Дар робита ба ин, санаи 18 – уми соли 2020 дар  МДТ «Донишкадаи  давлатии     фарҳанг  ва  санъати  Тоҷикистон  ба  номи  Мирзо  Турсунзода»  бо  иштироки   кормандони Кумитаи  ҳолатҳои  фавқулода  ва  мудофиаи граждании  назди Ҳукумати  ҶумҳурииТоҷикистон,   тарғибу  ташвиқ  ва  корҳои   фаҳмондадиҳии  оммавӣ, аз ҷумла пешгирии  пандемияи  Covib — 19 гузаронида  шуд,  ки  ҳадаф  аз  ин  чорабинӣ  пурра роҳандозӣ намудани  тарзи  ҳаёти солим  мебошад.

   Дар ин  чорабинӣ  кормандони  Кумитаи  ҳолатҳои  фавқулода  ва  мудофиаи  граждании назди Ҳукумати  Ҷумҳурии   Тоҷикистон   Раҷабов  Тоҷиддин,  Назаров  Даврон,  Шоев  Шамсиддин,  Акрамова  Сафарбӣ,  иштирок  ва  суханрони  намуданд.  Зимни  суханронӣ    Шоев  Шамсиддин қайд кард, ки   хушбахтона   то  имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон нафар ба бемории сироятии  коронавирус гирифтор нашудааст, Ӯ овозаҳои  дар   мавриди    коронавирус  паҳн  гардидаро    беасос    арзёбӣ намуд.  Бино ба таъкиди ӯ чунин ба назар мерасад, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос гурӯҳ  ва баъзе  афроди  алоҳида аз  нашри  иттилои бардурӯғ вобаста  бапаҳншавии  бемории  коронавирус  дарТоҷикистон манфиатдор буда, бо ин восита мехоҳанд мардумро таҳдид намоянд ва ё  манфиатҳои     ғаразноки хешро амалӣ созанд.

   Кумитаи  ҳолатҳои  фавқулода  ва  мудофиаи граждании назди Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбута  айнизамон барои ошкор ва пешгирии бемории  сирояти  коронавирус   тамоми тадбирҳои зарурир  опайваста меандешад. Хушбахтона,  то  кунун  ягон    ҳолати   гирифторшави   шаҳрвандон   ба  ин вирус дар кишвари офтобии мо ба қайдгирифта  нашудааст.

   Вазорати    тандурустӣ   ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандони   кишвар  даъватба амал  меорад, ки  ба ҳар гунна хабару  овозаҳои  беасос  ва  дуруг  ҳақиқат бовар  накарда,  дар  ҳолати  пайдо  шудани   савол   оид ба ин масъала  метавонанд  сари  вақт  ба  духтур  муроҷиат  намоянд  ва  ба  худ  табобаткуни   роҳ  надиҳанд. Дар  охири корҳои  фарҳмондадиҳӣ  аз  ҷониби духтури     Кумитаи  ҳолатҳои  фавқулода  ва  мудофиаи       граждани  назди Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ролику  видиоҳои    таъсирбахш  оид  ба  сирояти  коронавирус  пешкаши  доншҷӯён  ва  ҳозирин гардонида шуд.

Кароматулло ЮСУПОВ
 Раиси  созмони  ҷавонони МДТ
«ДДФСТ ба номи   Мирзо  Турсунзода».