмату мағфират, бахшидани гуноҳҳо ва иҷобати дуоҳо дар ҳама сарчашмаҳои динӣ ва фарҳангӣ  таъкид шудааст ва ҳама арзишҳову ҳикматҳои он, ки барои ҷаҳониён сабақомӯз ва намунаи ибратанд, ба ҷузъе аз фарҳанги миллии мо табдил ёфтаанд. Фарқ гузоштан байни ҳақиқат ва хурофоту кирдорҳои ботил яке аз ҳамин гуна арзишҳои ин моҳи муборак аст.

   Парҳезгорӣ ва зиндагии ҳалолу покиза, мурувват намудан ба атрофиён, дасти фитодаҳоро гирифтан, кумак кардан ба ёрону ҳамкорони худ аз рӯи тавону имкон, худдорӣ аз ҳама амалҳои ношоиста, доштани ахлоқи наку ва неру бахшидани он тавассути амалҳои хайру савоб, худро ҷузъи ҷомеа ва ҷомеаро фарогири худ ҳисобидан ва даҳҳо арзишҳои дигаре ҳастанд, ки дар ин моҳи шариф барои рӯзадорон ҳатмӣ шумурда мешаванд.

   Бори дигар ҳамаи Шуморо бо фарорасии иди саиди Фитр табрик гуфта, бароятон, пеш аз ҳама, осудагии рӯзгор, тани сиҳату хотири ҷамъ, дар корҳои илмию омӯзгориатон ба нафъи шукуфоӣ ва пешрафтҳои назарраси Тоҷикистон барору комёбӣ таманно менамоем.

Раёсати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода