Санаи 14 марти соли 2022 дар доираи ҳамкориҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мақсади рушди ҳамкориҳои байналмилалии илмиву таълимӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ду кишвари дӯсту ҳамфарҳанг Форуми ректорон таҳти унвони “Робитаҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия ҳамчун омили рушди иқтисоди миллӣ” баргузор гардид.         Дар форуми мазкур ректорони 18 донишгоҳу донишкадаҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо роҳбарии вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат намуданд. Қисмати ифтитоҳии форум бо сухаронии Саидзода Раҳим Ҳамро – вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Абдураҳмонов Иброҳим Юлчиевич — вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз гардида, баъдан қисми пленарии он бо ироаи маърӯзаҳои роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳарду кишвар идома ёфт.

    Пас аз анҷоми қисмати пленарии форум баимзорасонии созишномаҳои ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар ин қисмат миёни  ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”  — профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ва ректори Донишгоҳи давлатии Бухоро – профессор Ҳамидов Обидҷон Ҳафизович бо мақсади рушди ҳамкориҳои таълимиву илмӣ ва эҷодӣ дар оянда созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.       Кори форум пас аз нисфирӯзӣ дар бахшҳо идома ёфта, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳарду кишвар оид ба масъалаҳои марбут ба раванди таълим ва роҳҳои ҳалли онҳо маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Сардори раёсати робитаҳои байналмилалии

 ДДФСТ ба номи М. Турсунзода

Меҳриддин Холов