Дар Театри таълимии донишкада, 11 июн,  имтиҳони эҷодии донишҷӯёни курси 2- юми шуъбаи санъати актёрӣ, аз фанни ҳаракати саҳна (омӯзгори таълимдиҳанда  номзади илми фалсафа, дотсент, профессори фахрӣ Г. Нуъмонова) доир гардид. Имтиҳони эҷодӣ аз оғоз, ҳаракатҳо бо  предмет, техникаи зарбазанӣ, этюд ва ҷангҳои саҳнавӣ, этикет барномасозӣ гардида,  дар ҳузури ноиби ректор оид ба корҳои эҷодӣ, дотсент  Б. Нарзуллоев,  роҳбари Шӯрои бадеӣ,  Арбоби Ҳунари Тоҷикистон С. Қурбонов, омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни донишкада намоиш дода шуд.  Донишҷӯёни шуъбаи санъати актёрӣ дар давоми соли таҳсил барномаи фанниро пурра азхуд карда, дар иҷрои амалиётҳои саҳнавӣ ҳунари худро нишон доданд. Иштироки фаъоли донишҷӯён Гулмираи Аҳрорзод, Муҳаммад Собирзода, Шаҳрух Валиев,  Алӣ Холмамадов, Муҳибулло Содиқов, Мавзуна Носирова, Далер Хоҷаев дар иҷрои машқҳо хуб ба назар расид.

Ёдрас шудан бамаврид аст, ки Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, дотсент  Раҷабгул Қосимова роҳбари бадеии курси 2-юми шуъбаи санъати актёриро ба уҳда дошта, бо Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, дотсент  Марям Исоева аз фанни маҳорати актёрӣ ба онҳо дарс мегӯянд ва ба онҳо пайваста тавсия медиҳанд, ки дар омӯхтани фанҳои ҳамгиродошта, аз ҷумла ҳаракати саҳна  фаъол бошанд.

         Фанни ҳаракати саҳна яке аз фанҳои тахассусӣ дар тайёр кардани кадрҳои соҳаи актёрӣ ба шумор рафта, аз  омӯзгор маҳорати баланди касбӣ талаб мекунад.  Бо ин мақсад дар кафедраи нутқ ва ҳаракати саҳна тибқи талабот ҷалби омӯзгорони соҳибтаҷриба дар соҳаи театру кино ба роҳ монда шудааст. Натиҷаи кори ҳар омӯзгори тахассусӣ  дар кафедра, давоми сол мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Дар баробари сайқал додани маҳорати актёрӣ, омӯхтани  фанни ҳаракати саҳна ба ҳунарпешаи театр зарурӣ дониста мешавад. Зеро  дар  иҷрои саҳнаҳои театр ва сабти кино ба актёр лозим меояд, то аз уҳдаи амалиёт ба хубӣ барояд. Ҳамгироии фанҳои мавзуният, ҳаракати саҳна, ҷанги саҳна, шамшерзанӣ бо фанни маҳорати актёрӣ, ки дар зинаҳои таҳсилот барои донишҷӯён таълим дода мешавад, дар нақшаи таълимӣ барои тайёр кардани мутахассисони соҳаи актёрӣ ворид карда шудаанд. Ин фанҳо дар ташаккули касбияти ояндаи ҳунармандони соҳаи театру синамо мусоидат мекунанд.

  Б. РАҲИМОВ,
 омӯзгор