Дар Театри таълимии МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бахшида ба Рӯзи Модар озмунҳои «Чакомаи гесу», «Сад ранги чакан» ва «Кадбонуи беҳтарин» бо ширкати сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Фариза Абдуллозода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши  ноҳияи Восеъ Фарзона Неъматзода, мутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Фотима Сафармамадова, ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни донишкада  баргузор гардиданд.

     Ба чорабинӣ ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ бо сухани шодбошӣ  ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки фестивал-озмунҳои «Чакомаи гесу», «Сад ранги чакан» ва «Кадбонуи беҳтарин», ки дар асоси Амри  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140  баргузор мегарданд, аз зумраи чорабиниҳое мебошанд, ки фарҳанги миллиро дар байни ҷомеа тарғиб менамоянд. Махсусан фестивал — озмуни «Чакомаи гесу» бо мақсади   тарғибу ташвиқи зебоипарастӣ миёни духтарону бонувон, маросими анъанавии мӯйбофию зулфандозӣ, ҷамолакбандию кокулбофӣ, ҷозибаи гесу, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва ба ин васила рӯи кор овардани корхонаҳои хурди истеҳсолии шонасозиву оинасозӣ, сурмапазиву қаламҳои ороишӣ, кошонаи ҳусну машшотагӣ ва ҷалби сокинони шаҳру навоҳии кишвар ба шуғлу касбомӯзӣ роҳандозӣ шудааст.

Мавсуф тазаккур дод, ки чакан навъе аз ҳунарҳои мардумии дорои таърихи ниҳоят куҳан буда, баргузор намудани  озмуни «Сад ранги чакан» бошад, муҳаббати мардумро нисбат ба либосҳои миллӣ зиёдтар намуд. Чакан, пеш аз ҳама, рамзи баҳор буда, гулдухтарони тоҷик онро дар ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, чорабиниҳои фарҳангии давлатӣ, истиқболи меҳмонони олиқадр, тӯю маъракаҳои хонаводагӣ ба бар менамоянд.

     Ректори донишкада зикр сохт, ки бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти 13-уми Ташкилоти  Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фаҳрҳанг (ЮНЕСКО), ки дар Ҷумҳури Маврикий доир гардид, гулдӯзии миллии тоҷикон — «Чакан» ба феҳристи мероси ғайримоддии арзишҳои фарҳангии ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ ворид гардид.

Гуфта шуд, ки баргузор намудани Фестивал-озмунҳои «Чакомаи гесу», “Сад ранги чакан”  ва “Кадбонуи беҳтарин” барои равнақ додани ҳунарҳои машшотагӣ, чакандӯзӣ,  гулбаст кардани матоъҳои миллӣ мусоидат намуда, инчунин ба омӯхтани касбу ҳунар, зиёд намудани завқи кадбонугӣ, эҳёи таомҳои миллӣ, баланд бардоштани эътибори зан дар хонавода ва ҷомеа, аз худ кардани маърифати хонадорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона заминаҳои заруриро муҳайё  менамоянд.

     Пас аз суханронии Муҳриддин Низомӣ барномаи фарҳангӣ мутаносибан бо гузаронидани фестивал-озмунҳои «Чакомаи гесу», “Сад ранги чакан”  ва “Кадбонуи беҳтарин” бо ширкати доираи васеи  донишҷӯдухтарони факултаҳои донишкада пешкаши иштирокдорон гардид. Донишҷӯдухтарон тарзҳои гуногуни оро додани гесу ва намудҳои зиёди чаканро намоиш дода, баъдан хурокҳои тайёрнамудаи худро муаррифӣ карданд. Инчунин, аз тарафи онҳо санъатҳои мухталифи оро додани арӯс бо риоя намудани арзишҳои фарҳанги миллӣ намоиш дода шуд.

     Аз тарафи ҳакамон тасмим гирифта шуд, ки ғолибони фестивал-озмунҳоро дар чорабиние, ки бахшида ба Рӯзи Модар баргузор мегардад, муаррифӣ намуда, бо мукофотҳо қадрдонӣ менамоянд.

 

Додоҷон РӮЗИЕВ