Таҳқиқи масъалаҳои сиёсати давлатии ҷавонон дар шароити кунунии Тоҷикистони соҳибистиқлол аҳамияти муҳимми назариявию амалиро молик аст. Воқеияти ҳаёти имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ собит месозад, ки агар шаҳрвандон дорои маърифати зарурӣ ва сатҳи баланди худшиносӣ бошанд, дар байни онҳо ваҳдату якдилӣ таъмин гардида, рушди босуботу устувори ҷомеа дар тамоми соҳаҳо таъмин мегардад.
Пажуҳиши ҳаматарафа ва амиқи илмию назариявии масъалаи мазкур дар шароити кунунӣ таҳлили густурдаро тақозо менамояд. Дар ин самт омӯзиши таҷрибаи таърихӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва ҷамъбасту натиҷагирӣ аз он бисёр муҳим арзёбӣ мегардад.
Аз таҳлили вазъи сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омилҳои геополитикии ҷаҳони муосир баромеояд, ки имрӯз яке аз вазифаҳои асосии ғоявию сиёсии мо бояд таъмини ягонагию якдигарфаҳмии тамоми сокинони Тоҷикистон, таҳкими ваҳдати миллӣ, дӯстию бародарӣ ва муттаҳидии халқҳои кишварамон бошад.
Дар ин радиф тарҳрезии оқилонаи сиёсати давлатии ҷавонон, таъмини иштироки фаъолонаи онҳо дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти кишвар яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Муҳимтарин ҳадафи сиёсати давлатии ҷавонон бояд таъмини рушди устувор, таъмини якпорчагии Тоҷикистон ва дар ин замина фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ бошад. Таъмини чунин шароит барои мақоми устувору арзанда пайдо кардани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.
Агар мо ба таърихи ташаккули давлатдории миллии хеш назар афканем зуд пай мебарем, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз марҳилаҳои душвори пешрафти сиёсию иқтисодии мамалакат тамоми имкониятҳоро барои таъмини раванди муътадили таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ фароҳам оварда, баҳри беҳтар намудани шароити моддӣ ва иҷтимоии донишҷӯён пайваста тадбирҳои муфиди амалӣ андешидааст, ки ҳадафи тамоми ин иқдомот таъмини иштироки фаъолонаи ҷавонон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ба сифати нерӯи пешбаранда мебошад.
Ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон дар мамлакат бо соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон оғоз ёфта, айни замон ба андешидани маҷмӯи тадбирҳо барои инкишофи минбаъдаи Тоҷикистон нигаронида шудааст. Мавриди зикр аст, ки ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ дар пойдорӣ ва устуворгардонии сиёсати давлатии ҷавонон нақши муҳим мебозанд. Дар тӯли солҳои охир оид ба мавзӯи нақши ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ дар пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асарҳои зиёди илмӣ-назариявӣ таҳия ва чоп гардидаанд. Муҳаққиқон ҷиддан кӯшиш намудаанд, ки масъалаи мазкурро дар шароити Тоҷикистон ба таври муфассал, возеҳу равшан мавриди баррасию таҳлил қарор диҳанд.
Вобаста ба бунёди давлати дунявию демократӣ, таъмини суботи сиёсии кишвар, ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа, густариши ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои гуногуни ҷамъиятиву сиёсӣ дар самти ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ Пешвои миллат таъкид намуда буд, ки «Демократикунонии ҷомеа раванди мавсимӣ нест ва демократияро дар як давраи муайяни кӯтоҳ ҷорӣ кардан ва фароҳам овардан ғайриимкон мебошад. Ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд маҳз ба шаҳрвандоне такя мекунад, ки аз ҷиҳати сиёсиву ҳуқуқӣ бомаърифат, ба ҳифзи адолат қодир, ба риояи волоияти қонун ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ омода бошанд. Давлати соҳибистиқлоли тоҷикон меъёрҳои асили демократияро ҳамчун омили пешрафти ҷомеа эътироф намуда, минбаъд низ барои инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити мусоид фароҳам меорад».
Ба андешаи Сарвари давлат дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии босуръати ҷаҳони муосир таҳкими заминаҳои конститутсионии давлат ва ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, соҳибихтиёрӣ, тақвияти пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии ҷомеаи тозабунёди Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.
Имрӯз дар Тоҷикистон бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бомаром ҷараён дорад, ки ин иштироки бевосита ва фаъолонаи шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон, коллективҳои меҳнатӣ, ташкилот ва созмонҳои ҷамъиятиро тақозо менамояд. Дар ин радиф масъалаи дигар ва басо муҳим ин дарки назариявии истифодаи самаранокии воситаҳо ва стратегияи минбаъдаи моҳияти иштироки ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъияти дар амали намудани вазифаҳои муҳим ва асосии сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Зеро иштироки фаъолонаи субъектҳои мазкур, самтҳои асосии сиёсати давлатии ҷавононро муайян ва раванди ҳалли вазифаҳои онҳоро беш аз пеш ҷоннок менамояд.
Дар иртибот ба ин агар мо ба таҷрибаи амалӣ назар андозем, маълум мешавад, ки таваҷҷуҳ ба масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон ва ҷойгоҳи ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии кишвар ҳамеша барои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим будааст. Имрӯз ҷавонон на танҳо ифодагари манфиатҳои насли навраси тоҷик, балки омили муассири комёб гардидан ба сатҳи матлуби инкишофи ҷамъият ва давлат маҳсуб меёбанд. Чунин вазъият моро водор месозад, ки ҷавононро дар заминаи арзишҳои маънавӣ тарзе тарбия намоем, ки онҳо воқеан ба нерӯи фаъол ва бунёдгузори ҷомеаи нав табдил ёбанд. Дар ин самт яке аз вазифаҳои асосии давлат, ҳукумат ва умуман ҷомеа аз он иборат аст, ки ҷавононро ба сӯи худшиносиву хештаншиносӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳидоят намуда, онҳоро аз иштибоҳоти наслҳои пешин эмин нигоҳ доранд ва сабақи таърихи ниёгон барояшон василаи муҳимми хештаншиносӣ гардад. Самти дигари сиёсати давлатии ҷавонон, ки баробари ташкилёбии Тоҷикистони соҳибистиқлол ташаккул ёфтааст, ин тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои шахс, ҳифзу гиромидошт ва ғани гардонидани фарҳанги миллӣ, муносибати некбинона на танҳо нисбат ба таърихи гузаштаи халқи тоҷик, балки ташаккули боварии қавӣ ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон мебошад.
Маҳз бо шарофати шуҷоату мардонагии сарвари хирадманду доно ва саховатпешаи диёри маҳбуб ва иқдомоти наҷибу боварибахши ӯ ҳалқи тоҷик дар зарфи 31–сол дар сарзамини муқаддаси аҷдодӣ як ҷомеаи комилан озоду адолатпарвар ва сарсабзу хуррамро бунёд карда тавонист, ки дар ин самт нақши ҷавонони тоҷик хеле барҷаста аст.
Шоистаи зикр аст, ки ҷавонони Тоҷикистон омили асосӣ ва муҳимми ба даст овардани музаффариятҳо ба ҳисоб мераванд. Аз ин лиҳоз, агар мо ба азму талошҳои ҷавонони Тоҷикистон ҳам дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ ва ҳам дар шароити соҳибистиқлолии Тоҷикистон назар андозем, шоҳиди он мегардем, ки онҳо дар сохтмони нерӯгоҳҳои барқии обии Норак, Сангтӯда-1, Сангтӯда-2, Роғун ва дигар иншооти азими ҷумҳурӣ, махсусан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ва содиқона хизмат кардаанд ва карда истодаанд.
Имрӯз таъмини рушди устувори Тоҷикистон бар дӯши ҷавонон вогузор шуда, бартараф намудани монеаҳо дар ин самт аз ақлу хиради онҳо вобаста аст. Насли ҷавони кишвар бояд пайваста кӯшиш ба харҷ диҳад, ки барои худшиносӣ, худогоҳӣ, ватанпарастӣ, пойдории миллату фарҳанг, эҳтироми муқаддасоти миллии худ саҳми бозасо гузошта тавонад. Боиси хушбахтист, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба бузургдошти фарҳанги миллӣ, эҳтироми арзишҳои ниёгон, алалхусус забони давлатӣ сиёсати дурусту оқилона ба роҳ монда шудааст.
Мо ҷавонони хушбахту саодатманд — пайравони асилу ҳамешагии Пешвои миллат барои ҳифзи якпорчагӣ ва таҳкиму пойдории Истиқлолияти давлатӣ, ободиву озодии ин сарзамини зархез, ки номаш Тоҷикистон аст, бояд аз сидқи дил, бо тамоми ҳастиву тавоноӣ саъю талош варзем.
Баҳри тақвияти худшиносӣ, худогоҳӣ, ватанпарастӣ, пойдории миллату фарҳанг, эҳтироми муқаддасоти миллӣ ҷавонон бояд пеш аз ҳама осори пурғановати олимону адибони барҷастаи тоҷикро мутолиа намоянд. Аз ҷумлаи беҳтарин осор дар ҷодаи тарбияи ҷавонон асарҳои пурғановати Пешвои миллат «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Тоҷикистон дар остонаи фардо», «Ҷавонон- ояндаи миллат», «Аз Ориён то Сомониён», «Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад», «Истиқлолият неъмати бебаҳост», «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо», «Чеҳраҳои мондагор» ба шумор мераванд, ки ба тақвияти зеҳну шуури ҷавонон бешак таъсири мусбат мерасонанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз зимни вохӯрӣ бо ҷавонони Тоҷикистон рӯзи 27 майи соли 1997 зикр карда буданд, ки «агар ҷавонон ояндаи миллат бошанд, ҷавонони болаёқат ва боистеъдодро кафолати ору номус ва шаъну шарафи он гуфтан мумкин аст. Фақат ҷавонони босавод ва боистеъдод-ҳифзкунандаи илму фарҳанги миллати худ чун звенои васлкунандаи занҷири донише, ки аз насл ба насл гузаштааст, хизмат карда метавонанд».
Суханони зерини Пешвои миллат аз боварию эътимоди қавии ӯ нисбат ба неруи бунёдгузору созандаи насли навраси тоҷик дарак медиҳад: «Ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад».
Ибрози чунин андеша аз ҷониби Сарвари давлат бори дигар собит месозад, ки ҷавонон нерӯи пешбаранда ва созандаи имрӯзу ояндаи Ватани азизамон — Тоҷикистон мебошанд. Ҷавонони соҳибистеъдод ва ҳушёру зирак ифтихор ва сармояи хушбахтиву саодатмандии ҷомеа ба ҳисоб рафта, бояд фаромӯш насозанд, ки масъулияти ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту суботи кишвар ва ободиву пешрафти мамлакат ба зиммаи онҳо вогузор шудааст. Воқеан, пешрафти ҷамъият, рушди илму фарҳанг ва пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа аз қувваи бунёдкоронаи эҷодӣ, аз ибтикороти созандаи ҷавонони ҷӯяндаву ташаббускор вобастагии амиқ дорад.
Бо таваҷҷуҳ ба гуфтаҳои боло ҳаминро илова кардан зарур аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонон ҳамеша сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлату Ҳукуматро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дастуру ҳидоятҳои онҳоро сармашқи кори худ қарор медиҳанд.
Дар ҳақиқат ҷавонон нерӯи бузурги таконбахши ҷомеа мебошанд ва зарур аст, ки ин нерӯро ҳарчи бештар ҳадафманду босамар барои шукуфоии Ватани азизамон Тоҷикистон ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ равона намоем.
Бигзор Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол доимо ҳукмфармо бошад, халқи фарҳангсолору хирадпешаи тоҷик дар партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари маҳбуби хеш баҳри фардои дурахшон қадамҳои устувор гузорад.
Зафари ШАРИФ,
декани факултети китобдорӣ ва
иттилоотшиносии МДТ
«ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»