Бо ташаббуси роҳбарияти донишка ва садорати факултаи мусиқӣ-омӯзгорӣ 11 декабри соли равон дар Толори таълимии донишкада бо волидони донишҷӯён вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар он муовини ректор оид ба таълим Фарҳод Мирахмедов, ноиби ректор оид ба корҳои тарбия ва иҷтимоӣ Дилором Сангинова, ноиби ректор оид ба корҳои эҷодӣ Баҳрулло Нарзуллоев, масъули қисми тарбияи донишкада Қобилҷон Саидов, раиси созмони ҷавонон Кароматулло Юсупов, маъмури хобгоҳи донишҷӯён Абдулҳаким Мисралиев ва садорати факулта иштирок ва суханронӣ намуданд.

Муовини ректор оид ба таълим Фарҳод Мирахмедов волидони донишҷӯёнро ба донишкада хайрамақдам гуфта, зимнан иброз дошт, ки донишҷӯёни факултаи мусиқӣ-омӯзгорӣ, ки дар оянда баъди хатми донишкада муаллим шуда, ба тарбияи насли наврас машғул мешаванд, бояд бо баҳои хубу аъло таҳсил намоянд. Дар баробари ин, бояд ватандӯст бошанд, ба муқаддасоти миллӣ арҷ гузоранд, эҳтироми устодон ва ҳамсабақонро ба ҷо биёранд, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзанд, хулоса намунаи ибрати дигарон бошанд.

Муовини ректор зимни суҳбат доир ба мавзӯи давомоти донишҷӯён ба дарс, риояи низомномаи сарулибоси расмӣ, одобу ахлоқ ибрози назар намуда, ба волидони донишҷӯёни фаъол миннатдорӣ баён кард.

Дилором Сангинова, муовини ректор оид ба корҳои тарбия ва иҷтимоӣ, иброз дошт, ки дар донишкада перомуни мавзӯъҳои тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани духтарон, ташвиқи либосҳои бегона, ҳисси бегонапарастӣ, рафтору гуфторе, ки ба фарҳанги миллии мо таъсири манфӣ мерасонанд, мунтазам суҳбату вохӯриҳо гузаронда мешаванд. Гуфта шуд, ки ҳар ҳафта соатҳои тарбиявӣ тибқи нақша дар ҷадвали дарсӣ гузошта шуда, раванди баргузории соатҳои тарбиявӣ аз тарафи қисми тарбияи донишкада мунтазам назорат карда мешавад.

Ноиби ректор оид ба корҳои эҷодӣ Баҳрулло Нарзуллоев оид ба сатҳу сифати иҷрокунандагии донишҷӯён баромад намуда, қайд намуд, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати сарояндагӣ ва навозандагии донишҷӯёни факултаи мусиқӣ-омӯзгорӣ саҳми омӯзгорон ва волидон бояд назарас бошад. Аз волидони донишҷӯён даъват ба амал овард, ки ҳамкориро бо садорати факулта вусъат бахшида, барои дар оянда мутахассиси хуби соҳаи санъати мусиқӣ шудани фарзандонашон мусоидат намоянд.

Декани факулта зимни суҳбат бо волидони донишҷӯён дар бораи давомот ва сатҳу сифати таълими фарзандонашон маълумоти муфассал дод.

Дар фароварди ҷаласа волидони донишҷӯён ба роҳбарияти донишкада барои баргузор намудани чунин вохӯрии судманд арзи сипос намуда, ба пурсишҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

     

Муслиҳиддин Шарофидинзод,

декани факултаи мусиқӣ-омӯзгорӣ