Дар  МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» 10 декабри соли равон, ба  ифтихори  26-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.  Дар  кори  он аъзои ҳизб, собиқадорон ва донишҷӯён ширкат варзиданд.

Ба ҷаласа  муовини  ректор  оид  ба таълим, профессор Мирахмедов Фарҳод ҳусни  оғоз  бахшида, изҳор дошт, ки  ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фаъолияти  худро дар асоси дастуру ҳидоятҳои ҲХДТ  муҳтарам  Эмомалӣ   Раҳмон  ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои оинномавию барномавии ҳизб, дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Синои шаҳри Душанбе ба роҳ монда, як қатор чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, конфронсҳои ҷумҳуриявӣ, семинар, мизҳои мудаввар ва суҳбату вохӯриҳои судманд доир намуд.

Сипас  котиби ташкилоти ибтидоии «Оламафрӯз» Бозорбой Холов Паёми шодбошии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмонро ба муносибати рӯзи таъсисёбии ҳизб ироа намуд.

Инчунин мудири кафедраи рӯзноманигори телевизион ва радио А.З. Сабуров баромад карда,  дар  бораи  таъсисёбии  ҳизб ва мақсаду мароми он андешаҳои ҷолиб  баён намуд.

    

Дар кори ҷаласа  аъзои  ҳизб  З.Муъминҷонов, М.Умедов, Ф.Азизов низ андешаронӣ намуданд.

Дар фарҷом  Бозорбой Холов ба иштирокчиён  изҳори сипос намуда,  ба чанд саволи  онҳо посух гардонид.

                                                          Нилуфар Равшанова  омӯзгори

                                                          кафедраи  китобхонашиносӣ ва

                                                           библиографишиносӣ