Фалак ҷӯзъи қавии фарҳанги тоҷикон буда, таърихи куҳану пурғановате дорад. Ин жанри мусиқии суннатӣ аз гӯш ба гӯш, аз забон ба забон то имрӯз боқи мондааст. Таърихи фалак хеле куҳан буда, пайдоиши онро ба асрҳои Xl- X мансуб медонанд. Ба ақидаи муҳақиқон фалак ҳанӯз аз замони Борбади Марвазӣ вуҷуд дошт ва аз ҳафт парда иборат буд. Тавассути фалак мардум розу ниёз ва дарди дили худро баён мекарданд.

   Имрӯз ин жанри мусиқии суннатӣ ҳаводорони зиёд дошта, сол то сол ба он  аз тарафи  ҳаводоронаш таваҷҷуҳи зиёд  зоҳир мегардад. Дар солҳои соҳибистиқлолии кишварамон паҳлуҳои гуногуни он  аз ҷониби муҳақиқон  мавриди омӯзиш қарор ёфта, тарзу усули хониши он аз тарафи сарояндагон низ бо санъати хоса ба роҳ монда шуд. Кам нестанд нафароне, ки  ба фалаксароӣ машғул буданд ва ин анъанаро идома дода истодаанд.  Аз машҳуртарин фалаксароёни кишвар метавон шодравон Одина Ҳошим,  Акашариф Ҷураев, Абдулло Назрӣ, Тағоймурод Шарифов, Ҳабибулло Бековро ёдовар шуд, ки санъати онҳоро имрӯз  ҳунармандон Давлатманд Холов, Гулчеҳра Содиқова, Файзалӣ Ҳасанов, Муҳаммадсафар Муродов, Ҷумъахон Сафаров, Раҳматулло Ҳошимов, Носир Сафаров, Диловар Суфиев  идома бахшида, дар рушди фалаки тоҷик нақши бузерге гузошта истодаанд.

   Фалак  мусиқии халқ аст, аз ин ҷост, ки аксари сарояндагони ин жанр зодаи кӯҳистони кишваранд ва шуҳарти онҳо  на танҳо дар як деҳот,ноҳия, минтақа, балки аз он берун низ рафтаанд.     Яке аз чунин фалаксароёни машҳури тоҷик ин Муҳаммадсафар Муродов мебошад. Ӯ 25- феврали соли 1958 дар яке аз деҳаҳои зебоманзари соҳили руди Сурхоб, деҳаи Гулободи ноҳияи овозадори Восеъ ба дунё омадааст. Боду ҳавои форам, табиати нотакрори меҳан, нағмасароии булбулон, муҳити рӯҳнавози зодгоҳ ва волидони соҳибҳунар, ки модар бо шеърнависию падар бо хондани гӯруғулӣ дар деҳа машҳур буданд, меҳри ӯро ба фарҳангу санъат пайванди ногусастанӣ мебахшид.

   Ҳанӯз дар айёми наврасӣ, ки дар мактаби миёна мехонд бо эҳсоси баланд ва садои нарму рӯҳнавози бачагонааш дили омӯзгорону ҳамдеҳагонашро тасхир месохт. Аввалин баромади ӯ дар маҳфиле, ки бахшида ба гиромидошти  шоири халқӣ Карим Девона дар мактаби зодгоҳаш доир гардида буд ба синни 6- солагияш рост меояд. Ӯ дар ин маҳфил як ғазали  шоир Каримро дар жанри фалак сароида соҳиби ифтихорнома мегардад. Аз ҳамон вақт шавқу рағбаташ ба фалак зиёд гардида,  бо орзӯву ниятҳои накӯ оҳиста-оҳиста ба ин ҷода гомҳои устувор мегузорад ва ин ҷодаро  барои ҳамешагӣ пешаи худ мекунад.

   Малакаву истеъдоди ӯро дида, Муҳаммадсафар Муродовро баъди хатми мактаб ба дастаи ҳаваскорони санъати собиқ колхози Москва ҳозира ҷамоати деҳоти Абди Авазови ноҳияи Восеъ даъват мекунанд. Муҳаммадсафар дар он ҷо нозукиҳои санъати фалаксароӣ ва навохтани асбобҳои халқӣ ба монанди най, дутор, асбобҳои зарбии таблаку доира инчунин лабчангро аз бар мекунад.

   Фаъолияти корияшро ҳамчун ҳунарманд аз соли 1974 аз хонаи маданияти колхози Москва (ҳозира ҷамати Абди Авазов) шуруъ кардааст. Ӯ дар ин давра бо сурудани фалаки даштиву  роғӣ байни мардум шуҳрат пайдо мекунад ва  бо иштироки худ дар маҳфилу чорабиниҳои идона соҳиби сипосномаву ифтихорномаҳои зиёд мегардад.

   Баъди ташкили ансамбли «Чашма» дар  собиқ колхози ба номи Ленин (ҳозира ҷамати ба номи Мирали Маҳмадалиев)-и ноҳияи Восеъ соли 1975  ӯ ҳамчун сароянда фаъолият карда, дар ин давра сафарҳои зиёди ҳунарӣ ба дохил ва хириҷи кишвар мекунад. Аз ҷумла худи ҳамон сол таҳти роҳбари бадеии ансамбли «Чашма» Зариф Наҷмидинов ба кишвари Лаҳистон (Полша) сафари ҳунарӣ намуда, бо малакаи баланди фалаксароӣ  ҳунарнамоӣ мекунад ва бо нишон додани чунин истеъдоду ҳунари волои Муҳаммадсафар ва дигар ҳамроҳонаш ансамбли «Чашма» бо мукофоти кишвари Полша  соҳиби «Табарчаи тиллоӣ»  мегарданд.

   Баъди чунин ғолибият ва нуфузу эътибор дӯстдорони ҳунари Муҳаммадсафар Муродов меафзояд ва садои дутору овозаи фалакаш Хатлонзаминро фаро мегирад. Чунончи ҷойе барояш чунин мегӯянд:

Аё Сафар ба овозат  бигардам,

Ба тору нағаву созат бигардам.

   Муҳаммадсафар Муродов дар соли 1982 дар барномаҳои телевизионии «Бӯстон-1», «Бӯстон-2», «Наврӯз» ва ғайраҳо ширкат намуда, соҳиби ҷойҳои намоён ва мукофоту ҷоизаҳо мегардад. Дар барномаҳои «Бӯстон» ӯ бештар бо фалаки дашти  ва суруди «Лолкдара», баромад намудааст.

   Дар байни ин солҳо  Муҳаммадсафар Муродов бо ҳамроҳи Муҳарамма Шарипова дар филми ҳунарии «Ашк ва Шамшер»                           рубоиёти халқии «Ҳой эй беди баланд…ро месароянд ва ин суруд дар байни мардум шуҳрати зиёде пайдо мекунад.

   Дар солҳои соҳибистиқлолии Ватан Муҳаммадсафар Муродов фалаки тоҷикро ҳамчун нигини дурахшони ниёгон бо овози дилчаспу фарёди осмонгир дар баробари дигар фалаксароёни меҳан ба авҷи аъло расонидааст. Дар ин давра сафарҳои кории ӯ  бо ҳамроҳи ансамблҳои касбӣ ва ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ  ба қисме аз кишварҳои Собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, Рассия, ва Амрико  сурат гирифтааст.

   Соли 2008-ум  бахшида ба ҷашни 1150-солагии сардафтари адабиёти форсу тоҷик устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо як гурӯҳ аҳли ҳунар аз Тоҷикистон ба шаҳри Ню-Йорки Амрико сафар мекунанд ва дар ҷашни  бузурги Рӯдакихонӣ Муҳаммадсафар Муродов бо фалаки тоҷикона баромад мекунад, ки мисраҳои аввалини он суруд чунинанд:

   Эй ёр биёву хонаободам кун,

   Чун мисраи шеъри Рӯдакӣ ёдам кун.

   Имрӯз, зи баски охирин Суғдам ман,

    Пайванд ба даҳр насли аҷдодам кун…

   Ӯ ин мисраҳоро дар байни меҳмонону намояндагони як қатор кишварҳо, ки дар байни онҳо роҳбари кишвари мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ширкат дошт бе истифода аз баландгӯяк бо овози дилкаш ва рӯҳнавози фалакхонии даштӣ месарояд. Аҳли толор аз чунин шукуҳи санъати тоҷик ҳама аз ҷой бархоста, ба ифтихораш кафкӯбӣ мезананд ва аз санъату фарҳангии волои тоҷикон бори дигар бовари ҳосил мекунанд.

   Дар соли 2008-ум баҳри муариифии арзандаи санъату ҳунар ва фаҳанги волои тоҷикона Муҳаммадсаф  Муродов бо унвони «Сарояндаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Аълочии фарҳангиӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон» мушараф гардидааст. Муҳаммадсафар Муродов ҳоло дар қасри фарҳанги шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҳамчун сарояндаи халқӣ кору фаъолият дорад. Ӯ ҳар ҷо, ки сафар мекунад бо худ ду чиз мебарад: яке най ва дигаре дутор. Бигзор овози рӯҳнавози фалакаш то бар фалак ва садои найю дутораш ба дили ҳар яки мо то абад тор бизанад ва оҳи сардноки дар тӯли асрҳо дар дилҳои мардуми мо ҷамъшударо бо ғамҳо барораду оҳанги дилнавози истиқлолро бо фалаки шодмона бар дилҳои ҳар яки мо ҷой бигардонад.

НУСРАТУЛЛО ҲАСАНОВ, донишҷӯйи  курси 3 шуъбаи рӯзноманигори телевизиони ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода

Дар асоси КМРО  анҷом дода шудааст.

Омӯзгор- Б. Раҳимов