Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бахшида ба, 50-солагии таъсисёбии донишкада ва Рӯзи ҷаҳонии ханда бо иштироки хатмкардагони донишкада – ҳавҷнигорони маъруф Ҷамшеди Ҳалим, Ҳасанҷон Чиллаев, Дӯстмурод Шарипов, Абдураҳим Набиев (Бобои Мерган), Зафари Саид ва муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Омӯзгор”, шоир Абдурауф Муродӣ чорабинии ҷолиби фарҳангӣ баргузор гардид. Чорабиниро ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ бо суханронии ифтитоҳии табрикӣ ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро ба донишкада хайрамақдам гуфт. Мавсуф инчунин зикр намуд, ки рӯзи ханда яке аз ҷашнҳои ба расмият нашинохтае мебошад, ки онро дар тамоми дунё ба ҳар навъ таҷлил менамоянд ва ин рӯз дар кишварҳои гуногун анъана ва шӯхиҳои ҷолибу ҷаззоберо ба миён овардааст. Дар ин рӯз одамон ба ҳамдигар туҳфаҳо тақдим менамуданд, ҳазлу шӯхӣ мекарданд. Рӯзи хандаро дар кишвари мо низ мардум ба таври ғайрирасмӣ дар баробари мардуми тамоми дунё бо шавқи беандоза интизор мешаванд ва дар ин рӯз бо гӯл задани якдигар ва шӯхиҳои безарар хотири якдигарро болида мегардонанд, ки ба ҳукми анъана даромадааст. Дар Тоҷикистон таҷлили Рӯзи ханда аз замони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ боқӣ мондааст. Имрӯзҳо ҳам ба муносибати Рӯзи ханда дар шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар бо ширкати ҳавҷнигорону базлагӯён маҳфилҳо сурат мегирад.
Сипас, хатмкардаҳои донишкада – ҳавҷнигорони маъруф Ҷамшеди Ҳалим, Ҳасанҷон Чиллаев, Дӯстмурод Шарипов, Абдураҳим Набиев (Бобои Мерган), Зафари Саид ва муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Омӯзгор”, шоир Абдурауф Муродӣ бо базлагӯиву сароидани шеърҳои ҳаҷвӣ хотири ҳозиринро шод намуданд. Дар ин радиф барномаи фарҳангии омоданамудаи устодону донишҷӯёни донишкада низ пешкаши ҳозири гардонида шуд, ки хеле диданиву хотирмон буд.
ҚУДРАТОВ Сино