Бо иқдоми факултети  китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ дар ҳамкорӣ бо Китобхонаи илмии Муассисаи давлатии таълимии  «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ҳамоиши илмӣ бахшида ба таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид.  Дар ҳамоиши имрӯза Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин,  ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷуёни донишкада ширкат варзиданд.

  Ҳамоиши илмиро Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшид.

   Мавсуф зикр намуд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихӣ мебошанд, ки дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо карда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии давлати мустаъқили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намуданд. Дар ин давра дар партави сиёсати хирадмандонаю фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти таърихӣ миллати тоҷикро дар ҷаҳон дубора ҳамчун миллати фарҳангдӯст ва тамаддунофар шинохтанду эътироф карданд. Ба гуфтаи Пешвои миллат, “Мо имрӯз ифтихор дорем, ки тоҷикон аз ҷумлаи қадимтарин миллатҳои ҷаҳон буда, бо осори гаронбаҳои моддӣ ва маънавии худ барои пешрафти фарҳанг ва маънавиёти халқҳои дигар хизмати шоиста кардаанд. Ба ибораи дигар, тоҷикон маҳз аз файзу баракати ҳамин арзишҳову анъанаҳои аҷдодӣ тавонистаанд, ки ҳам ҳастии худро нигоҳ доранд ва ҳам дар минтақаи Осиё нақши тамаддунсозиро бозида, дар радифи қадимтарин миллатҳои дунё ҷой гиранд ва худро ба оламиён ҳамчун миллати фарҳангӣ муаррифӣ намоянд”.

  Таъкид ба амал омад, ки арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва расму оинҳои мардумӣ, инчунин баргузории солгарди бузургони илму адаб, сиёсат, маориф ва фарҳанги гузаштаву муосир, тарғибу ташвиқ, таҳқиқ ва таълими осору афкори онҳо ва ҳифзи мероси адабию фарҳангӣ ва таърихиву илмӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат, бешубҳа, аз сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат сарчашма мегиранд.

  Сипас, мудири кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ Сайфуллозода Бозор Сайфулло номзади илмҳои педагогӣ, профессор дар мавзуи «Ҷойгоҳи китобу китобдорӣ дар сиёсати Пешвои миллат» баромад намуда,  аз ҷумла иброз доштанд: «Дар давоми ду даҳсолаи охир нақш ва саҳми Пешвои миллат дар вусъати раванди табъу нашри адабиёти илмиву оммавӣ, бахусус, китобҳои дарсӣ, дастурҳо ва барномаҳои таълимию методӣ, рисолаҳои илмии олимон, адибони классику муосири тоҷик, тарҷумаи осори пурқимати шахсиятҳои шинохтаи илму фарҳанги ҷаҳон, дастраси хонандагони тоҷик гардонидани онҳо, таъсиси китобхонаҳои электронӣ, истифодаи самарабахши китобҳои аудиоӣ ва электронӣ ниҳоят бузургу беназир ва қобили ситоиш мебошад». Ба андешаи Бозор Сайфуллозода «Тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар соҳаи китобдорӣ лаҳзае аз мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дур намонда, пайваста дар ҳолати рушд қарор дорад. Тайи ин солҳо Пешвои муаззами миллат дар баробари эъмору рушди иқтисоди миллӣ ба масъалаи китобу китобдорӣ ва  ҷалби ҳарчи бештари аҳолӣ ба китобхонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, китобу китобхониро роҳи ягонаи аз ҷаҳолат раҳонидани шаҳрвандони кишвар арзёбӣ карданд. Номбурда маърузаи хешро бо суханони зерини Пешвои миллат: «Китобхонӣ роҳи асосии баланд бардоштани сатҳи маърифат аст» ҷамъбаст намуда, ҳозиринро ба таҳқиқи ҳамаҷонибаи нақши Президенти мамлакат дар рушду нумуи соҳаи китобдорӣ даъват намуд.

  Дотсент Маҳмудов Гадобег зимни ироаи маърӯзаи илмӣ зикр намуд, ки Сарвари давлат, ки фарҳангро  ҳастии миллат  номидаанд,  аз  рӯзҳои нахустини  давлатдорӣ   ба  фарҳанг   такя  мекарданд  ва  имрӯз  низ         барои рушди  фарҳангии миллӣ ва  муаррифии шоистаи он  дар арсаи  байналмилалӣ  пайваста саъю талош менамоянд.

  Шарифова Дилрабо магистри соли дувуми факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ зимни ироаи маърӯзаи илмӣ зикр намуд, ки имрӯз таъмини рушди устувори Тоҷикистон бар дӯши ҷавонон вогузор шуда, бартараф намудани монеаҳо дар ин самт аз ақлу хиради  онҳо вобаста аст. Насли ҷавони  кишвар бояд пайваста кӯшиш ба харҷ диҳад, ки барои худшиносӣ, худогоҳӣ, ватанпарастӣ, пойдории миллату фарҳанг, эҳтироми муқаддасоти миллии худ саҳми бозасо гузошта тавонад. Боиси хушбахтист, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба бузургдошти фарҳанги миллӣ, эҳтироми арзишҳои ниёгон, алалхусус забони давлатӣ сиёсати дурусту оқилона ба роҳ монда шудааст.

  Мо ҷавонони хушбахту саодатманд-пайравони асилу ҳамешагии Пешвои муаззами миллат барои ҳифзи якпорчагӣ ва таҳкиму пойдории Истиқлолияти давлатӣ,  ободиву озодии ин сарзамини зархез, ки номаш Тоҷикистон аст,  бояд аз сидқи дил, бо тамоми ҳастиву тавоноӣ саъю талош варзем.

  Холиқова Саида донишҷӯи курси сеюми факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ  зимни баррасии мавзуи «Пешвои миллат ва рушди соҳаи китобдорӣ» иброз намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳаи китобдориро яке аз самтҳои асосии сиёсати фарҳангии хеш қарор дода,  дар ин самт корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ  дар мамлакат як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатии рушди соҳаи фарҳанг қабул шуданд, ки дар пешрафти соҳаи китобу китобдорӣ нақши муҳим бозиданд. Бахусус, саъю  талошҳои пайгиронаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти китобдорӣ ва раванди мутолиаи китоб дар ҷомеа такони ҷиддӣ бахшиданд.

  Саодати Сайвалӣ донишҷӯи соли дувуми факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ бахшида ба Пешвои муаззами миллат шеъри Мирзо Файзлалиро бо унвони  «Ба Пешвои миллат» ба ҳозирин қироат намуд.

  Декани факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Зафари Шариф  перомуни мавзуъҳои матраҳшаванда андешаҳояшро баён намуда, иброз дошт, ки таҷрибаи арзишманду беназири муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои маҳбуби тоҷикон ва Президенти сулҳофар дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва пойдории истиқлолу ваҳдати миллӣ барои мо мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ мебошад, ки натиҷаи ин ҳама ҳадафҳои бузург фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи наслҳои имрӯзу ояндаи миллат аст.

  Аз ин рӯ, мардуми хирадманду сарбаланди тоҷикро зарур аст, ки дар роҳи таҳкими ниҳоди президентӣ иқдомҳои фароху фаротар гузошта, бо гузаштаи худ ифтихор намояд, аз самими қалб ҷонибдори сиёсати ин марди хирад бошанд ва дар таҳкими истиқлолияти давлату миллати азизамон пайваста кӯшишу талошҳои пайгиронаву созандаро амалӣ созанд.

  Дар охир, оид ба натиҷаҳои ҳамоиши илмӣ миёни иштирокчиён табодули афкори судманд сурат гирифта аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ба чанд омӯзгорон ва донишҷӯён ба ифтихори «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» сипоснома дақдим гардид.

Зафари ШАРИФ,
декани факултети китобдорӣ

ва иттилоотшиносии МДТ
«ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»