Хайриддин Усмонзода, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, дар нишасти матбуобӣ зикр кард, ки робитаҳо бо муассисаҳои таълимии мамолики хориҷӣ беш аз пеш густариш меёбанд. Донишкада алҳол бо муассисаҳои  олии таълимии Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Беларус, Украина, Озорбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидаст.

   Тавре гуфтфта шуд, биржа муносибатҳо бо Ӯзбекистон  ривоҷи бештар касб менамоянд. Айни замон дар ин муассисаи таълимӣ 16 шаҳрванди кишвари хориҷи таҳсил менамояд ва соли хониш боз 23 нафари дигар хоҳиши дохил шудан ба донишкадаро доранд.

   Ҳамчунин, зикр шуд, ки бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 3 апрели соли соли равон, маҷаллаи илмии ‹‹Фарҳанг ва Санъат›› ба феҳристи маҷаллаҳои тақризшавандаи кишвар ворид гардид.

Лола РИЗОӢ