17 — уми сентябри соли 2021 дар донишкада бо мақсади рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани сатҳи баргузории чорабиниҳои илмӣ бо иштироки муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии Донишкадаи давлатии фарҳанги Олтойи Федератсияи Россия, доктори илмҳои таърих, профессор Е. А. Полякова семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории семинари мазкур таҳия ва ба нашр расонидани мақолаҳои илмӣ дар заминаи талаботи маҷаллаҳои илмӣ ва тақризшавандаи хориҷӣ буд. Дар семинар Е. А. Полякова тариқи презентатсия баромад намуда, нуктаҳои муҳим ва тарзи дурусти таҳияи мақолаҳои илмиро тибқи талаботи маҷмўаҳои илмӣ, маҷаллаҳои илмӣ ва илмии тақризшаванда фаҳмонд. Дар рафти презентатсия ҳаҷми мақолаҳои илмӣ, андозаи байни сатрҳо, андозаи ҳошияҳои саҳифа, дар кадом қисмат ҷойгир шудани маълумот дар бораи муаллиф бо ду забон, фишурдаи мақола бо ду забон ва аз чанд сатр иборат будани он, инчунин аз чанд калима иборат будани калидвожаҳо ва ғайра) намоиш дода шуд.

Дар чорабинӣ магистрон, докторантон аз рўи ихтисоси (PhD), унвонҷӯён ва устодон ширкат варзида, ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Пас аз анҷоми семинари омўзишӣ дар толори “Арғунун”- и донишкада барои меҳмонон барномаи вижаи консертӣ дар таҳияи устодону донишҷўёни донишкада намоиш дода шуд.

Меҳриддин ХОЛОВ,

мутахассиси пешбари

Раёсати робитаҳои байналмилалӣ