22 — юми сентябри соли равон  дар толори “Арғунун” — и МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бо ибтикори кафедраи филология ҳамоиши бузургдошти устод Рудакӣ ва барномаи фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ баргузор гардид.

Маҳфилро бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла таъкид кард, ки дар таърихи пурифтихори миллати соҳибтамаддун ва куҳанбунёди мо агар Исмоили Сомонӣ бо бунёди аркони давлатдории миллӣ, гиромӣ доштани фарҳангу арзишҳои маънавии ниёгон ва ба сатҳи давлатӣ бардоштани забони тоҷикӣ хизматҳои шоён карда бошад, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо осори гаронбаҳо, сухани равону шево ва дурдонаҳои нодири ашъораш ба адабиёти тоҷику форс асос гузошт. Устод Рӯдакӣ  на танҳо ба унвони поягузори шеъри форсии тоҷикӣ, балки ба сифати мубаллиғи фарҳанги миллӣ дар қаламрави тамаддуни ориёӣ ҷойгоҳи махсус дорад.

Зикр гардид, ки устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар адабиёти форсии тоҷикӣ мақом ва ҷойгоҳи вижа дорад. Ҳанӯз аз замони зиндагиаш миёни ҳамасрон чун қофиласолори шеъри форсӣ эътироф гардидааст.  Устод Рӯдакӣ ҳамчун тараннумгари накукорию адолат, дӯстию рафоқат, сулҳу субот ва муҳаббати миёни одамон шуҳрат ёфта, бо унвонҳои волои Одамушшуаро, Султони мулки сухан, Соҳибқирони шоирон, Сардафтари шеъри ноби тоҷику форс ёд мешавад. Устод дар асрҳои минбаъда аз ҷониби тазкиранависону адибон бо беш аз 50 унвони ифтихорӣ ёд шудаву бо сифатҳои зиёде васф шудааст.

Муҳриддин Низомӣ зикр сохт, ки шеъру адабиёти асил ва сарчашмаҳои маънавӣ бо марзҳои замонию маконӣ маҳдуд нестанд ва шеър бояд чунон офарида шавад, ки дили хонанда ва шунавандаро тасхир созад ва зиндагии ҷовидона пайдо намояд. Аз ин лиҳоз, донишмандон, пажӯҳишгарон ва соҳибназарон шеъри Рӯдакиро ҳамчун намунаи олии бадеияту назокати шеъргӯӣ ва ҳунари суханварӣ эътироф кардаанд.

Ректори донишкада дар интиҳои суханронӣ аз донишмандони  ватанию хориҷӣ, назири Садриддин Айнӣ, Саид Нафисӣ, Шиблии Нӯъмонӣ, Абдулғанӣ Мирзоев, Шарифҷон Ҳусейнзода, Аълохон Афсаҳзод ва дигарон ёдовар шуд, ки дар омӯзиши зиндагиву осори Рӯдакӣ ва дастраси мардуми олам гардонидани осору андешаҳои арзишманди ӯ заҳмат кашидаанд.

Баъдан, гардонандаи маҳфил, муовини ректор оид ба илм ва рушди инноватсионӣ Алишер Авғонов андеша ва назари худро оид ба осор ва ҷойгоҳи устод Рӯдакӣ ироа намуда, суханро ба устоди кафедраи филология А. Ғоибӣ дод. Мавсуф дар мавзӯи “Устод Рӯдакӣ — шоири миллӣ” маърӯза намуда, иброз дошт, ки устод Рӯдакӣ яке аз шоҳсутунҳои пойдории коҳи ҳастии миллат аст, ки фарҳанги маънавии онро  дар либоси нав (аз паҳлавӣ ба дарӣ — тоҷикӣ) пешкаши ҳамзамонон ва пасояндагон гардондааст. Адабиётшинос Н. Нурзода бошад, мавзӯи “Устод Рӯдакӣ — поягузори шеъри ҳикматӣ”- ро мавриди баррасӣ қарор дод. Гузоришгарон оид ба шинохти чеҳраи миллӣ ва фалсафию ҳунарии устод Рӯдакӣ, мақому ҷойгоҳи ӯ дар қаламрави адабиёту фарҳанги форсии тоҷикӣ, мазомини ҳикматию фалсафии ашъори шоир, таъсири шеъри Рӯдакӣ ба адабиёти баъдӣ ва андешаҳои адабию фалсафии соҳибқирони шоирон мулоҳизаҳои ҷолиб баён намуданд. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки устод Рӯдакӣ қофиласолори шеъри ҳикматӣ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик аст ва шинохту таблиғи мероси ӯ рисолати фарҳангиёну ҳунарварони имрӯзист.

Дар маҳфили Рӯзи Рӯдакӣ котиби Шӯрои олимони донишкада Синои Абӯалӣ шеъри тозаэҷоди худро бо номи “Остони хонаи ман остони Рӯдакист”қироат намуд:

Остони хонаи ман, остони Рӯдакист,

Ҳар чӣ дорам дар бисоти хеш, они Рӯдакист.

Ташнагиям бишканад аз маънии ашъори ӯ,

Зарфишони пушти боғам, Зарфишони Рӯдакист.

Рӯдакӣ аз Тоҷикистон асту тоҷикзода аст,

Хонаи ҳар тоҷики дунё  макони Рӯдакист.

Қасри шони Миллатамро бо сухан бунёд кард,

Кишварам озода аз файзи равони  Рӯдакист.

Шоирон истораҳои осмони нанги мо,

Осмон бошад, азизон, осмони Рӯдакист.

Дар ғазал ишқ асту армону ҳавас, эй гулпараст,

Ҳар ғазал пайки саодат аз ҷаҳони Рӯдакист.

Кӯрзавқон кай тавонанд аз ҳасад гарданд дур,

Пояи фарҳанги дунё аз баёни Рӯдакист.

Бар сари номи забони ман чӣ суд аз баҳсҳо,

Чун забони ширадори ман, забони  Рӯдакист.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз тарафи устодону донишҷӯён барномаи ҷолиби консертӣ аз эҷодиёти устод Рӯдакӣ ва шеърҳои дар васфи ӯ сароидаи шоирони тоҷик, аз қабили “Бӯйи ҶӯйиМулиён”, “Бе рӯи ту”, “Уфари насри сегоҳ”, “Бихандад лола бар саҳро”, “Зулфи парешон”, “Рӯдакӣ султону сарвар” ва “Ушшоқи Рӯдакӣ” пешкаши иштирокдорони  маҳфил гардонда шуд.

Муаллифи сенарияи барномаи ҳунарӣ Арбоби ҳунари Тоҷикистон, раиси Шӯрои бадеии донишкада Сафаралӣ Қурбонов буда, роҳбарии бадеии барномаро номзади илмҳои педагогӣ Баҳрулло Хайруллозода ва роҳбарии мусиқиро Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодмон Муҳиддинов ба зимма доштанд.

Додоҷон РӮЗИЕВ