15-уми декабр дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бо ибтикори кафедраи бойгонишиносии факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ маҳфили илмии «Бойгонишиносони ҷавон» зери унвони “Хуҷҷатҳои аудиовизуалӣ инъикосгари мероси ниёгон” баргузор гардид. Дар маҳфил  декани факулта Зафари Шариф, муовини декан Наботов Шариф, мудири Китобхонаи илмии донишкада Гулов Саидмумин, мудири кафедраи бойгонишиносӣ, н.и.т., дотсент  Мамадазимова М.М., роҳбарони гурўҳҳои таълимӣ, донишҷўён, кормандони Китобхонаи илмии донишкада фаъолона иштирок намуданд.

         Майрам Мамадазимова ба маҳфил ҳусни оғоз бахшида, мақсади ташкили маҳфилро пешниҳод намуд. Баъдан сухани ифтитоҳӣ ба декани факулта Зафари Шариф дода шуд, устод донишҷўён ва омўзгоронро барои ташкили маҳфил миннатдорӣ намуд.

 

Раҷабов Абдукарим омўзгори ихтисосманди соҳаи бойгонӣ ба иштирокчиён оид ба таърих, усул ва тарзи нигоҳдории ҳуҷҷатҳои аудиовизуалӣ дар бойгонӣ бо истифодаи рӯнамои (презентатсия) суханронӣ намуд.

Мавсуф баробари шарҳи аҳамияти ҳуҷҷатҳои аудиовизуалӣ, мақсади нигоҳдории суратҳуҷҷат, ҳуҷҷатҳои сабти овозии таърихи миллати тоҷикро дар ҷомеа ба таври рӯнамоӣ пешниҳод намуд.

          Дар баробари устод Раҷабов А. инчунин ду нафар донинишҷуёни курси якуми ихтисоси бойгонии аудиовизуалӣ Набизода Фараҳноз ва Бекмуродов Муҳаммад доир ба таърихи пайдоиш ва фаъолияти ҳуҷҷатҳои аудиовизуалӣ дар ҷомеа мухтасар баромад намуданд.

Дар ҷамбасти маҳфил, декани факулта Зафари Шариф ба донишҷўён ва устодон арзи сипос намуда, барои боз ҳам хубтару бештар баргузор намудани чунин маҳфилҳо фикру мулоҳизаҳои худро пешниҳод карда, зикр намуд, ки дар факулта барои хуб ба роҳ мондани савияи донишомўзии донишҷўён озмуни “Китобхони беҳтарин” бо ибтикори раёсати факулта гузаронида мешавад. Баъдан роҳбари маҳфил Мамадазимова М.  пешниҳоди деканро ҷонибдорӣ карда, миннатдории худро ба иштирокдорон баён намуда, ба маҳфил хотима бахшид.

 

                                      Нарзиой ХОЛИБОЕВА,

ассистенти кафедра