Имрӯз дар толори театри таълимии Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” ҳамоиш бо мақсади баррасии мақолаи коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо таҳти унвони “Мавқеъи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест ” сурат гирифт. Дар ҳамоиш муовини ректор оид ба таълим Махсудзода Фарҳод Махсуд, муовини ректор оид ба корҳои эҷодӣ Хайруллозода Баҳрулло, декани факултаҳо, устодон ва донишҷӯён ширкат варзиданд.


Ҳамоишро муовини ректор оид ба таълим Махсудзода Фарҳод Махсуд ҳусни оғоз бахшида, дар бораи мақолаи коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ маълумоти мухтасар дода, аз ҷумла зикр намуд, ки мақолаи мазкур дар воқеъ маълумоти мукаммал ва далелҳои раднашавандаро аз таърихи воқеии баҳсҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистонро дар бар мегирад. Баъди мутолиаи он мо метавонем, ки маълумоти пурра ва дақиқро дар бораи амалҳои таҷовузкоронаи ҷониби Қирғизистон пайдо намуда, аз ҳақиқати таърихӣ огоҳ гардем.

Мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Амондуллоев Б. низ мақолаи коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнаморо мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода, зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баҳси марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамеша қонунҳои байналмилалӣ ва созишномаҳои дуҷонибаро риоя намуда, бо далелҳои дақиқ ва равшан аз мавқеи худ ҳимоя намудааст. Дар мақолаи мазкур муаллиф бо овардани далелҳои раднашаванда дар мисоли харитаҳои солҳои гуногун ва муҳтавои шартномаву созишномаҳои дуҷониба исбот намудааст, ки заминҳои баҳсӣ аз назари ҳуқуқӣ сад дар сад ба Тоҷикистон тааллуқ доранд ва аз назари Тоҷикистон ҳаргиз «қитъаҳои баҳсӣ» нестанд. Зеро тамоми ҳуҷҷатҳои расмии таърихӣ ба Тоҷикистон тааллуқ доштани ин заминҳоро исбот мекунанд, ки аз ҳақ будани ҷониби Тоҷикистон дарак медиҳанд.

Омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Қаландарзода М. дар навбати худ зикр намуд, ки донишманди тоҷик Абдуллоҳи Раҳнамо мақолаи худро ба тариқи саволу ҷавоб ба қалам дода, дар доираи матлаби худ ба ҳамаи саволҳо ҷавобҳои дақиқ ва илман асоснок овардааст, ки бофта ва дурӯғ будани даъвоҳои ҷониби Қирғизистонро дар робита ба баҳсҳои марзӣ пурра исбот мекунанд.


Дар охир миёни ҳозирин ва маърузачиён табодули афкор ба миён омада, ба чунин хулоса омаданд, ки мутолиаи мақолаи коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо барои ҳар фарди ҷомеа зарур буда, маводи муътамад аз ҳақиқати таърихӣ мебошад. Иброз гардид, ки мақолаи мазкур баҳри баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, тақвияти рӯҳияи ватанпарастӣ ва устувор намудани ваҳдату ягонагӣ саҳми босазо мегузорад.

Синои АБУАЛӢ

Чоп кунед