ДУШАНБЕ, 23.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи шартномае, ки миёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ва Донишгоҳи санъат ва илми Ланчоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин ба тавсиб расидааст, бояд аз оғози соли хониш- моҳи сентябри имсол 10 нафар донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва саньат  дар Донишгоҳи саньат ва илми Ланчоуи Чин ва 10 нафар донишҷӯёни ин донишгоҳ дар Донишкадаи мо ба таҳсил фаро гирифта шаванд.

Ии нуктаро имрӯз дар Душанбе зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва саньати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Хайриддин Усмон ба хабарнигорон иброз намуда, гуфт, ки «пас аз хуб гардидани муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии бародарии Ӯзбекистон дар соли  таҳсили 2018-2019 16 нафар довталаб ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва саньат дохил шуданд. Имсол низ шумораи довталабон аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон зиёд шуда, айни замон 23 нафар хоҳиши ба донишкада дохил шудан доранд».

Хайриддин Усмон дар мавриди ҳамкорӣ бо кишварҳои  хориҷӣ иброз дошт,  ки ҳоло донишкада бо 26 донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Беларус, Украина, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар доираи ин шартномаҳо ҳамкории  илмӣ, таълимӣ ва эҷодӣ ба роҳ мондааст.

«Дар шашмоҳаи аввали соли равон ҳайати профессорону устодон ва кормандони Донишкада фаьолияти гуногунҷанбаи худро ба татбики сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда, дар амалӣ гардонидани нишондодҳои «Барномаи тайёр  кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр барои солҳои 2018- 2021» ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд»,- гуфт Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки соли равон  донишкадаро 399 нафар хатм намуда, 26 нафар соҳиби дипломи сурх гардиданд.